​90 соли пурбарор

Басо рамзист, ки ҷашни 90 солагии МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров” ба таҷлили 30-умин солгарди Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Бояд қайд намуд, ки дар баробари дигар кафедраҳо нақши кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа дар тайёр намудани мутахассисон назаррас аст. Агар ба таърихи донишгоҳ назар афканем илми фалсафа дар аввалин мактаби олӣ дар шимоли Тоҷикистон аз солҳои аввали ташкилёбии Донишгоҳ ба сифати курси материализми таърихӣ таълим дода мешуд. Дар он солҳо ҳанӯз кафедраи алоҳидаи фалсафа вуҷуд надошт. Дар асоси фармони як қатор кафедраҳои махсуси соҳавӣ кафедраҳои иҷтимоӣ –иқтисодӣ, марксизм –ленинизм ва таърих ташкил шуданд, ки муаллимони таҳти ҳизб, фалсафа, иқтисоди сиёсӣ ва таърихро муттаҳидмекарданд. Минбаъд, пайваста бо эҳтиёҷи раванди таълиму тарбия, ба камол расидани муаллимони дорои дараҷаю унвонҳои илмӣ, афзоиши сатҳи корҳои таълиму тарбия ва тадқиқоти илмӣ кафедраҳои алоҳидаи ҷамъиятшиносӣ ташкил шуданд. Аз ҷумла, соли 1957 кафедраи фалсафа ва иқтисоди сиёсӣ ташкил ёфт. Сарвари нахустини кафедра Азим Мамадов буд, ки рисолаи номзадиро соли 1955 дифоъ кардааст.

Дар солҳои гуногун баробари курси материализми диалектикӣ ва таърихи таълими чанд риштаи дигари фалсафӣ ба зиммаи кафедраи фалсафа ва иқтисоди сиёсии Донишгоҳ гузошта шуд. Масалан, фанни мантиқ солҳои 1946-1981 дар ихтиёри кафедраи равоншиносӣ ва мантиқ тадрис мешуд. Бо фармони Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси ҶШС Тоҷикистон аз 26 декабри соли 1980 ва ДДОЛ ба номи С.К.Киров аз 31 декабри соли 1980 фанни мазкур ба ихтиёри кафедраи фалсафа гузашт. Аз соли 1961 таълими курси факултативии асосҳои эстетикаи марксистӣ –ленинӣ дар ҳаҷми 72 соат ҷорӣ гардид. Соли 1964 кафедраи асосҳои коммунизми илмӣ ва атеизм ташкил ёфт. Пас аз чанд моҳ кафедраи асосҳои коммунизми илмӣ ва атеизм тағйири ном кард ва асосҳои коммунизми илмӣ унвон гирифт.

Бо сабаби он, ки акнун кафедраи фалсафа ва иқтисоди сиёсӣ таълими 6 фанро ба ӯҳда дошт ва аҳамияти ин фанҳо хеле меафзуд, зарурати ба кафедраҳои мустақил ҷудо намудани ин кафедра ба миён омад. Бо назардошти ин зарурат аз солҳои 1967 кафедраи фалсафа ва иқтисоди сиёсӣ ба ду кафедраи мустақил: кафедраи фалсафа ва кафедраи иқтисоди сиёсӣ ҷудо гардид. Таълими фанҳои: “Фалсафаи марксистӣ – ленинӣ”, “Асосҳои давлат ва ҳуқуқ”, “Ҳуқуқи советӣ”, “Асосҳои эстетикаи марксистӣ–ленинӣ”, “Асосҳои атеизми илмӣ” ба ӯҳдаи кафедраи фалсафа гузошта шуд. Аз соли хониши 1989 -90 фанни “Ҳуқуқи советӣ” аз кафедраи фалсафа ба кафедраи коммунизми илмӣ (ҳоло сиёсатшиносӣ) гузаронида шуд.

Солихониши 1990 –1991 кафедраҳо ва факултаҳои Донишгоҳ ба нақша ва барномаҳои нави таълимӣ гузаштанд. Аз ҷумла, кафедраи фалсафа ба таълими фанни нав “Таърих ва назарияи маданияти ҷаҳонӣ ва ватанӣ” дар ҳаҷми 120 соат шурӯъ кард. Бо мақсади боз ҳам самарабахш ба роҳ мондани фаъолияти таълимӣ–методӣ, тадқиқоти илмӣ ва амалӣ кафедраи фалсафа аз 1 сентябри ҳамон сол ба ду кафедраи мустақил: кафедраи фалсафа ва кафедраи фалсафаи маданият тақсим шуд. Дар ихтиёри кафедраи фалсафа фанни “Фалсафа” боқӣ монд ва таълими фанҳои “Таърих ва назарияи маданияти ҷаҳонӣ ва ватанӣ”, “Этика ва этикаи педагогӣ”, “Эстетика”, “Мантиқ”, “Таърих, назарияи дин ва атеизм” ба ӯҳдаи кафедраи фалсафаи маданият вогузор гардид.

Дар солҳои хониши минбаъда номгӯи фанҳои таълимии кафедраи фалсафаи Донишгоҳ боз ҳам афзуд. Дар нақшаҳои таълимӣ омӯзиши фанҳои нави “Таърихи фалсафа”, “Таърихи фалсафаи Шарқ” ва “Таърихи фалсафаи халқи тоҷик” пешбинӣ шуданд. Аз соли хониши 1998-1999 таълими фанни нави “Сотсиология” оғоз ёфт ва соли хониши 1998-2000 кафедра ба таълими курси тозаи “Консепсияҳои табиатшиносии муосир” шурӯъ кард.

Баъдан кафедраи фалсафа барои донишҷӯёни шӯъбаҳои рӯзонаю ғоибонаи факултетҳои Донишгоҳ таълими фанҳои “Фалсафа”, “Сотсиология”, “Консепсияҳои табиатшиносии муосир”- ро бо се забон (тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ) таъмин намуд. Донишҷӯёни курси 2-и шӯъбаи рӯзона ва курсҳои 5-и шӯъбаи ғоибонаи факултаҳои фанҳои табиӣ, математика, физикаю техника, санъат, рассомӣ-графикӣ, кибернетика аз фанни “Фалсафа” имтиҳони давлатӣ месупориданд.

Яке аз ҷабҳаҳои муҳими кори кафедраи фалсафа дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи Аспирантураи Донишгоҳ ташкил ва гузаронидани имтиҳони дохилшавӣ ба аспирантура ва имтиҳони минимуми номзадӣ буд. Қабули имтиҳони минимуми номзадӣ аз “Фалсафа” дар Донишгоҳ аз ибтидои солҳои 80-ум оғоз ёфта буд. Аз соли хониши 2004-2005 дар Донишгоҳ ба ҷои фанни “Фалсафа” имтиҳони минимуми номзадӣ аз фанни “Таърих ва фалсафаи илм” ҷорӣ гардид.

Дар амалигардонии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва роҳбарияти Донишгоҳ дар самти таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ устодони собиқадору варзидаи кафедраи фалсафа чун Юрий Агафошкин, Мавлонҷон Исмоилов, Баҳодур Ҳомидов, Насрулло Ҳоҷиев, Ёқубҷон Абдухолиқов, Қурваной Иброҳимова, Раҳмон Мирсаидов саҳми арзанда гузоштаанд.

Имрӯз кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмию педагогӣ ва мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, вилояти Суғд саҳми арзанда дошта, яке аз марказҳои таълим ва таҳқиқи афкори фалсафӣ шинохта шудааст. Гуфтан ҷоиз аст, ки кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа дар соли 2020 ба унвони кафедраи беҳтарини соли 2020 ноил гардидааст.

Дар кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа мудири кафедра, доктори илмҳои фалсафа, профессор Атоулло Атоев, дотсентон: Маҳмудҷон Ӯлмасов, Икромалӣ Қосимов, Усуф Абдулатипов, Зумрадхон Ҳакимова, Зебинисо Ҳасанова, н.и.фалсафа, сармуаллима Дилобар Тӯрабоева, сармуаллимон: Мавлудахон Халилова, Бурҳонҷон Норбобоев, Зӯҳрохон Ҳошимова, Мусабеъхон Қурбонова, Муҳайё Ҳотамова, Аҳрорӣ Бузургмеҳр, Дилафрӯз Ботурова, муаллимон: Заррина Халилова, Мӯътабар Бегматова, Вазира Ҷабборова, Ҳаётулло Аюбов, Хидиралӣ Бегалиев ва коргузор Лола Исматова фаъолият бурда истодаанд.

Айни ҳол дар кафедра таълими фанњои Фалсафа, Сотсиология, Фалсафа ва методологияи илм (барои магистрантон), Таърих ва фалсафаи илм (барои шунавандагон ва унвонљўён) бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар тӯли мавҷудияташ кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи Донишгоҳ бо марказҳои илмӣ, илмиву педагогии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ робитаю ҳамкориҳои судманд дошт ва то алҳол ин анъанаи некро идома дода истодааст.

Бояд қайд намуд, ки дар кафедра семинари таълимӣ-методӣ фаъолият мебарад, ки роҳбари он дотсент Ҳасанова Зебинисо Абдулатифовна мебошад.

Фаъолияти семинари мазкур тибқи низомнома ба роҳ монда шудааст. Дар семинари таълимӣ-методӣ масъалаҳои гуногун марбут ба масъалаҳои таълим таҳлилу баррасӣ мешаванд. Омӯзгорони ҷавон дар семинари мазкур бо гузоришҳо ва муаррифиҳо оид ба мавзӯъҳои таълимӣ вобаста ба фанҳои кафедра баромад менамоянд. Ҳадаф аз он ташаккул ва сайқал додани маҳорати педагогии кадрҳои ҷавон, таҳлилу такмили маводҳои таълимӣ мебошад, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия мусоидат менамояд. Дар кафедра кори семинари таълимӣ-методӣ хеле хуб ба роҳ монда шуда, дар ҷаласаҳои он ҳамзамон раванди таҳия ва таҳлили силлабусҳои фанҳои кафедра, тестҳо барои имтиҳони ниҳоӣ, саволнома ва билетҳои имтиҳон барои магистрантон, шунавандагон ва унвонҷӯён, мавзӯъҳои реферати онҳо ва масъалаҳои дигари таълимӣ таҳлилу баррасӣ мешаванд.

Мақсади асосии семинари таълимӣ-методӣ ин ба сатҳи баланд бардоштани фан вобаста ба ихтисос, мубодилаи таҷрибаҳо байни омӯзгорон, ташкил ва гузаронидани корҳои мустақилона ва корҳои эҷодии донишҷӯён дар раванди таълим мебошад.

Мавзӯъҳои семинарҳои таълимӣ-методии кафедра барои беҳтар намудани раванди таълим, роҳу усулҳои дастрас намудани маводҳои муосири таълим, самаранок истифода бурдани воситаҳои муосири таълим, мувофиқи талаботи Низомнома ба тартиб даровардани маводҳои таълимӣ, паҳн карданитаҷрибаи пешқадам ва дарсҳои кушоди омӯзгорони соҳибтаҷриба, истифодаи усулҳои нави таълим нигаронида шудааст.

Дар баробари масъалаҳои таълиму тарбия кафедра ба масъалаи илм ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ таваҷҷӯҳи хоса медиҳад. Дар ин самт барои расидан ба ҳадафи мазкур дар кафедраи фалсафа семинари илмии “Хазинаи ҳикмат” фаъолият мебарад. Роҳбарии семинари мазкурро мудири кафедра доктори илмҳои фалсафа профессор Атоев Атоулло ба ӯҳда дорад.

Ҳадафҳои асосии фаъолияти семинари илмии “Хазинаи ҳикмат” дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди фалсафа, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ, дастгирии ҷавонони эҷодкор, тарбияи ахлоқии ҷомеа, тарғиби осори бисёрасраи тоҷик, баланд бардоштани маърифат ва дониши илмиву адабӣ ва фарҳангии устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳ, муаррифии осори адибон ва олимони ҷумҳурӣ ва мутафаккирони Шарқ ва Ғарб, ба роҳ мондани иртиботи илмиву адабии олимони Донишгоҳ бо намояндагони марказҳои илмиву адабии кишвар, таъсир бахшидан ба пешрафти илму фарҳанги тоҷик, иҷроиши босифати дурнамои илмии Донишгоҳ, баланд бардоштани сатҳи тадқиқоти илмӣ ва густариш додани мубоҳисаҳои илмӣ ва таъмини фазои мусоид барои ташаккули илму фалсафа маҳсуб меёбад.

Барои ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ, дар онҳо ташаккул додани завқи дарёфти донишҳои нави илмӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ ва ҳуввияти миллӣ дар кафедра маҳфили илмии “Файласуфи ҷавон” амал мекунад.Дар маҳфили мазкур донишҷӯён бо маърӯзаҳои илмии худ баромад намуда, оиди маърӯзаашон баҳсу мунозира мекунанд. Фаъолияти маҳфили илмии “Файласуфи ҷавон” барои васеъ гардидани доираи ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён, мусоидат кардан ба қадамҳои нахустини онҳо дар ҷодаи илм муҳити хеле мувофиқ мебошад. Роҳбари ин маҳфилро муаллима Ботурова Дилафрӯз Раҷабовна ба ӯҳда дорад.

Дар ҳамкорӣ бо раёсати таълим, илм ва инноватсия, робитаҳои байналмиллалӣ бо донишгоҳҳоигуногуни Ҷумҳурӣ, Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳҳои ФР аз ҷумла ш.Қазон кафедра ҳамкорӣ дорад.

Яке аз устодони кафедра дотсент У.Ҳ.Абдулатипов моҳи марти 2021с. дар онлайн-конфронси байналхалқӣ “Мусоҳибаи илмӣ: масъалаҳои сотсиология, политология, фалсафа ва таърих”, ки дар ш.Чебоксары баргузор гардид, бо маърӯза иштирок намуда, соҳиби Шаҳодатнома (№ 553478.1) гардидааст. Ҳамасола бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа конференсияҳои донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ гузаронида мешавад.

Фаъолияти тарбиявии аъзоёни кафедра аз таҳия ва тасдиқи барнома, нақшаҳои чорабиниҳои тарбиявӣ ва нақшаҳои чорабиниҳои донишҷўёни тибқи Квотаи Президентӣ таҳсилкунандаи кафедра вобастагии зич дорад. Аз ин лиҳоз, дар ҷаласаҳои ибтидои соли хониш дар кафедра нақшаҳои чорабиниҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳо барои донишҷўёни тибқи Квотаи Президентӣ таҳсилкунанда дар асоси нақшаҳои умумидонишгоҳӣ таҳия ва тасдиқ карда шудаанд.

Қайд намудан ҷоиз аст, ки бо назардошти талабот ба илми фалсафа ва омода шудани кадрсҳои баландихтисос ва ҳамзамон афзудани теъдоди омӯзгорони рисолаи илмӣ ҳимоя намуда, бо ташаббуси мудири кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа профессор А.М.Атоев ва устодони кафедра, дастгирии сарвари Донишгоҳ ва Раёсат дар Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд боз як ихтисоси нав – ихтисоси фалсафа ба феҳрасти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид. Ва дар соли таҳсили 2022‑2023 аллакай аввалин довталабони ихтисоси фалсафа дохил шуда таҳсили худро бо муваффақият идома дода истодаанд. Ин ташаббус барои ҷашнгирии 90-солагии Донишгоҳи пуршукӯҳамон иқдоми нек мебошад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ