Хотираҳои тарҷумони Иҷлосияи тақдирсози XVI

Мо дар остонаи 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии Ваҳдати миллӣ, 90-солагии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, 105-солагии Инқилоби Сотсиалистии Октябри Кабир, 105-солагии ташкилёбии Милитсияи тоҷик қарор дорем. Халқи тоҷик аз он рўзи саид, фархунда, фирўз ва нусратбахш дар бадали чорак аст, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалй Раҳмон комёбиҳои беназирро ба даст овард. Муҳимтарин он буд, ки дар ҷумҳурии сулҳу салоҳ ва ваҳдат пойдор гардид. Ба ҳамин муносибат омўзиши таърихи Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти калон дорад ва он дар таърихи ҷаҳон ва халқи тоҷик мавқеъ ва таърихи Иҷлосияи тақдирсоз саҳми арзанда мегузорад, бо ҳарфҳои зарин самт шудааст ва омўзиши таърихи он давом дорад.

Ҳар рўз фаъолияти тарҷумони мо бо калимаҳои- Ассалом, Привет, Гудмонинг сар шуда, босуханони ширину шакар – Хайр саломат шаветон, досвидание, Гудбай, бай-байба охир мерасид.Имрўз бо гузашти зиёда аз си сол барои мо имконият фароҳам омадааст, ки ин рўйдоди таърихиро мавриди таҳлили амиюқарор дода, барои таъминирушди ҳамаҷонибаи кишвар ва дурнамои тараққиёти он хулосаҳои зарурӣ барорем. Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назардошти ҳадафҳои олии давлати соҳибистиклоламон дар давраи басо душвори сиёсии ҷомеа бо мақсади таъмини ҳарчӣ зудтари сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон, наҷот додани миллат аз вартаи буҳрони сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, хифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, муҳайё намудани шароит ва заминаи мусоид барои барқарор намудани иқтисодиёт ба асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон баргузор дида буд. Аз ин лиҳоз, ин санаи фархунда барои мо ҳам мояи ифтихор ва ҳам масъулияти бузург ба хотири ояндаи нек мебошад. Ифтихор аз он, ки маҳз ҳамин Иҷлосия сарнавишти миллати тоҷикро дар як давраи бисёр ҳассоси таърихӣ муайян намуда, давлати моро аз хатари аз байн рафтан ва миллатамонро аз пароканда шудан наҷот бахшид.

Ман ҳамчун як фарди Ватани муқаддасам, дотсенти кафедраитаърихи халқи тоҷикӣ факултети таърихии Донишгоҳи давлати Хуҷанд,иштирокчии Иҷлосияи тақдирсози миллат масъулияти бузург дар он зоҳир мегардид, ки мо вазифаҳои муҳиму таърихии ба дўшамон вогузор намудаи ин иҷлосияисарнавиштсозро бояд иҷро мекардем. Хамчун тарҷумони Иҷлосияи тақдирсози миллат дар давоми 18 рўзи Иҷлосия мавод, бармаводу нутқҳои иштирокчиёни Иҷлосияро ба се забон-тоҷикӣ, русӣ ва ўзбекӣ тарҷума мекардам. Дар тайёри, газаронидан ва ҷамъбасти кори Иҷлосияи тақдирсози миллатХУ1 зиёда аз як моҳ ҳамчун тарҷумони Иҷлосия фаъолияти пурсамар бурдам. Хушбахтона, мо тавонистем бо такя ба хиради азалӣ ва дастгирии мардуми бонангу номуси тоҷик вазифаҳои муайяншударо дар муддати кўтоҳи таърихӣ сарбаландона амалӣ намоем. Иҷрои ин вазифаи муҳимро мо як ҷузъи ҳисоботи худ дар назди Ватан, давлат, миллат ва ҳар як шаҳрванди кишвари соҳибистиқлоламон меҳисобем. Бояд зикр намоям, ки эҳёи давлатдории миллӣ аз масъалаҳои меҳварии таърихи муосири мо ба шумор мерафт, зеро бе мавҷудияти давлати миллии мустақил амалӣ гардидани орзуву ормони деринаи халқи тоҷик ва ҳадафу барномаҳои Ҳукумати кишвар ғайриимкон буд. Бояд ҳамеша дар ёд дошт, ки барои мо имконияти давлатдории миллӣ баъди ҳазор сол муяссар гардид. Худатон андеша кунед, ки агар ин давлати ҷавон дар гирдоби ғаразҳои (бадхоҳони )миллати тоҷик фурўмерафт, руҳи ниёгон ва наслҳои ояндаи миллат моро ҳаргиз намебахшиданд.

Дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардиданиИҷлосияи ХУ1Шўрои ОлииҶумҳурии Тоҷикистон роҳи наҷоти давлат ва миллат мебошад. Дар Иҷлосияитақдирсози миллати тоҷик намояндагонидавлатҳои ҳамсоя ва дўст -намояндагони шахсииПрезидентҳои давлатҳоиФедератсияи Россия ( СухинВалерий Яковлович, Каноровский Михаил Алексеевич, Гритсиан В. В.),сафири фавқулодда ва мухториФедератсияи Россиядар Ҷумҳурии Тоҷикистон– Сенкевич Мечислав Иванович,ИМА (сафири ИМА дар Осиёи Миёна - Тошкент), ҶумҳурииҚазоқистон (ҷонишини аввали вазири корҳоихориҷӣ – Токаев Касымжомарт (ҳоло Президенти Қазоқистон), ходими раёсати КБМ-ҳоло(аз соли 2012) сафири фавқулодда ва мухториҶумҳурииҚазоқистон дар ТоҷикистонСмагулов Агыбай Дынкенович ) ,ҶумҳурииҚирғизистон (ҷонишини аввали вазири корҳоихориҷӣАскар Чингизович Айтматов), ҶумҳурииЎзбекистон (ҷонишиниавваливазири корҳоихориҷӣ ШахобиддинСироджевичЗиямов) ва дигароништирок намуданд. Ба меҳмонони хориҷӣҶонишини аввали Раиси МИҲД вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) Солихўҷа Маҳмудов, аз ҷумла мудири шўъбаи муносибатҳои байналхалқи дастгоҳи МИҲД вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) Бахтиёр Ашуров, тарҷумонон- Эргаш Сулаймонов – ба забони англисӣ, Пўлот Ҷалилов – за забони русӣ- шодравонҳо, ҷояшон аз ҷаннат шавад, Сафар Эркаев- ба забони тоҷикӣ, русӣ ва ўзбекӣ шабу рўз ба вакилони мардуми ва ҳамроҳи меҳмонони хориҷӣ будем. Тарҷумонон 10 ноябри соли 1992 аз сўҳбат-озмун(аъзоёни комиссия –Раиси вилоят Абдуҷалил Ҳомидов, Ҷонишини аввали Раиси МИҲД вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) Солихўҷа Маҳмудов, аз ҷумла мудири шўъбаи муносибатҳои байналхалқи дастгоҳи МИҲД вилояти Ленинобод(ҳоло Суғд) Бахтиёр Ашуров, сармутахассис Тошназар,олим Сайдулло Абдуллоев ва дигарон) гузашта, зиёда як моҳ (10 ноябр – 15 декабр) фаъолиятиташкилотчигию ташаббускорӣ бурда будем.

Вакилони мардумӣ дар рафти Иҷлосия бо ҳисси баланди ватандўстӣ манфиатҳои миллиро дар мадди аввал гузошта, барои ҳимояи онҳо талош меварзиданд. 19 ноябр Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, ки дар айни замон иҷрокунандаи вазифаи Президенти ҷумҳурӣ низ ба шумор мерафт, ҷонишинони Раис интихоб шуд. Дар асоси муҳокимаиҳаматарафа Сарвазир, ҷонишинонии он, 21 вазир, Раиси 8 комитет таъин карда шуд.Аз 23масъала иборат рўзномаи онро тасдиқ карда,кори худродавом доданд. Натиҷаи он ҳамин буд, ки дар маҷмўъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид, ки нақши онҳо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар дар он солҳо хеле бузург аст. Дар ҳалли масъалаҳои асосии Иҷлосия нақшидавлатҳоидўст ва ҳамсоя дарҷараёни омодагӣ ва гузарониданииҷлосияи ХУ1 Шўрои олииҶумҳурииТоҷикистон хело калон аст. Мамун ва моҳияти ҳуҷҷатҳои Иҷлосияро, маводҳои рўзномаҳоро («Ленинабадская правда», «Ҳақиқати Ленинободн») ба меҳмонони хориҷӣ ва вакилони мардуми тарҷума карда, мефохмонидем. Мо дар Иҷлосияи тақдирсози миллат ХУ1 иштирок намуда, бароидар шароити орому осойиштагӣ гузаштани иҷлосияи таърихӣ ва қабул карда шудани қарорҳоимуҳим, бароибарпо намудани ҳукумати қонунӣ саҳми арзанда гузошта буданд. Дар ин масъалаи муҳим хизматиҷонишини аввали Раиси вилоят Солиҳўҷа Маҳмудовро алоҳида қайд кардан зарур аст. Он кас ба таъмини беҳатари иштирокчиёни Иҷлосияи тақдирсоз ва таъминииқтисодии он роҳбари мекарданд. Онҳо ҳам бароидар шароити орому осойиштагӣ гузаштани иҷлосияи таърихӣ ва қабул карда шудани қарорҳоимуҳим, бароибарпо намудани ҳукумати қонунӣ саҳми арзанда гузошта буданд. Дарҳақиқат, Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти таърихӣ-умумиҷаҳонӣ дорад, он дар таърихи ҷаҳон ва халқи тоҷик мавқеъ ва таърихи Иҷлосияи тақдирсоз саҳми арзанда мегузорад, бо ҳарфҳои зарин самт шудааст ва омўзиш, таҳлил ва хулосабарории аз таърихи Иҷлосияи ХУ1 давом дорад.

Эркаев Сафар Абдулхайрович- иштирокчии Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсенти кафедраи Археология, этнография ва диншиносии факултети таърих ва ҳуқуқииДДХ ба номи академик Б.Ғафуров,

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ