30-соли муваффақият ва дастовардҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

25-уми декабри соли 1991 Иттиҳоди Шўравӣ пош хӯрд, ва дар харитаи ҷаҳон 15 давлати нав пайдо гардид, ки дар миёни ин 15 давлати навтаъсис, кишвари мо Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз онҳо ба ҳисоб мерафт. Баъди дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он вақт, дар қаламрави кишвар вазъи нооромии ҳарбӣ–сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд. Тоҷикистони тозатаъсис 9-уми сентябри соли 1991 баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба таъсис ва барқарор намуданиҚувваҳои Мусаллаҳи худ оғоз намуд.

Барои ҳамагон маълум аст, ки дар ин давраи нобаробарӣ, носозгории иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар кишвар бунёдиягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне, Артиши миллии мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳифзи марзу бум ва амнияти кишвар зуҳур кард.

Санаи 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар дили кишвар шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Ҳукумати кишвар ҳанӯз аз оғоз бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣдар таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашудаи ин ниҳод эътибори хос дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуд.

Чуноне таърихи низоми ҳарбии кишвар нишон медиҳад то соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се навъи асосӣ, Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат буд.

Ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамзамон дар тобеияти Вазорати мудофиа қисму воҳидҳои низомии алоҳида низ фаъолият менамуданд. Аз ҷумлаи онҳо Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар идораҳои ҳарбӣ мебошанд, ки аксари онҳо аз солҳои аввали ташкилёбии Артиши миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, вобаста ба иҷрои вазифаҳои муҳими соҳаи ҳарбӣ корҳои зиёдеро амалӣ менамоянд.

Дар натиҷаи ислоҳоти низомӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон, ки аз рӯзҳои бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардида, он ҳанӯз идома дорад ва дар ин роҳ корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шуданд. Дар ин замина Сарситод ба Ситоди генералӣ табдил ёфт, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ муттаҳид гардонида шуд, дар замина Коллеҷи Олии низомӣ Донишкадаи ҳарбӣ таъсис ёфт, дар сохтори бисёре аз қисмҳои низомӣ дигаргуниҳои зиёд ворид карда шуд ва аз ҳама муҳим бо назардошти таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир навъи сеюми Қувваҳои мусаллаҳ, ё худ Қӯшунҳои зудамал дар ҳайати Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Қобили зикр аст, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори нофаҳмиҳои дохилӣ (1992-1997) ва пуршиддат гаштани вазъи минтақа ва ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона ва софдилона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо мекарданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба муносибати 29-солагии таъсиси Артиши миллӣ таъкид намуданд, ки дар даврони соҳибистиқололӣ барои ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар маҷмӯъ, 2226 иншооту биноҳо бунёд гардиданд, инчунин дар ин давра зиёда аз 3500 оилаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо манзили истиқоматии хизматӣ ва қитъаҳои замин барои сохтмони хона таъмин гардиданд, ки ин нишондиҳандаро он рӯз Сарвари давлат дар сатҳи пешбурди хизмати ҳарбӣ баланд ҳисобиданд.

Ҳамчунин дар баъзе навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар замони соҳибистиқлолии кишвар тағйирот ворид гардид, ки инро метавон дастовардҳои соҳаи ҳарбӣ номид.

Ба андешаи мо, мақсад аз ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, пеш аз ҳама, таъмин намудани амният ва бехатарии миллӣ, таъсис додани қувваҳо ва қисмҳои ҳарбии зудамал, афзоиш додани теъдоди умумии хизматчиёни ҳарбӣ ба шумор меравад.

Ҳамчунин дар ин маврид метавон густариши ҳамкориҳои ҳарбиву техникии Тоҷикистон бо давлатҳои гуногун ва созмонҳои минтақавию байналмиллалиро низ таъкид кард. Бо шарофати сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкориҳои «Шанхай» барономаи «Ҳамкорӣ баҳри Сулҳ» дар тӯли солҳои охир мустаҳкаму пурсамар гардид, ки аз нерӯи пурқудрати дорои ҷузъу томҳои замонавии кишвар дарак медиҳад.

Ҳамчунин зикр кардан ба маврид аст, ки соли 1999 аввалин машқҳои ҳарбии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар гарнизони Хатлон доир карда шуд. Ҳамин тариқ пайваста аз ҳамон солҳо тибқи нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ дар дохили кишвар маҷмӯи машқҳои муштараки зидди террористӣ, тамринҳои васеи амалиётӣ-тактикӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ бо ҷалби роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои мамлакат, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ дар ҳама гарнизонҳо ташкил ва гузаронида мешаванд.

Дар робита ба ин мавзӯъ метавон машқҳои зиддитеррористие, ки давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидаро номбар намуд.Ин машқҳои фармондеҳӣ-ситодӣ «Норак - зиддитеррор» санаҳои 17-19 апрели соли 2009 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Ҳамчунин дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ машқҳои муштараки ҳарбии зидди террористии «Мирная миссия - 2012» санаҳои 8 - 14 июни соли 2012 дар машқгоҳи «Чорух-Дайрон»-и вилояти Суғд бо иштироки қисмҳои низомии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар робита ба ин дар қаламрави кишвар дигар машқҳои муштараки ҳарбӣ дар солҳои гуногун ташкил ва гузаронида шуд, ки ҳадаф аз ин тақвият бахшидан ва табодули таҷрибаҳои низомӣ ба ҳисоб меравад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазифаи Артиши миллии кишвар аз зада гардонидани таҷовузи душман ва шикаст додани таҷовузкор, ҳифзи фазои ҳавоии давлат, муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлатӣ, ташкилу пешбурди мудофиавии ҳудудии давлат ва инчунин аз иштирок дар зада гардонидани таҷовузи мусаллаҳона ба давлати дигар ё иҷро намудани вазифаҳои сулҳоварона, ки аз ўҳдадориҳои байналмилалӣ бармеоянд, иборат мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангӣ ва ҳарбӣ, беҳтар сохтани шароити моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии низомиён ғамхории пайваста зоҳир менамояд.

Бо такя ба гуфтаҳои болоӣ бо боварӣ таъкид менамоям, ки айёми ташаккулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон се давраи масъулиятнокро дар бар мегирад. Сарбозону бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва таҳкиму тақвият додани он мубрамтарин масоиле буданд, ки ҳалли мусбии худро пайдо карда тавонист. Ҳамчунин бояд қайд намуд, ки Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меъмори таъсиси Артиши миллии тоҷикон мебошанд.

Дар баромадҳои худ Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид месозанд, ки «Ман боварӣ дорам, ки тамоми хизматчиёни ҳарбии мамлакат, аз генерал то сарбози қаторӣ вазифаи муқаддаси хешро дар бобати ҳифзи амнияти давлат ва сулҳу суббот дар кишвар, таъмини зиндагии осоиштаи мардум ва баланд бардоштани обрўю нуфузи байналхалқии Тоҷикистони соҳибистиқлол қувва, вақт ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани хеш чун фарзанди бонангу номус содиқона ва софдилона хизмат мекунанд».

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 16 июли соли 2021 бо маҳали будубоши хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва тайёрии ҷангии қисму воҳидҳои низомии ин сохтор дар ҳудуди ноҳияҳои Панҷ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии гарнизони Хатлон шинос гардиданд. Ҳамчунин сарвари давлат ду маротиба, солҳои 2020 ва 2022 аз Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздид намуда аз шароти будубош ва аз омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ шинос гардиданд. Чунин боздиду мулоқот бо ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар зимни ҳар сафари кории Сарвари давлат ба минтақаҳои гуногуни кишвар метавон мушоҳида намуд.

Ҳамчунин метавон заҳмату талош, ташаббусҳои созанда ва некбинонаву ватандӯстонаи занону модарон, нақши онҳоро дар пешрафту шукуфоии Ватан ва рушду такомули Қувваҳои Мусаллаҳ эҳсос намуд. Аз таърихи давлатдории тоҷикон бармеояд, ки барои ҳимояи марзу буми Ватан саҳми занон дар баробари мардон кам нест. Аз ин ҷост, ки дар аксари навиштаҷоти олимону донишмандони тоҷик аз қаҳрамонӣ, далериву ҷасурӣ ва шуҷоати зани тоҷик ёдоварӣ шудааст. Мусаллам аст, ки мардонавор ҷангидан, ҷасорат ва матонати занони қаҳрамони миллатамон дар симои занони ҷасуру паҳлавон, амсоли Гурдофариду Бурондӯхт, Томирису дигар қаҳрамонзанон эҳсос мегардад.

Ба андешаи ин ҷониб, мартаба ва манзалати занро ҳанӯз Фирдавсии бузург дар «Шоҳнома»-и безаволаш тасвир кардааст. Имрӯз дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хушбахтона, тариқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳову манзалати зан баланд бардошта шудааст. Тавре зикр гардид, далели ин гуфтаҳо қонуну қарорҳо доир ба баланд бардоштани мартабаи зан дар ҷомеа ва махсусан дар артишанд. Дар Артиши Тоҷикистон занону хизматчиёни ҳарбӣ дар баробари мардон ширкат меварзанд. Рӯз то рӯз барои боз ҳам беҳтар намудани хизмати онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо андешида мешавад.

Бояд ҳар як афсару сарбози шуҷои кишвар, ҳидоятҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали артишро сармашқи кори худ қарор дода,ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бо нангу номуси миллат ба даст омадааст.

Илова бар ин тамоми ҳайати шахсӣ дар хотир дошта бошанд, ки мардуми Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷои Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд.

Қобили зикр аст, ки банда худ дар се минтақаи кишвар адои хизмат намудам ва бо итминони комил гуфта метавонам, ки ҳоло шароити буду боши ҳайати шахсӣ хеле дар сатҳи олӣ қарор дошта, ҳамеша зери назари роҳбарияти олии кишвар қарор дорад. Набояд фаромӯш кард, ки Ватани азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол сарзаминест, ки муҳофизати он на танҳо вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ, балки қарзи инсониву имонӣ ва виҷдониамон маҳсуб меёбад.

Мо аҳли ҷомеа дар хотир дошта бошем, ки

  • хизмат дар сафи Қуввваҳои мусаллаҳ мояи ифтихор ва сарбаландӣ буда, ҳар як ҷавони ватандӯст бояд ин мактаби ҷасорату мардонагиро гузарад;
  • ҳамчунин хотирнишон месозам, ки зимни хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷавонон аз ҳар ҷиҳат ташаккул ёфта, ба қадри зиндагӣ мерасанд, ки ин омили муҳимтарин дар мустаҳкамшавии оилаҳост;
  • хизмати софдилона дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар баробари ифтихормандӣ, ҳамзамон ҷойи кори доимӣ ва рушди шахсият барои ҷавонон ватандӯст хоҳад буд;
  • гузаштани ҳарчи зиёдтари ҷавонони мо аз мактаби ҷасорату мардонагии Артиши миллӣ баёнгари он аст, ки аксарияти шаҳрвандони мо таҷрибаи муқобилият ва истодагарӣ нишон додан дар баробари хавфу хатарҳои берунаро пайдо мекунанд.

Бо чунин нуқтаи назар дар ин ҷо метавон гуфт, ки тарбияи ҳарбӣ, ватандустӣ роҳи наҷоти миллат аз хатарҳои эҳтимолии замони муосир мебошад. Муҳимтарин силоҳ барои ҳар як ҷавону наврас, ки аз ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат бармеояд, ифтихори миллӣ, зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ мебошад. Мебояд имрӯз ҷавонони мо дар рӯҳияи садоқат ба Президент–садоқат ба Ватан, самимият ба Президент – самимият ба миллат ва арҷ гузоштан ба ташаббусҳои Президент – арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ тарбия карда шаванд. Мо Ватанро чун падар интихоб кардаем, ки агар ҷангамон кунад ҳам аз Ӯ намеранҷем.

Поянда бод Истиқлол!

Поянда бод марзи шикаснопазири кишвар!

Поянда бод Сулҳ!

Поянда бод Точикистон!

Ҳумоюн бод сӣ солагии Артиши номус!

Хушрӯзи Ҷамолзода - корманди шуъбаи тарбияи донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ