Парчам рукни барҷастаи давлат ва нишони Истиқлолият

Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон, хоса, ҷавонону наврасон дар ин давру замон хушбахту хуштолеъ ҳастанд.

Истиқболи ҷашнҳои фархунда, хусусан Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо армуғонҳои арзанда ба ҳукми анъанаи нек даромада, бо дарки баланду ифтихори ватандорӣ таҷлил карда мешавад, ки он ба тарбияи ватандўстии ҷавонон ва бедор намудани ҳисси ифтихор нисбати Ватан нақши муассир мебозад. Барои донистани таърихи парчам ва тарғиби ташвиқи васеи он бояд ҳар як ҷузъи ҷомеа бетараф набошад.

Метавон гуфт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад. Он ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдўстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст. Парчами миллат дарқатори дигар муқаддасот рамзи давлату давлатдорӣ, нангу номуси миллӣ мебошад.

Чӣ тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати барафрохтани Парчами миллӣ 30 августи соли 2011 қайд намуданд: «Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда мешавад. Дирафши Ковиён то замони сукути давлати Сосониён дирафши миллӣ ва давлати ниёгони тоҷикон буд».

Миёни аҷдоди тоҷикон фарҳанги парчамдорӣ аз замонҳои қадим чун нишона ва баёнгари рамзи муттаҳидӣ вуҷуд дошта, ҳастии он мардумро ба сўи зафар ва ягонагӣ ҳидоят намудааст.

Агар ба таърихи «Дирафши Ковиён» назар андозем мувофиқи маълумотҳои таърихӣ – асотирӣ намояндаи шоҳони Пешдодӣ Ҷамшед аз муваффақиятҳои худ мағрур гашт ва аз ин Заҳҳок истифода бурда хуруҷ намуд ва ҳокимиятро ба даст овард. Аммо аз зулми ў мардум норозӣ шуданд ва шўриши халқӣ бо сарварии Коваи оҳангар оғоз ёфт.

Аз сарчашмаҳои таърихӣ ба мо маълум аст, ки аввалин бор фарҳанги парчамдорӣ ба унвони дирафши ковиёнии мансуб ба Коваи оҳангар чун рамзи ифтихори миллӣ ва нишони таъмини ваҳдату ягонагӣ ба вуҷуд омада будааст. Дар асарҳои таърихӣ нақлҳое аз ҷонсупории қаҳрамонони миллӣ барои ҳифзи парчам ҳикоят мекнанд, ки ин амр ба муқаддасоти таърихии парчам дар назди ниёкони шарафманд маҳсуб меёбад.

Парчам – дар забони адабии ҳозираи тоҷик ҳамчун истилоҳ ба маънои ливо, байрақ, дирафш ва рамзи давлатӣ ва мувофиқи тафсири китоби «Ғиёс-ул-луғат» чизест, ки аз абрешими сиёҳ тайёр сохта, бар сари алам бандад, мавриди истифода қарор мегирад. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» омадааст, ки парчам ин пўпаки абрешимиест, ки ба нўги байрақ мебастанд.

Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон мерос монда, пайдоиши парчам таърихи хеле қадима дорад. Агар ба рамзҳо ба назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардуманд.

24 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI-уми тақдирсози Шўрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард ва бо ҳамин дар таърихи парчамдории тоҷикон саҳифаи нав оғоз шуд.

Гузашта аз ин, соли 2009 бо ташаббуси Президенти мамлакат 24-уми ноябр Рўзи Парчами давлатӣ эълон ва соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид, инчунин ин рўзи таърихӣ минбаъд ҳамасола дар саросари кишвари маҳбубамон бо шукўҳу тантана ҷашн гирифта мешавад.

Парчами давлатӣ дар тарбияи худшиносӣ ва ватандўстии ҷавонон нақши муассир дорад. Парчам ҳамчун ахтари тобону дурахшон, иродаи мустаҳкам ва омили фатҳу кушоиши ҳар соҳибватан гардидааст. Дар миқёси ҷаҳон дар доираи мусобиқаҳои варзишӣ ва ҳамоишҳои гуногуни илмию таълимӣ ва фарҳангӣ ба шарофати дастоварду комёбиҳои беназири соҳибватанонамон ва қариб ҳар рўз дар кишварамон дар самту соҳаҳои гуногун ба шарофати дастовардҳо зиёди иҷтимоию иқтисодӣ Парчами миллӣ парафшон мегардад.

Парчами миллии мо дар радифи Конститутсия, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти асосии давлатӣ маҳсуб меёбад.

Бояд қайд кард, ки Рамзҳои давлатӣ – шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути он давлатро дар тамоми ҷаҳон мешиносанд. Бо эҳсосоти баланд муносибат намудан барамзҳои давлатӣ ифодаи муҳаббат ба Ватан аст. Парчам на танҳо рамзи давлату давлатдорӣ ва ифтихори ватандорӣ, балки рамзи ватандўстию худшиносиву худогоҳӣ, андешаву асолати миллӣ, пирўзиву сарфарозӣ ва ҳуввияти миллии мардуми тамаддунофаринамон маҳсуб меёбад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ қайд кардаанд: «Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор ва парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандўсту меҳанпарасти кишвар доимо по бар ҷо бошад».

Аз ин ҷиҳат ҳамаи мо ҳамеша сайю кушиш намоем, ки Парчами давлатии мо ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими Истиқлолияти миллӣ ва ба ҳифзи муваффақияту комёбӣ ва дастовардҳои он ҳидоят намояд.

Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзую ормонҳои халқи тоҷик мебошад. Парчами давлатӣ барои ҳар як Тоҷикистонӣ муқаддас аст. Мо дар таҳти парфишонии ҳамин Парчам ба Ваҳдати миллӣ расидем.

Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагию бунёдкоронамонро ба хотири баланд бардоштани сатҳи сифати зиндагии мардум дар ҷомеаи нав, ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ба пеш хоҳем бурд.

Парчам ҳамчун ахтари тобон раҳнамо ва ҳидоятгар ба сўи фардо ва ояндаи дурахшон аст. Парафшонии ҷилваи Парчам нерўи тавонои ҷаҳони маънавӣ, қувваи дилу дидаи ҳар як соҳибватан аст. Парафшонии Парчам таҷассуми ҳастии давлату миллат, пойдориву устувории он аст. Умед бар он дорем, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ифтихори миллат ва садоқату эҳтироми халқи мо ба Ватани ободу соҳибихтиёр то абад парафшон бошад.

Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат маҳсуб мешаванд. Воқеан, Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла, дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро дорад.

Имрӯз парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.

Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон аст.

Парчам дар ҳаёти ҳар як давлату миллат мавқеъ ва нақши хоси худро дорад. Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст. Ливои миллат қувваи сафарбаркунанда ва муттаҳидкунанда дошта, мардуми сарзаминро ба хотири амалӣ намудани мақсаду мароми некбинона даъват мекунад.

Корнамоиву заҳмати софдилонаву ватандӯстонаи сокинони Тоҷикистон дар даврони соҳибихтиёрӣ нишонаи равшани муҳаббати самимонаи онҳо ба марзу буми аҷдодӣ ва рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон, сол аз сол боло рафтани эҳтироми хурду бузурги мамлакат ба Парчами давлатӣ ва арҷгузорӣ ба гузаштаи пурифтихор ва ояндаи дурахшони Ватани аҷдодиамон мебошад.

Хулоса, парчам ифодаи нангу номи ҳар шаҳрванд, баёнгари истиқлоли мамлакат, ифодаи иззату икроми миллат, таҷассумгари ормонҳои миллӣ, инъикоскунандаи фарҳангу тамаддун, башоратдиҳандаи азму иродаи устувори мардум мебошад.

Бердишукуров Абдунаим Абдусаматович - мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносии МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ