Дастуру супоришҳои ҳои Пешвои миллат - ҳидоят баҳри рушди илму маориф

(Бардоштҳо аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму маорифи кишвар. -Душанбе, 30-05-2024).

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 30-юми майи соли ҷорӣ бо намояндагони илму маорифи кишвар вохӯрии судманд анҷом дода, мубрамтарин масоили марбут ба соҳаро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд. Зимни вохӯрӣ Пешвои муаззами миллат нахуст аз рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ёдовар гардида, таъкид намуд, ки бузургтарин дастоварде, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ба он дастрасӣ пайдо намуд, ин хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад.

Ҳадафи асосии вохӯрии Сарвари давлат баррасии натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли зиё, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар мебошад.

Воқеан, ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ барои мардуми тоҷик даврони сахту сангини таърихӣ буд. Дар ин давра, аниқтараш дар фосилаи солҳои 1991 - 1997, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга дошта, дастовардҳои мардуми тоҷик, ки дар тули 70 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ ба даст омада буданд, ба коми он фурӯ мерафтанд. Хушбахтона, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин вазъи харобиовар дер давом накарда, санаи 27 июни соли 1997 ҷанги шаҳрвандӣ хотима ёфт.

Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид бар он намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.

Бо назардошти ин вижагии илм Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади хеш аз мавқеъгирии сиёсати худ нисбат ба соҳаи илму маориф ёдовар гардида, чунин таъкид доштанд: “Агар соли 1992 ба соҳаи илм ҳамагӣ 58 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида бошад, дар соли 2023 ба ин соҳа 180 миллион сомонӣ ҷудо гардида, дар буҷети соли 2024 зиёда аз 225 миллион сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.

Мо ба масъалаи маориф ва илм таваҷчуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд кардем. То замони истиқлол дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 65 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошт. Ҳоло ин рақам ба 47 ва шумораи донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст. Яъне ҳам шумораи мактабҳои олӣ ва ҳам шумораи донишҷӯёни онҳо қариб чор баробар афзудааст.”

Пешвои муаззами миллат дар ин замина иброз намуданд, ки “ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ беш аз 12 ҳазор нафар омӯзгор фаъолият менамояд, ки зиёда аз 5 ҳазору 500 нафар, яъне қариб 45 фоизи онҳо дорои дараҷаҳои илмӣ мебошанд”.

Мо агар ҳолатии кунунии соҳаи маорифро нисбат ба солҳои пеш мавриди қиёс қарор диҳем, бе шакку шубҳа метавон гуфт, ки соҳаи маорифи кишвар дар солҳои истиқлолият аз ҷиҳати таъминоти моддӣ - техникӣ хеле пеш рафтааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки олимони кишвар дар таҳияи хуҷҷати муҳимми давлатӣ - Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 саҳми арзишманд гузоштанд ва онҳо минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи кишвар, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки таъсиси пажӯҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Маркази мероси хаттӣ, Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нав, Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ ва Маркази омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон аз қабили дастовардҳои муҳими ҳамин давра мебошанд.

Дар ҷараёни мулоқот Пешвои муаззами муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳдошти сифати таълим дар муассисаҳои олӣ ва миёна, ба замони муосир мутобиқ сохтани соҳаи таълим ва дигар омилҳои пешбарандаи ҷомеа ба шахсони масъул ва сохторҳои марбута дастурҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин зарур шумурда шуд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати китобҳои дарсӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Ин нуктаҳоро Пешвои муаззами миллат ёдовар гардида, чунин иброз доштанд: “Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон вусъати бесобиқа пайдо карда, миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин муаррифӣ гардад”.

Беҳбуди вазъи иҷтимоии устодону кормандони муассисаҳои илмӣ самти дигари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бевосита зери назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Агар мо ба ҳисоботҳои оморӣ назар андозем, ба хубӣ равшан мегардад, ки ҳамасола музди маоши кормандони илмӣ вобаста ба имкониятҳои буҷетӣ баланд бардошта мешавад. Президенти кишвар дар суханронии худ аз ҷумла қайд намуданд: “....маблағгузории соҳаи илм танҳо дар соли 2024 - ум ба 225 миллион сомонӣ расонида шуд, ки назар ба соли 2023 - юм 45 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз моҳи июл дар баробари дигар соҳаҳо маоши кормандони илм боз 40 фоизи дигар зиёд карда мешавад”.

Яке аз соҳаҳои мубраме, ки дар он ҷавонон сарбаландона ифои вазифа доранд, ин соҳаи илму маориф мебошад. Агар аз як ҷониб ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба омӯзишу азхудкунии дониш машғул бошанд, аз ҷониби дигар ҷавонон ба таҳқиқу тадрис машғуланд. Президенти кишвар аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омаданашон неруи бузурги ҷавононро ба инобат гирифта, онҳоро ояндаи давлату миллати тоҷик муаррифӣ намуданд. Ба олимону муҳаққиқони соҳибунвону таҷрибадор дастур дода шуд, ки дар омодасозии кадрҳои ҷавон бетарафӣ накарда, ёрии ҳамаҷонибаи худро расонанд.

Дар ин росто, мақом ва нақши калонсолон дар тарбия ва таълими насли ҷавон хеле таъсиргузор аст. Маҳз насли калонсолу донишманд аст, ки ҷавонон дар руҳияи инсонгароӣ, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ тарбия меёбанд. Бояд ҳар як фарди тоҷик суханони Пешвои муаззами миллатро шиори рӯзгори худ намуда, дар роҳи тарбияи насли донишманду соҳибфарҳанг нақши бориз гузорад.

Дар идомаи суханронии худ Президенти маҳбуби кишвар фаъолияти КОА ва фаъолияти шуроҳои дифоъ, фаъолияти паркҳои технологӣ, таъсиси синфхонаҳои озмоишӣ, таъмини синфхонаҳои таълимиро бо мизу курсиҳои наву замонавӣ ва ғайраро баррасӣ намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз вазъи кунунии ҷаҳон ҷиҳати ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар - дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, таърих, суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавонро вазифаи муҳимтарини аҳли ҷомеа донистанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бовари комил изҳор доштанд, ки олимони мо чун ҳамеша рисолати худро дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандорӣ иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон - Тоҷикистон саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки олимону донишмандон ва омӯзгорону зиёиёни фаъол - бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва мавқеи созандаашон дар рушду пешрафти давлат саҳми бештар мегузоранд ва минбаъд низ рисолати азалии ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоянд.

Дар фарҷоми мулоқот байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва гурӯҳи олимону донишмандони кишвар пурсишу посухҳои судманд сурат гирифт. Дар ҷараёни онҳо оид ба дастгириҳои давлатии рушди илм, қабули қонунҳо, барномаву стратегияҳо ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат баҳри беҳдошти шароити кору зиндагии аҳли илму маорифи кишвар андешаронӣ намуданд.

Бо камоли боварӣ ва итминони комил метавон гуфт, ки суханрониҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон боз як ғамхории падарона ва ватандӯстонаи Сарвари маҳбуби давлат нисбати аҳли илм ва маорифи кишвар буда, мо зиёиёнро вазифадор месозад, ки баҳри ояндаи дурахшони кишвари азизамон Тоҷикистон бо неруи қавӣ, дасту дили гарм ва нияти пок ҷаҳду талош намоем, дар рушду ободӣ ва пешрафти ин мамлакати гулгулшукуфон ва дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи маорифи кишвар саҳми арзандаи худро гузорем.

Убайдуллоев А.Т., сармуаллими кафедраи педагогикаи умумии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ