Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби Сарвари нави давлат

Дар таърихи таҳаввулоти Осиёи Марказӣ қарорҳои Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиргузор аст. Ин модели мутамарказкунии ҳокимият сабақомӯз гардид. Ба ин хотир ҳам, агар Иҷлосияи ХVI – ро тақдирсоз гўем, пас меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ, давлати навини тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аст.

Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик ҳақиқатан ҳам барои халқи тоҷик ва тамоми тоҷикистониён тақдирсоз буда, аҳамияти таърихӣ-умумиҷаҳонӣ дорад, чунки дар ин иҷлосияи таърихӣ ҷанги хонумонсўзи шаҳрвандӣ боздошта, ҳукумати қонунӣ барқарор ба пойдевори сулҳу салоҳ асос гузошта, барқарор ва инкишофи хоҷагии халқ сар шуд.

Истиқлолияти сиёсии давлатии халқи тоҷик 9 сентябри соли 1991 расман эълон шуда бошад ҳам, амалӣ гардидани он аз иҷлосияи тақдирсози миллат - иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин маъниро таъкид намуда, аз ҷумла гуфтаанд: «Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд, ба ташкили давлату ҳукумати нави Тоҷикистон замина гузошт».

Дар иҷлосия интихоби роҳбари давлат, баъд аз тасдиқ гардидани рўзномаи он, яке масъалаҳои муҳим хисобида мешуд. Чунки рафти кори иҷлосия, муҳикима ва қабули қарор ва хулосаҳои судбахш аз бисёр ҷиҳат ба сарвари нави давлат вобастагии калон дошт. Ман ҳамчун тарҷумони иҷлосияи таърихӣ дар муҳокимаи ҳамаи масъалаҳои асосӣ бо қадри имкон ширкат варзида аз ҷараёни кори он каме бошад ҳам, хабардор будаам. Дар асосӣ маслиҳати комиссияи муросои миллӣ, тамоми аъзоёни Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумат, сарварони вазорату кумитаҳо ва ғайраҳо ба истеъфо рафтанашон лозим буд, ва ҳамин хел ҳам шуд. Аммо бо супориши баъзе қувваҳо Раиси Шўрои Олӣ Акбаршо Искандаров ба истеъфо нарафт ва дар асоси қонун ба роҳи овоздеҳии расмӣ ӯ аз вазифа озод карда шуд. Баъд аз он дар асоси пешниҳоди вакилони мардумии минтақави вилоятҳои Ленинобод, Кӯлоб, Қўрғонтеппа, Ғарм ва Вилояти худмухтори Бадахшони Кўҳӣ(ВМБК) номзадҳо ба вазифаи Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистн, ки дар он вақти мураккабу бесару сомонӣ дар асоси Конститутсияи амалкунандаи ҷумҳурӣ сарвари давлат ҳисобида мешуданд номзадҳо пешниҳод карда шуданд.

Замоне, ки фарзанди номвар ва номбардори халқ Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб шуд, Ватани нав ба истиқлолрасидаи Тоҷикистон рўзҳои даҳшатборро ба сар мебурд. Ҷангу низоъҳои хунини миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард.

Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату субот мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба Ватан баргардонд.

Бо азму иродаи Сарвари давлат дар як муддати кўтоҳ харобаҳо обод шуданд. Барои ба ҳам пайвастани тамоми гўшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва барои мустақиман баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан бо кишварҳои дуру наздики хориҷӣ шоҳроҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд.

Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои аҳли кишвар самараи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ ба он сазовор шудаанд. Мукофоти ин ҳама заҳматҳо ҳамчунин ҳусни таваҷҷўҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳон мебошад, ки ҳар гоҳ нисбат ба Сарвари донову тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида ва ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ иброз мегардад.

Бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Таҷрибаи талхи ҷангҳои дохилӣ дар ҷаҳон шаҳодат медиҳанд, ки ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони қудратталабашро аз сангарҳои ҷанг берун оварда, бо силоҳи ҷангию лавозимоти ҳарбӣ ва сарбозони ҷангозмудааш дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинондааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин барои гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузошт.

То имрўз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 140 кишвари ҷаҳон ба расмият шанохтаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинки, Баёнияи Париж ва дигар созишномаҳои байналхалқӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро амалӣ сохта, ҳуқуқи инсонро сарфи назар аз мансубияти миллӣ, маҳаллӣ ва мазҳабиву нажодӣ ҳифз менамояд.

Ҳамзамон, дар кори баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалии олам талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва саривақтианд. Пешвои миллат борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ карда, баробари проблемаҳои Тоҷикистон таваҷҷўҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон, масъалаҳои мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон, масъалаи таъминоти оби тоза ва ғайраҳо ҷалб мекунанд. Аз ҷумла, ҷомеаи ҷаҳонӣ оқибат ба ҳалли қазияи Афғонистон, ки ҳамзамон ба пойгоҳи терроризму экстремизм табдил ёфтааст, рў овард.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳимтарини ояндаи инсоният низ муносибати дурбинона ва ҷиддӣ доранд. Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 – юмро Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005 – 2015 – умро Даҳсолаи «Об - барои ҳаёт», «2013 –соли дипломатияи обӣ», «Солҳои 2018-2028- Об барои рушди устувор» эълон кард. Айни ҳол аксари чорабиниҳои ҷаҳонию минтақавии вобаста ба об дар чаҳорчўби ҳамин даҳсола гузаронда мешаванд, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз ин иқдоми Сарвари муаззами давлат аст.

Дар тўли сӣ соли истиқлолияти кишвари мо таҳти сарвари Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди Милли нав гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ – Артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадиро ба вуҷуд овард ва устувор гардонд. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ эътироф гардид. Омўзиш ва таҳлили таърихнигории таърихи Иҷлосия ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давом дорад.

Ҳамин тавр, хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки маҳз он кас ихтиёри давлатдориро ба даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифтанд, оташи ҷанги дохилиро хомўш намуданд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохтанд, артиши миллӣ ва нерўҳои посбони сарҳадро таъсис доданд, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуданд, заминаи сулҳи миллиро матраҳ карда, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардониданд. Заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузоштанд, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардониданд, Конститутсия(Сарқонун)-и нави Тоҷикистонро эҷод карданд, барои ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа заминаҳои ҳуқуқиву сиёсиро фароҳам сохтанд, сулҳи тоҷиконро ба даст оварданд, ки барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир аст, заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохтанд, ба корҳои азими созандагӣ ифтитоҳ бахшида, аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро ба куллӣ беҳтар карданд, хатари гуруснагиро аз байн бурда, эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба ивази саҳми хеле арзишманди худ дар таъмини сулҳи Тоҷикистон ва таҳкими амнияти минтақа ва дигар хидматҳои шарофатмандонаашон дар вусъати муносибатҳои дўстона ва ҳамкории байни мардумон бо унвону нишонҳои олии давлатҳо ва созмонҳои гуногуни ҷаҳон сарфароз гардидаанд.

Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он эътироф гардидаанд. Барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ ба гирифтани Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор дониста шудаанд. Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳон аввалин сиёсатмадоранд, ки чунин мукофоти олиро соҳиб гардидаанд.

Дар арафаи ҷашни Ваҳдат (2005) боз як ҷоизаи олӣ – медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо» - и Федератсияи байналмилалии сулх ва ризоият насиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Эмомалӣ Раҳмон дар байни сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин кассе мебошанд, ки ба дарёфти ин ҷоиза мушарраф гардидаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои гуногун ҳамчунин бо ордени алмосдори «Звезда мецената» (Ситораи сарпараст) - Ҷоизаи олии ҷамъияти бунёди байналмилалии хайрияи «Меценаты столетия» (Сарпарастони аср), ордени «Қаҳрамони миллии Афғонистон – Аҳмадшоҳи Масъуд», ҷоизаи Бунёди байналмилалии нависандагон ва рўзноманигорони Ҷумҳурии туркия, ситораи ёқутии «Миротворец» (Сулҳовар), Медали тиллоии Маҷлиси халқи (Парлумони) Ҷумҳурии Мисри Араб, Нишони фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ордени Шўрои Олимпии Осиё ва дигар мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардонда шудаанд.

Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.

Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрўз ба сўи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад. Ҳамчун тарҷумони Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданиам, ки маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки шахсияти ташкилотчию ташаббускор, ҷоннисор, данишманд, нотарс, ҷасур, маърифатпарвар, сарсупурдаи халқу Ватан ва дорои ифтихори бузурги миллианд, ки мардуми кишварро сарҷамъ карда, ба Ватан сулҳу субот оварда, муҳоҷирони зиёдеро, ки бар асари нооромиҳои кишвар ҳам дар хориҷ ва ҳам дар дохил ҷойҳои зиндагии худро тарк карда буданд, боз ба маконҳои зисти худ баргардониданд.

Барои ҳамин ҳам хизматҳои Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин (тиллоӣ) навишта шудааст. Дар таърих кам касоне пайдо мешаванд, ки халқи худро дар ҳолатҳои буҳронӣ наҷот дода тавониста бошанд. Барои ҳамин ҳам барору омади кори ҳалқи Тоҷикистон аст, ки дар Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони мардумӣ, фарзанди фарзонаи халқи тоҷикро ҳамчун Раиси Шўрои Олии ва Сарвари давлат интихоб карданд. Дар натиҷаи ба ҳаёт татбиқ намудани қарорҳои таърихии Иҷлосияи тақдирсози миллат ХVI муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сиёсатмадори сатҳи умуммиллӣ ва байналмилалӣ шинохта шуда, ба ҳурмату эҳтироми ҳамогон сазовор гаштанд.

Абдулфаттоҳ Раҳимов - профессор, ноиректори бахши таълими МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров»,

Сафар Эркаев, дотсенти МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Fафуров», иштирокчии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ