Иҷлосия - оғози таърихи навини тоҷикон

Таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол пур аз таҳаввулот, гардиш ва саҳифаҳои рангине аст, ки баёнгари як марҳалаи ташаккул, пешрафт ва рушди давлатдории миллӣ мебошад. Бахт ба рӯйи миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол хандид ва ормони даст ёфтан ба давлати мустақилу соҳибихтиёр омад кард. Миллати тоҷик баъди бо имзои созишномаи “Беловежск” (8.12.1991) давлати Шуравӣ барҳам хӯрданаш кишварҳои иттифоқӣ ба истиқлоли давлатӣ соҳиб гаштанд. Дар ин раванди пур аз таҳавуллоти сиёсӣ Тоҷикистон мисли дигар аъзоёни Шӯравӣ ба истиқлол расид. Мутаассифона ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ба миллат ва мардуми тоҷик ба осонӣ муяссар нагардид. Андешаҳое ҳаст, ки мураккабиро дар роҳи ҳифзи суботи сиёсӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон омилҳои субъективӣ ва объектвии мавҷуда, ки натиҷаи сиёсати “бозсози”-и ҳукумати собиқ Шуравӣ буд, ба вуҷуд овард.

Воқеан ҳам дар он замон низоми сиёсии ҷомеа ва тамоми сохтори идорӣ фалаҷ гардида, ҳукумати бетаҷриба дар роҳи истиқлол аз уҳдаи вазифаҳои хеш дар назди ҷомеа баромада натавонист. Мардум дигар ба ҳокимият бовар надоштанд. Аз нотавонии ҳукумат ва дигар падидаҳои номатлуби ҷомеа гурӯҳҳои сиёсии тундрав бо сарпарастии кишварҳои мушаххаси хориҷӣ истифода карда, роҳи ба даст овардани ҳокимияти давлатиро пеш гирифтанд. Ҳама бо ҳар шевае мехост ҳаракат мекард. Гӯё қонуни ҷангал ҳукмрон буд, яъне зӯр даранда ва зулмоваранда буд.

Бояд қайд кард, ки давлат пурра фалаҷ гардида буд. Баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани истиқлол ҳукумати вақт ҳатто артиши худро натавонист ҳифз намояд ва дар ин роҳ масъулин талоше ҳам накарданд. Чун аксар мансабдорон ба ояндаи ин давлат бовар надоштанд. Аз нотавонӣ ва заифву ноуҳдабароии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва артиши давлатии ҳамон замон неруҳои сиёсии мухталиф, ки ҳокимиятро мехостанд истифода намуда, қисми зиёди зиёиён ва ходимони давлатиро ба асорат гирифтанд.

Ҳар як гурӯҳ худро ҳомии ватану миллат номида, соҳиби асосии ҳукумат меҳисобид ва зери ин шиор ба зарари ин миллату давлат кор мекард. Мутассифона аз бетаҷрибагии азҳоби сиёсӣ ва ташкилоту созмонҳои навташкилшуда дар роҳи ба ҳукумат соҳиб шудан вазъро боз ҳам бадтар менамуд. Ҳар нафаре, ки амният ва сулҳро мехост бо ҳар роҳу восита ва ваҳшоният ба қатл расонида мешуд. Мутассифона вазъ ба ҳоле расид, ки падар ба писар бовар надошт ва ё баракс. Сари як дастурхон менишастанд, аммо ҳарду мухолиф буданд.

Дар чунин як марҳилаи бениҳоят ҳасос ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик қуввае лозим буд, ки дар фикри истиқлол ва тамомияти арзии ин ватан бошаду хатари мавҷударо дарк намуда, мардумро дар роҳи ваҳдату ягонагӣ ва субот даъват намояд.

Новобаста аз чунин шароит мардум оромиш ва суботро мехостанд. Ҷони ҳама бар лаб омада буд. Шаҳрвандони тамоми манотиқи кишвар, ҳамчун нишони баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба воситаи вакилони халқ дар мақоми олии намояндагии мамлакат масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ба воситаи Шурои Олӣ ифода сохта, ба он муваффақ шуданд, ки баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ, 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардад. Баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) ба дили торики мардум умедеро бедор кард. Халқ имон дошст, ки соҳибватан ва соҳиброҳбар мегардад. Умеду ормонҳои халқи тоҷик дар ин давра зиёд гаштан мегирифт. Ҳама бо чашми чор, ки шояд нафаре сари ҳокимият ояд, ки оташи ҷанги бародаркушро хомӯш созад ва бародарро бо бародар якфикру якақида намояд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар он вақт Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифт.

Аввалин қадамҳо дар самти таҳкими сулҳу субот миёни қувваҳои мухолиф дар ҳамин иҷлосияи тақдирсоз гузошта шуданд. Ақли солим ғолиб омаду онҳо дар иҷлосия ба мувофиқа расиданд. Заминаи ҳифзу устувории давлатдории навини тоҷикон гузошта шуд. Мардум умедҳояшонро намекандад, зеро бовар доштанд, ки рӯзҳои наҳс поён дорад. Хуршеди оламгир дубора ба кишвари мо рӯйи гармии хешро нишон медиҳад.

Дар он замон дар раванди кори иҷлосия як қатор қарорҳое қабул карда шуд, ки заминаи таҳкими сулҳу субот ва волияти қонунро дар кишвар гузошт. Халқи азияткашидаи тоҷик дар он рӯзҳо интизор дошт, ки бинад кӣ бори вазнини ин кишвари фалачшударо ба дӯш мегирад. Яъне мардум қаҳрамон ва наҷотбахши миллаташро меҷуст.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки яке аз тадбирҳои бисёр саривақтӣ ва сарнавиштсоз дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоби раиси Шурои Олии кишвар ба ҳисоб мерафт. Дар рӯзи чоруми иҷлосия, яъне 19-уми ноябри соли 1992 дар такя ба моддаи 109-и Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба тасвиб расид.

Мувофиқи қарори мазкур Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин марҳилаи наву тақдирсоз симои роҳбари худро дар шахсияте медид, ки он бевосита аз байни халқ баромада ва барои халқ дар шароити гузариш фаъолияти пурмасъулиятро ба дӯш гирифта метавонад.

Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд намуда, гуфт: «…кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард... Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…» Ин садоқату самимиятро дар раванди 30 сол мардуми тоҷик дарк намуд ва пиру барнои кишвар мехост, ки мактаби давдатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамоми ҷаҳон бояд огоҳ гардад, ки мешавад бо роҳи мусолиҳа ва дӯстӣ сулҳ ва ягонагиро барқарор намуд. Чунин ҳам гашт, ки имрӯз бештари сиёсатмадорони ҷаҳон таваҷҷуҳ бар он доранд, ки чи гуна Эмомалӣ Раҳмон 30-сол қабл бо роҳи осоишта Сулҳро дар кишвараш овард? Дар дарсҳои сулҳшиноии кишварҳои абарқудрат таҷрибаи сулҳи тоҷикон намунаи беҳтарини дарсҳо ба ҳисоб меравад.

Ҳаминтавр Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат сабабгор ва нависандаи таърих ва бунёди давлати навини тоҷикон ба ҳсоб мераванд. Ҳамчунин сарвари давлат на танҳо дар назди халқу Ватан, балки дар тамоми ҷаҳон ба таври барҷаста собит намуда истодаанд, ки тоҷикон сокинони куҳантарини сайёра буда тамаддуни фарҳанг ва давлатдории баъзе аз халқиятҳо аз мо сарчашма мегирад.

Миллати тоҷик миллати озода буда, ҳазорсолаҳост ки бо фарҳанг, адабиёт ва миллати ягона буданаш арзи ҳастӣ дошт ва дорад. Мо фарзандони аслии ин замин ҳастем!

Зарипов Саидмоил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ