​Сухане дар либос мегӯям

Дар асри нуҳуми ҳиҷрӣ баробар ба асри понздаҳуми мелодӣ дар адабиёти форсу тоҷик шоире ба зуҳур омад, ки дар бораи либосҳои замони худ, матоъ ва пӯшок шеър суруд, аз ӯ қасидаҳо, ғазалҳо, рубоию қитъаҳо, фардҳо боқӣ мондаанд, ки фарҳанги мардумии форсу тоҷикро перомуни либос инъикос кардаанд. Ба ғайр аз назм аз ин шоир дар наср ҳам қаламфарсоӣ кардааст ва, бо номи «Сад ваъз» рисолае дорад. Ин шоир, ки дар тазкираҳо аз ӯ гоҳе ёд ҳам нашудааст, Низомуддин Маҳмуд ибни Амир Аҳмад Қории Яздӣ аст, ки аз ӯ «Девони албиса» мерос мондааст. Девонашро вай дар пайравӣ ба Абӯисҳоқи Атъима таълиф кардааст. Агар Абӯисҳоқ ба таъомҳо илтифот карда, васфу ситоиши ғизоҳоро карда бошад, дар маркази таваҷҷуҳи Низом Қорӣ либосҳо қарор доранд. Ба гумони мо барои таълифи асарҳояш ба Низом Қорӣ муҳити шаҳри Язд созгор будааст, ки ин шаҳри бостонӣ ба мисоли шаҳрҳои Хуҷанд, Бухоро ва Самарқанд маркази ресандагӣ, бофандагӣ ва дӯзандагӣ буд.

Дар ин мақола мо на ба ашъор, балки ба рисолаи «Сад ваъз»-и ӯ назар меафканем.Ин рисола фарогири сад панду насиҳат доир ба либос аст. Насиҳатҳояш воқеӣ, барои рӯзгор судманд мебошанд ва онро метавонем, ки яке аз сарчашмаҳои фарҳанги либоспӯшии тоҷикон номед. Дар оғоз шоир чунин фармуда:

Сухане дар либос мегӯям,

Ҷома-тон аз гуноҳ мешӯям.

Дар рӯзгори мо, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ғамхорӣ ва дилсӯзӣ нисбати роҳ надодан ба паҳншавии фарҳанги бегонаи либоспӯшӣ ҳарф заданд, гумон мекунам, ки насиҳатҳои Низом Қорӣ то андозае ба даъватҳои Сарвари давлат мувофиқанд.

Дар замони Низом Қорӣ дар байни мардон тақлидкорӣ ба тарзи роҳравӣ ва либоспӯшии туркон ҷой доштааст. Мутаассифона, дар замони мо баракси ин ҳол шудааст, занон ба либоспӯшии туркӣ ва арабӣ тақлид мекунанд. Низом Қорӣ дар бораи тоҷикмардони тақлидкори замонаш чунин насиҳат карда буд: «Ҳар он мардаки тоҷик, ки хоҳад ки мардумон ба ӯ ханданд ва ба танз суханон бар буруташ банданд, ба шиори туркон ба роҳ равад».

Маълум мешавад, ки дар он замон мардуми хештаншинос ва миллатдӯст ин масъаларо ба хубӣ дарк карда будаанд. Дар ин панд муроҷиат ба мардаки тоҷик шудааст, ки агар хоҳед, ки хандахариш ва зери борони танз монед, шева ва тарзи роҳравии турконро гиред.

Дар панди дигар чунин мегӯяд: «Либос муносиби ҳоли худ пӯшед». Ба назар суханони муқаррарӣ метобад, аммо муҳимму ҷиддӣ аст. Агар шароит барои либоси гаронбаҳо надошта бошӣ, мутобиқи ҳоли худ либос бипӯш.

Дар рӯзгори мо дар байни мардум чунин андеша ҳам паҳн гаштааст, ки он чизеро, ки мехӯрӣ касе намебинад, он чизеро, ки мепӯшӣ ҳама мебинанд. Пойбанди чунин андеша гашта, нафароне ҳам ҳастанд, ки дар истеъмоли ғизо сарфаю дар хариди пӯшок харҷи зиёд мекунанд, ки албатта ба саломатӣ ҳам зарар дорад. Баъзан нодорон ба либосҳои гаронбаҳои дороён ҳасад мебаранд ва ё ҳавас мекунанд. Дар ин хусус Қорӣ Низом гуфтааст: «Ба хилъатҳоибеназир ва малбусоти ҳарири муҳташамон ҳасад мабаред.

Дарвеш туро ҷо зи бари атласи чарх аст,

Хуш бош, агарчанд гаҳе зери палосӣ».

Дар байт ишора ба атласи чарх гаштааст, ки дарвешро осмони рангоранг мисли атласу рангинкамон болои сар аст ва ба ин хуш будан лозим аст. Мутаассифона, наврасон ва гоҳо духтаракон ба ҳамсинфону шарикдарсон ва ҳамсояҳо таассуб карда, волидонро водор ба харидани либосҳои фохираи гаронарзиш мекунанд, ки ин ҳолат ислоҳ гардад, хубтар аст.

Дар гузашта маълум аст, ки занон либос ва ҷомаҳоро дар сандуқҳо нигаҳдорӣ мекарданд. Низом Қорӣ мардоне, ки либоси занонро ба бозор ба фурӯш мебарад, яъне бидуни розигии зан, худаш бояд чодари занона ба бар кунад. «Ҷомаи хотун аз сандуқ мабаред, ки бифурӯшед, в-арна чодари занон бипӯшед».

Дар панди дигар, ки ба мардон нигаронида шудааст, мегӯяд: «Занонро ба рахт харидан ва фурӯхтан бамазод магзоред». Рахт, яъне ҷомаву либос, мазод – зиёд, гарон маъно дорад. Нагузоред, ки занон либосро бо нархи гарон фурӯшанд ва ё харанд. Дар ин маврид, мардон ҳам масъулият доштаанд, ки занон либосҳои гаронбаҳоро нахаранд. Дар мо бошад, бараксашро мебинем. Шавҳари бечора дар муҳоҷират мардикорӣ мекунад, чор танга мефиристонад, ҳамсараш ба пули ба душворӣ бадастоварда либосҳои гаронбаҳо пӯшида намоишкорона худро ҷилва дода мегардад. Чунки вай мехоҳад, ки «дороияш»-ро намоиш диҳад.

Дар одоби низомӣ мафҳуми «шарафи либоси ҳарбӣ» амал мекунад. Касе ки низомӣ аст, шарафи либосашро бояд бо неккирдорӣ, мардонагӣ, садоқатмандӣ ҳифз кунад. Либоси низомӣ ба бар кардан шараф аст ва он либос набояд, ки сабаби бо такаббур рафтор кардан бошад. Низом Қорӣ ба ин масъала ҳам дахл кардааст: «Ба ҷомаҳои мукаллаф ба такаббур роҳ маравед». Дар ин ҷо калимаи мукаллаф маънои «вазифадор»-ро дорост. Пас, мутакаббирӣ, савлати сохта,ғурури маснуъ дар либоси вазифавӣ ҷоиз набудааст.

«Либосе бипӯшед, ки ҳама вақт тавонед пӯшидан» - ин насиҳати дигари Низом Қорӣ аст, ки пеш аз харидани ин ё он намуди либос онро ба инобат бояд гирифт.

Одамонро на бо либосашон, балки бо сираташон шинохтан зозим аст. Гоҳо чунин ҳам мешавад, ки дар шахси либоси мардона пӯшида мардиро намеёбед. Дар ин бора Низом Қорӣ навишта: «Либосро ба мардум бишносед, на мардумро ба либос.

Марде, ки ҳечҷома надорад ба иттифоқ,

Беҳтар зи ҷомае, ки дар ӯ ҳеч мард нест.

Чанд насиҳати дигари Қорӣ Низомро дар ин ҷо меорем:

Бараҳнагонро бипӯшонед.

Эътимод ба қумоши борик дар маҳалли торик макунед.

Дар азоҳо рахт пора макунед, ки нуқсони ҷома аст.

Рӯй дар қибла изор дар пой макунед.

Агар ҷомаи худ дӯст доред, дар дукони оҳангарон маншинед.

Гумон мекунам, ки агар матни пурраи рисолаи «Сад ваъз»-ро оммавӣ гардонем, нуран алонур мегашт ва донишҳоимардумамон дар бораи эстетикаи либоспӯшӣ ва фарҳанги либос ба маротиб боло меравад.

И.Раҳимов – номзади илмҳои филологӣ, устоди МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ