Пирӯзӣ аз иттифоқ аст

Барномаи “Амният ва ҷомеа” яке аз барномаҳои муаллифию таҳлилии Телевизион ва радиои вилояти Суғд дар тӯли 3 соли пахш бисёр ҳаводорон ва мухлисони дохиливу хориҷиро пайдо кардааст. Мо тасмим гирифтем, ки бахшида ба 3-солагии таъсиси барнома суҳбате ороста бошем бо муаллифи барномаи “Амният ва ҷомеа”, журналист Хайёмиддин Имоилов, ки фишурдаи он пешкаши шумост.

- Сараввал мехостем, огаҳ шавем, ки барномаи “Амният ва ҷомеа”пешниҳод ва идеяи кӣ буд?

- Пеш аз ташкили барномаи “Амният ва ҷомеа” мо чанд нафар ҷавонони вилоят соли 2019 дар шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан Фейсбук бо як чанд рубрикаҳо фазои иттилоотии ин сомонаро бо мақола ва видеогузоришҳои кӯтоҳ то андозае пур мекардем. Ҳадафи мо ҷавонон танҳо як буд он ҳам бошад ҳифз намудани ин фазо аз ҳар гуна ғаразҳо ва андешаҳои нопоки баъзе худиҳои бегона буд. Баъди чанд муддати фаъолият мо ба хуллосае омадем, ки бояд як барнома созмон диҳему коршиносони масоили сиёсӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро низ дар ҳифзи асолати миллӣ ва пойдории ваҳдату ягонагӣ ҷалб намоем. Андешаву гуфтугузорҳо моро ба сари барномае овард, киномашро “Амният ва ҷомеа” унвон кардем.

Барномаи “Амният ва ҷомеа” аҳдофи хешро алакай муайян намуда буд, ки он ҳам бошад фарогири масоили муҳими минтақа ва ҷаҳон ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин қобили зикр аст, ки асоси пешниҳоди барнома ин илҳом аз талошу ҷонфидоиҳо ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ояндасозии Ватан, даъвати насли ҷавон барои ободӣ ва якпорчагии давлат равона гардид.

- Барои чӣ маҳз номи барнома “Амният ва ҷомеа” шуд? Оё барои таъсиси чунин як барномаи мураккаби таҳлилӣ дар Телевизион ва радиои вилояти Суғдчи зарурате пеш омада буд?

- Ба ҳамаи мо маълум аст, ки дар фазои иттилоотии ВАО-и ҷаҳонӣ имрӯз телевизионҳо нақши калидӣ доранд ва таҳияи чунин барномаҳо тақозои вақту замон ва саривақтӣ аст. Агар ҳоло ба телевизионҳои давлатҳои хориҷӣ назар кунем, чунин барнома вуҷуд дорад, ки аз манфиатҳои миллат ва давлати худ дифо мекунанд. Пас чаро мо дар ин замон барои ҳимояи фарҳанг, асолат ва манфиати миллии худамон талош накунем?? Мо аз дигарон ягон ками надорем ва баракс мо миллати қадимтаринем, ки аз оғоз аз сулҳу иттиҳоду ҳамбастагиро таблиғ ва тараннум мекардем. Ҳамчунин зикр кардан ба маврид аст, ки барномаи “Амният ва ҷомеа” манфиатҳои Тоҷикистонро ҳамчун як давлати соҳибистиқлол аз нигоҳи манфиату нуфузи кишвари худ дар ҷойгоҳи ҷаҳонӣ ҳифз мекунад. Мавзӯъҳои дар рафти барномаи “Амният ва ҷомеа” баррасишаванда гуногунанд. Мавзӯъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маданӣ, ахлоқӣ, илмӣ, терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳуқуқи зан ва кӯдак, баробарҳуқуқии зан ва мард, ваъият дар Ховари Миёна ва хоки Афғонистонро барномаи “Амният ва ҷомеа” дар бар мегирад.

- Баҳои ҷомеа ба барномаи “Амният ва ҷомеа” ва қабули барнома аз тарафи тамошобинони бурунмарзӣ чӣ гуна аст?

- Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар сомонаи «Ютуб», “Фейсбук” бештар фаъолон ва корбарони сомонаҳои иҷтимоӣ, ҳамчунин муҳоҷирон оид ба барнома фикру ақидаҳои худро менависанд. Вақте ки мо пайгири ҳодисаҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва ҷавонони гумроҳе, ки аз кишвари мо дар ҷанги давлатҳои Ироқу Шом иштирок доштанд, шудем ва онро дар барномаи худ пахш кардем, ки бинандагони зиёдеро ба худ ҷалб кард. Дар ҳамин росто дар паёмаку дар шарҳҳо аз дастоварди барнома менавиштанд.

Замоне, ки мо барномаро бо иштироки фаъолон ва олимон сабт ва пешкаш мекунем, ҳама тарафдори мо мешаванд, ки бояд чунин як барнома, ки тарғибу ташвиқгари сиёсати Ҳукумати кишвар аст, вуҷуд дошта бошад. Ҳолатҳое низ буданд, ки усул ва тарзи пахши барнома ва интихоби мавзуъро ба мо аз диди худ пешниҳод менамуданд. Мо эрод ва пешниҳоди ҳамаи тамошобинонро истиқбол кардем ва минбаъд низ ин иқдомро давом хоҳем дод.

- Дар оянда барои дигаргунӣ дар барнома чӣ нақшаҳо доред, хусусан дар соли нав?

- Дар камтарин фурсат барои тарғиби сиёсати кишвар дар сомонаи «Ютуб» саҳифаи расмии барномаи “Амният ва ҷомеа”-ро ташкил намуда ҳамаи нусхаҳои барномаро ки теъдодашон зиёда аз 200 бахшро ташкил медиҳад, пайдарҳам дар сомонаи «Ютуб» мегузорем, то ба ҳамагон дастрас гарданд. Ҳамчунин дар нақша аст, ки минбаъд барномаи сиёсӣ-таҳлилии “Амният ва ҷомеа”-ро бо дигар забонҳо низ пахш хоҳем кард.

- Дар мавриди барномаи “Амният ва ҷомеа” боз чӣ гуфтан мехоҳед?

- Ҷомеа! Ҷомеаи имрӯз пур аз таззоду нобаробариҳост, зеро ҳар лаҳза вазъияти ҷаҳон дар ҳоли тағйир аст. Мо имрӯз наметавонем, ки ба худамон низ кафолат диҳем. Дар ҳар нафас ва сония, ҳар дақиқа ва ҳар соат ҷаҳонро таҳаввулот ва гардишҳои ҷадид фаро мегирад ва барои дастрас ва ҳазм намудани ҳамаи ин таҳаввулотҳо ба бинанда фурсат танг асту даст намедиҳад.

Мо дар ин маврид худро вазифадор меҳисобем, ки ба бинандаро аз ҳаводиси ҷаҳон ва минтақа дуруст огоҳ намоем. Ҳамчунин вазифадорем, ки тариқи барнома ба инсоният, ваҳдат, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва сулҳу субот ва истиқлолияту озодӣ арҷ гузорему хизмат карда бошем.

Бигзор ҳамеша аз саодат ва ваҳдату ҳамбастагӣ бигуем. Таърих гуфоҳ аст, ки парокандагӣ ва нифоқ хоси миллати мо набуду нест. Мардуми сарбаланди мо бояд дарк намоянд, ки дар ин ҷаҳони пурталотуму пуртазод чун миллат ва давлат истодагарӣ намудан ва дар харитаи ҷаҳон ҷой доштан як ифтихори бузург аст. Имрӯз ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дарк намояд, ки кишвари мо зери назари ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Давлатҳои абарқудрат талош доранд, ки чун наҳанг давлатҳои кӯчаке чун кишвари моро мисли моҳича қурт намоянд. Ҳамчунин бо Ҷумҳурии Афғонистон ҳамсарҳад будан барои мо масъулияти баланд, зиракии сиёсӣ ва пеш аз ҳама ҳуввияти баланди ватандориро тақозо менамояд.

Хушбахтона мавқеъгириикишвари мо дар масири сиёсати созандагӣ, ваҳдатсароӣ, сулҳофарӣ бисёр кишвари ташаббускору созанда аст.

Мардум бояд ба қадри ободонӣ ва осиштагиву одамият бирасанд. Нифоқу парокандагӣ инсонро ба бехонумони ва хонасӯзӣ оварда мерасонад.Чунончӣ, бузургвор Ҷомӣ мегӯянд:

Паркандагӣ аз нифоқ хезад,

Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад.

Хушрӯзи Ҷамолиён

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ