Эмомалӣ Раҳмон – поягузори кохи нур

Эмомалӣ Раҳмон шахсияти мондагори таърихӣ буда,корнома ва қаҳрамониҳояшон дар сафҳаҳои таърихи миллати тоҷик бо ҳуруфи заррин сабт гардидааст ва дар дилу дидаҳои мардуми тоҷик садсолаву ҳазорсоҳало зинда хоҳанд монд. Яке аз ин гуна корномаҳо дар таърихи 29 – сентябри соли 2016 анҷом дода шудааст, ки Пешвои миллат шахсан бо идора кардани булдозер дар зарфи якуним соат бо сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро бастанд ва ба бунёди сарбанди НБО “Роғун” ҳусни оғоз бахшиданд. Ба ин амали мардона ваҷасуронаи Пешвои муаззами миллат тариқи шабакаҳои телевизиониву сомонаҳои интернетӣ тамоми мардуми ҷаҳон шоҳид гардида, ба мардонгиву нотарсӣ ва ватандӯстиву шуҷоати ин абармарди миллати тоҷик қоил шуданд.Мардуми тоҷик ҳама аз дидаҳо ашки шодӣ мерехтанд чун он лаҳзаҳо лаҳзаҳои ҳассосу фаромӯш нашудание буданд, ки ба ояндаи пурнуру дурахшон ва сарсабзу шукуфони халқи тоҷик роҳи бузурги пешрафту тараққиёро боз мекард. Ин орзуи натанҳо Пешвои миллат, балки орзуи чандинсолаихурду бузурги кишвар буда, имрӯзҳо ҷомаи амал пӯшида истодааст.

Мардуми тоҷик Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун”-ро “Кохи нур”, “Нури Раҳмонӣ” мегӯянд, ки боиси истиқболи хуш буда, боз метавон онро нишонаи мардонагии мардони ватандӯсту меҳанпараст, боғайрату боғурур ва боҷасорату боору номуси тоҷик номид, ки имрӯз барои бунёди ин нерӯгоҳ заҳмату талош меварзанд.Меҳнатҳои шабонарӯзии онҳост, ки дар арсаи ҷаҳонӣтоҷиктавоноиву қудрати худро муаррифӣ карда истодаат.

Назаре ба таърихи “Роғун”

Тибқи манбаъҳо санаи оғози корҳои омодагӣ барои сохтмони ин нерӯгоҳ,10 июли соли 1972 сабт гардидааст. Сохтмони нерӯгоҳ расман соли 1976 оғоз гардида, то соли 1987 идома дошт, аммо бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ сохтмони он мавқуф гузошта шуда буд. Баъд аз чандин соли соҳибистиқлолӣ маҳз бо талошҳои Сарвари кишвар корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ин нерӯгоҳ оғоз ёфт.

Соли 2005 оид ба сохтмони нерӯгоҳ байни Тоҷикистон ва Ширкати “Русский алюминий”- Русия шартномае имзо шуд, вале он амалӣ нагардид. Тоҷикистон мақсад гузошт, ки ин нерӯгоҳро бо маблағи худ хоҳад сохт.

Бо сарварии Пешвои миллат Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» таъсис ёфт ва ойинномааш 15 апрели соли 2008, бо сармояи 116 млн сомонӣ тасдиқ гардид. Соли 2009 буҷетиин сармоя ба 6 млрд сомонӣ расид. Бароисохтмону ба кор даровардани ду агрегати барқии НБО Роғун Тоҷикистон бо ширкати сохтмонии Salini Impregilo (Италия) қарордоде ба имзо расонидааст.

Ёдовар мешавем, кисарнавишти НБО “Роғун” бисёр печида ва саршор аз монеаҳо будааст. Вақте бисёриҳо муқобили бунёди “Роғун” буданд, ҳатто кӯшиш ба харҷ медоданд то сохтмони ин иншоот шурӯъ нагардад, аммо иродаи матину ғайрати Рустамонаи Эмомалӣ Раҳмон ба муқобили ин андешаҳои ботил истодагарӣ кард. Тамоми душвориҳо ва таҳдидҳои хатарангезро таҳаммул ва пушти сар кард. Дар натиҷаи фаъолияти шабонарӯзиву дастаҷамъона бо роҳнамоии Пешвои миллат то ҳол ду агрегати НБО “Роғун” фаъолият карда истодааст.Санаи 16-уми ноябри соли 2018 агрегати якум ва 9-сентябри соли 2019 агрегати дуюми нерӯгоҳ бо иштироки бевоситаи Сарвари кишвар ба кори худ шурӯъ кард ва корҳои сохтмонӣ то ҳол ҷарайён дорад.Мо шоҳид ҳастем, ки дар марҳилаҳои сохтмони нерӯгоҳ Сарвари давлат чандин маротиба ба шаҳри Роғун сафари корӣ анҷом доданд. Аз рафти корҳои сохтмон дидан карда, бо сохтмончиён сӯҳбатҳои самимӣ доир намуданд. Президенти мамлакат борҳо собит кардаанд, ки ба азми худ устуворанд ва “Роғун” бошад намунаи беҳтарини он аст.

Инак, Роғун ба иншооти миллӣ табдил ёфта, калонтаринва баландатарин нерӯгоҳӣ барқии обӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Иқтидори лоиҳавии НБО Роғун ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр дар бар мегирад. Ба андешаи коршиносони соҳа дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 17млрд кВт-соат нерӯи барқ ҳосил кунад ва натанҳо худ, балки дасти ёрӣ ба кишварҳои ҳамсоя расонад.

Муттаҳидӣ ва ҳамдилӣ

Хидмати Пешвои миллат дар бунёди ин сохтмони халқӣ бемислу беҳудуд аст, зеро ӯ тавонист халқи кишварро дар бунёди ин нерӯгоҳи азим муттаҳид созад. Барои бозсозии НБО “Роғун” Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» таъсис ёфт, ки аз ҷониби Сарвари кишвар арсаи озмоиши нангу номус хонда шуд. Аз мардуми кишвар даъват гардид, ки якдилу якмаром гашта, дар бунёди НБО “Роғун” саҳмгузор бошанд. Пешвои миллат дар баромади хеш чунин гуфта буданд: “Мо набояд ба умеди дигарон бошем, зеро ватани моро ғайр аз худи мо каси дигар обод намекунад, чунки ин ватан аз мост ва тақдири имрӯзу фардои он низ дар дасти худи мост”. Ҳамин суханони Пешвои миллат ғурури миллӣ ва нангу номуси тиҷиконаро дар қалби ҳар як сокини мамлакат бедор кард. Хурду бузург, ҳатто мардуми берун аз марзу буми кишвари азиз бо харидани саҳмияҳо ин сохтмонро дастгиру мададгор шуданд. Камина бо ифтихор мегӯям, кияке аз саҳмиядорони ин кохи нур мебошам ва заррае ҳам бошад кӯмаки худро ба ин иншооти бузурги аср расонидаам.

Бояд гуфт, кихелеҳо эътироф намуданд ва иброз доштанд, ки вақте ин корро як давлати пурқудрат анҷом дода натавониста буд, онро оқибат Тоҷикистони мустақил бо мардуму роҳбарии Пешвои худ анҷом медиҳад. Вақте, Александр Прохонов ин иншооти асрро бо чашмони худ мебинад, шефта мешавадуба мардуми тоҷик ва Сарвари кишвар аҳсану офарин гуфта, нисбат ба заҳмату талош ва заковати халқи тоҷик дар ин сохтмон баҳои баланд медиҳад: “Ин нерӯгоҳро мардуми тоҷик месозад, на сарватмандону ширкатҳои хусусӣ Ин сохтмони халқист. Деҳотиёни гӯшаҳои дуртарин кишвар як-ду , ҳатто то даҳ саҳмия доранд, ки онҳоро соҳибмулки нерӯгоҳ мекунад. Ин кори умумии деринтизор аст, ки дорою камбағал, пиру ҷавон, эътиқодманду беэътиқодро муттаҳид кардааст. Ин заҳмати ояндасоз мебошад, ки дар он халқ беҳбудии худ ва амалишавии ормонҳои созандаашро мебинад”.

Албатта, халқи тоҷик бо муттаҳидӣ ва ҳамдилии хеш НБО “Роғун”- ро бунёд мекунад. Барои ба пуррагӣ анҷом ёфтани он заҳмат намуда, нерӯи бузурги фанонопазири худро ба олам нишон хоҳад дод.

Аҳамияти “Роғун

Дархотирам ҳаст лаҳзаҳои кӯдакиам, замони бебарқӣ шабҳои тӯлонии зимистон бо аҳли оилаамон дар атрофи лампа нишастакитоб мехондем, суҳбат мекардем, танҳо дар дил мегуфтем, ки ин ҳолат то кай идома хоҳад ёфт?Он рӯз ҳам фаро расид ва имрӯз мо арзиши барқрохуб медонем. Хушнуд аз он ҳастем, ки баъд аз бафаъолият оғоз кардани агрегати аввалини “Роғун” дар тамоми гӯшаву канори кишвар барқ доимӣ гардида, мардуми деринтизорро хушҳолу сарфароз намуд.

Тибқи таҳлилҳои олимони соҳа Тоҷикистон бо бунёди ин нерӯгоҳ амнияти энергетикии худро барои солҳо таъмин карда, ҳамчунин имконияти ба кишварҳои ҳамсоя додани нерӯи барқи аз нигоҳи экологӣ тозаро фароҳам месозад. Ҳамзамон ҷараёни оби дарёро барои тамоми фаслҳо таъмин мекунад. Пас аз ба кор даровардани агрегати шашум иқтидори Роғун ба 3600 мВт мерасад ва солона 17 млрд кВт нерӯи барқ истеҳсол мекунад.Шореҳи машҳури амрикоӣ Ҳиллари Креймер тарҳи “Роғун” ро калиди пешрафти иқтисодӣ ва сиёсии минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ медонад. НБО “Роғун” баландтарин сарбанди рӯи олам хоҳад шуд ва барои даҳсолаҳо мардуми тоҷик ва ҳамсоягонашро аз камбудии шадиди нерӯи барқ наҷот хоҳад дод.

Сипосманду шукргузорем аз Пешвои миллат аз мардони мард- сохтмончиёниНБО “Роғун”.

“Роғун” ва арзиши ҷаҳонии он

Вазъи ҷаҳони муосир ташвишовар буда, ҳар як шахсро ба таҳлука меоварад. Аз расонаҳои хабарӣ бо чашми худ дида истодаем, кивазъият то кадом андоза хавфнок аст. Кишварҳои бузурги ҷаҳонӣ вобаста ба вазъи мураккаби сиёсӣ ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ гашта истодаанд. Имрӯз дар давлатҳои мутараққии ҷаҳон нархи тамоми маҳсулот аз ҷумла қувваи барқба ҳадди ниҳоӣ расида, сокинонашон барои эътироз ба хиёбонҳо баромада истодаанд. Мардуми мамлакатҳои ғарб, ки солиёни зиёд бо шароити хубу фаровон ҳаёт ба сар мебурданд, имрӯз маҷбуранд барои рӯзгузаронии худ сарфакорӣ намоянд. Сабаби нархи гарони маҳсулотҳо аз ҳамдигар вобаста будани ин кишварҳо дар соҳаи энергетикамебошад. Инмамлакатҳо, кисолҳои зиёд ҳамкорӣ доштанд вобаста ба вазъияти сиёсӣ, муносибаташонро қатъ карда истодаанд.

Хушбахтона, Тоҷикистон дар масъалаи нерӯи барқ муҳтоҷи касе нест. Хиради дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар вақташ азми бозсозии НБО “Роғун”-ро ба миён гузоштанд, ки имрӯз ба манфиати кулли мардуми тоҷик нигаронида шудааст. Вақте сарвари кишвар ин масъаларо матраҳ намуданд хелеҳо бо шакку шубҳа ва тамасхӯр бархурднамуданд ва ҳоло бошад мо боварӣ дорем, ки ангушти ҳайрат мегазанд.

Моро зарур аст, ки аз ин вазъияти душвори дар ҷаҳон ба амаломадастода ҳамеша огоҳ шуда, зиракиро аз даст надиҳем. Дар истифодаи қувваи барқ эҳтиёткору сафакор бошем. Ба қадри заҳматҳои зиёда аз 18 ҳазор муҳандис, сохтмончӣ, ронандаву корманди техникӣ, ки дар се баст ба бунёди НБО-и “Роғун” талош варзида истодаанд бирасем. Бо ҳисси қаноату сипосмандӣ муносибат намоем.

Зикр кардан ба маврид аст, киСохтмони НБО “Роғун” моҳияти байналмилалӣ дошта, Тоҷикистон метавонад бо истеҳсоли 98 фоизи барқ тавассути нерӯгоҳҳои барқии обӣ яке аз кишварҳои тадбиқкунандаи “Иқтисодиёти сабз” ба шумор равад ва бо бунёди ин нерӯгоҳ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо мекунад.Ҳамчунин Тоҷикистон бо истеҳсоли “Энергияи сабз” яъне, нерӯи барқи тоза ба қатори шаш мамлакати пешрафтаи ҷаҳон дохил гардид, ки ин боиси ифтихор аст.

Аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила ба истифода додани агрегатҳои НБО “Роғун” дар вуҷуди мардум ҳисси ифтихори миллиро боло бурд. Роғун ин марзи шараф номус ва ғуррури миллати тоҷик буда, Пешвои миллат бошанд, поягузориин Кохи нур ҳисобида мешаванд.

Хулоса, истиқлолият шароит фароҳам овард, ки мо боигарии хешро соҳибӣ намуда, онро ба манфиати халқу миллати хеш истифода кунем. Муҳимтар аз ҳама бо кӯшишҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои миллию фарҳангии худро аз нав эҳё намуда, тоҷиконро ҳамчун миллати ватансоз ба ҷаҳониён муаррифӣ созем.

Моҳрӯ Қурбонзода докторанти МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ