​Марҳилаи рушди боргоҳи меҳварии тарбияи омӯзгорони оянда

Омӯзгор, устодро бузургони вақт дар ҳамаи давру замон арҷгузорию ситоиш мекарданд, андешаҳою баҳоҳои ҷолиби онҳо дар бораи мавқеи соҳибони ин касб, нақши онҳо дар ташаккули инсони комил аз забонашон садо дода бошад, қаламашон сифати эшонро дар коғаз нақшинкорӣ намуда, ҳаёти ҷовидона бахшидаанд. Дар замони муосир тамоми он суханҳои тиллоиро ҷамъбаст намуда, директори маркази таълимии №825 шаҳри Маскав Караковский Владимир Абрамович гуфтааст: «Олами таҳсилот имрӯз бо зиддиятҳои фавқулодда дар мулоҳизаю ҷустуҷӯҳо ва вазъияту шароит дар роҳи дигаргуниҳои куллӣ, озодии деринтизор, роҳкушоӣ ба мактаби гуманистии оянда дучор шудааст. Аз як тараф муҳаббати самимию қавӣ ба кӯдак, бо камоли масъулият ва эҳтиёткорӣ муносибат кардан ба он, аз тарафи дигар ҳаннотӣ дар заминаи ғояҳои озодии мутлақ, тарғиби худравӣ дар инкишофи шахсият, инкори ҳуқуқи педагог ба мавқеи фаъолонаи касбӣ. Дар маркази ин гирдоби бемисл симои фоҷеона ва хушнамои Муаллим меистад. Барои чӣ фоҷеанок? Барои он ки тамоми нобарориҳои инсоният – нобарории ӯст. Тамоми фоҷеаҳои дар байни инсоният рӯйдиҳанда – фоҷеаи ӯст. Тухми Хирад, Некӣ, Абадиятро пошида ӯ бо воқеияти атроф муборизаи беамон мебарад.Бе муаллим на қаҳрамон ҳасту на шоир, на сиёсатмадору на олим. Касби педагогӣ модаркасби ҳамаи касбҳост. Вақти он расидааст, ки назди муаллим сар хам кунем, боварии онҳоро ба ғалабаи бегумони амаламон, садоқат ба шогирдон бовар кунонем ва ба онҳо Некӣ, Зиё, Адолат ва Эътирофро орзу намоем».

Барои амалӣ гаштани ин таманно қабл аз ҳама муаллимеро тарбия намудан лозим аст, ки сифатҳои номбаркардаи педагоги машҳури замон ба он хос бошад. Дар ин ҷода тамоми ниҳодҳои масъул – факулта, кафедраҳои тахассусӣ, фанҳои ҷамъиятӣ, психологию педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд бо дарки масъулият, ҳамҷиҳатона, бо ҳамкории ҳадафрас амал намоянд. Мусаллам аст, ки дар ин раванд кафедраи педагогика нақши пешбарандаи боризро иҷро намуда, ташаккули сифатҳои касбию инсонии омӯзгори ояндаро ба низом медарорад, мақсаднокии онро таъмин менамояд.

Кафедраи педагогикаи умумии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Ленинобод ба номи С.М.Киров (имрӯза Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) ин рисолатро тӯли 88 сол ба дӯши худ дошта, ҳаракати муҳассилинро ба баландтарин қуллаҳои касбият роҳбарӣ менамояд. Дар ин муддат ин боргоҳ даҳҳо инсонҳои наҷиб, устодони пешқадаму ботаҷриба, фидоиёни кори таълиму тарбияро ба ҳам оварда, дар таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар бо омӯзгорони соҳибкасб саҳми арзанда гузошта меояд. Аъзои кафедра аз лаҳзаи таъсиси он то ба имрӯз новобаста ба синну сол, дараҷаи илмӣ ва таҷрибаи корӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки донишҷӯёнро бо асосҳои педагогика шинос намуда, донишҳоро доир ба назария амалияи фаъолияти педагогӣ ба тафаккури он ҷойгир намоянд.

Онҳо пайваста таъкид менамоянд, ки дар ҷомеа ҳама бо таълиму тарбия машғул мешаванд: агар ба ҳайси омӯзгор кор накунанд ҳам фарзандон ё зердастони худро тарбия мекунанд, кӯшиш менамоянд, ки ҳамкорон, дӯстон, ҳамсоягонро, ҳатто ҳамсафарони худро дар сафари кӯтоҳмуддати якҷоя дар нақлиёти ҷамъиятӣ омӯзонанд, ки чӣ тавр зиндагӣ бояд кард. Омӯзонидани дигарон ба маънои васеяш машғулияти дӯстдоштаи фарзандони инсоният ба ҳисоб меравад ва ин амали онҳо ҳамчун фаъолияти педагогӣ ба назар мерасад. Яъне, фаъолияти педагогӣ тамоми соҳаҳои мавҷудияти инсон – илм, санъат, истеҳсолот, сиёсат, иқтисодиёт, маориф, идоракунӣ, зиндагии муқаррариро фаро мегирад.

Бо вуҷуди ин ҳама фаъолияти педагогии муаллим бо объект, мақсад, мазмун, шакл, усул, воситаҳои таълиму тарбия, бо илмият ва шуурнокӣ аз он соҳаҳое ки мо номбар кардем куллан фарқ мекунад. Бо ишораи ҳамин воқеият устодони кафедра донишҷӯро бо моҳияти касби педагогӣ, мавқеъ, мақом ва масъулияти он дар ҷомеа шинос менамоянд. Такяи амалияи педагогиро бо назарияи он нишон дода, қайд менамоянд, ки бе назарияи педагогӣ ҷомеа имконияти назоратро аз болои захираҳои муҳимтарини тамаддун, имконияти ҳалли муаммоҳои глобалии замон, чун муҳофизати сулҳ, ҳаёт дар рӯи замин, ҳаммавҷудияти инсону табиат, пешгирии минбаъдаи технизатсия ва роботизатсияи инсон, пешгирии азбайнравии арзишмандии он, барқароркунии адолати ҷаҳониро аз даст медиҳад. Зеро барои ҳалли ин муаммоҳо сифати инсон нақши ҳалкунанда мебозад ва чунин инсонро фақат бо донистани педагогика ташаккул додан имконпазир асту бас.

Дар таърихи ҷомеа, муассиса ва инсони алоҳида ҳам марҳилаҳое ҳастанд, ки бо дастовардҳои хоса хотирмон мегарданд. Ба ақидаи муаллифи ин сатрҳо солҳои ҳаштодӯм, навадуми асри гузашта дар саҳифаҳои таърихи кафедраи педагогикаи умумӣ ҳам аз ҷиҳати фаъолияти густурдаи таълиму тарбиявӣ, ҳам аз ҷиҳати дастовардҳои илмӣ ва фаъолияти ҷамъиятӣ яке аз чунин давраҳо маҳсуб меёбад. Гуфтан кофист, ки маҳз соли 1980 то 1992 рисолаҳои номзадии 12 нафар омӯзгор ҳимоя гардид, соли 1996 Худойназар Ҷонназаров рисолаи доктории худро дар заминаи асарҳои чоп шудааш доир ба маълумоти педагогӣ манзури шӯрои махсуси диссертатсионӣ намуда, ба дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогика мушарраф гардид.

Монографияҳои Худойназар Ҷонназаров “Таърихи инкишофи маълумоти педагогӣ дар Тоҷикистон”, “Муаллим ва кори касбинтихобкунӣ дар мактаб”, китобҳои “Сесад ҳадис ва ҳикмату ашъор доир ба илм” – и Маҳмудҷон Оқилов, “Фаъолият ва ақидаҳои педагогии Садриддин Айнӣ” – и Матлуба Каримова “, “Осори педагогии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ” – и Абдухолиқ Набиев, “Тарбияи эстетикӣ дар ҷараёни омӯзиши фанни табиатшиносӣ дар синфҳои 4 –6” – Ҳабиба Юсупова, “Одобнома” – и Турдимурод Аҳлиллоев, “Асосҳои педагогикаи умумӣ” – и Исмоил Пӯлотов чоп гардида, иштироки устодон дар конференсияҳои илмӣ дар қаламрави кишвар ва берун аз он доман густурд. Ҷуғрофияи сафарҳои илмии намояндагони кафедра васеъ гардида нафақат Маскаву Ленинград (имрӯза Санкт – Петербург), пойтахти ҷуҳуриҳои шӯравӣ, балки шаҳрҳои вилоятии Иттиҳоди Шӯравиро фаро мегирифт. Роҳбарияти донишкада кӯшиши олимонро дастгирӣ намуда, барои сафар ба ҷумҳуриҳои дигар ва шаҳрҳои марказӣ бо пардохти хароҷоти роҳ шароити мусоид фароҳам меовард.

Таҳияи дастурҳои методӣ доир ба фанҳои таълимӣ – педагогика, таърихи педагогика, муқаддима ба ихтисоси омӯзгорӣ, таҷрибаомӯзии муттасил: ҷамъиятӣ, лагери пионерӣ, педагогӣ, хатмкунӣ (барои нимсолаҳои таълимии 2–4) нав ва мукаммал гардиданд. Дар ҳамин давра дастурҳои методии “Факултаи муаллими оянда” ва “Ба ту шунавандаи факултаи муаллими оянда” – Абдуҳаким Шарипов ва Мухтор Исматов барои шунавандагон ба табъ расид

Бо ташаббуси дотсент Александр Петрович Войченко соли 1981 дар назди донишкада факултаи муаллими оянда таъсис ёфта, қадами ҷиддӣ дар корҳои касбинтихобкунии педагогӣ гузошта шуд. Дар заминаи фаолияти ин факулта рисолаи номзадӣ ҳимоя гардид.

Низомномаи факулта аз ҷониби Шӯрои олимони донишкада тасдиқ гардида, мақсад ва вазифаҳои ин сохтор, тартиби фаъолият, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шунаванда ва дигар расмиятҳои дар чунин маврид зарурро дар бар мегирифт. Декани ин факулта аъзои Шӯрои олимони донишкада буд. Факулта 8 шӯъба (мувофиқи факултаҳои мавҷудаи он солҳо) дошт.

Ба факулта хонандагони синфи 9 моҳи августи ҳар соли навбатӣ тавассути эълон дар матбуоти вилоят, дар асоси аризаашон ҳамчун шунаванда қабул карда мешуданд. Барои онҳо 2 дастури методӣ бо унвонҳои таҳия ва чоп гардида буд.

Таҳсил ғоибона сурат мегирифт ва 2 сол давом мекард. Шунавандагони соли якуми таҳсил бо фаро расидани таътили тирамоҳӣ ба донишкада ташриф оварда, бо факултаи интихобкардаашон, устодон ошно мегаштанд, супоришҳоро аз ихтисос ва фанҳои педагогикаю психология гирифта, баъди иҷро тавассути почта ба суроғаи дахлдор мефиристоданд. Устодони факултаҳо, кафедраҳои педагогика ва психология вазифадор буданд корҳои хаттиро санҷида, баҳогузорӣ намоянд.

Шунавандагон дар таътили зимистона 10 рӯзи худро дар донишкада бо машғулиятҳо мегузарониданд. Онҳое ки аз ноҳияҳои дурдаст меомаданд, дар осоишгоҳи донишкада зиндагӣ ва табобат мекарданд. Дар Барномаи таълимӣ ба ғайр аз машғулиятҳои назариявию амалӣ (ҳар рӯз 4 соат) чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла тамошои спектакл дар театр низ дар назар дошта шуда буд.

Машғулиятҳо дар давраи таътили баҳорона асосан аз ҳисобот доир ба иҷрои супоришҳо иборат буд. Тобистон шунавандагон дар заминаи ягон урдугоҳи пионерӣ 21 рӯз бо машғулият ва фароғат фаро гирифта мешуданд. Соли 2 – юми таҳсил низ ҳамин тавр сурат дошт.

Дар ҳолати бомуваффақият хатм намудани факулта шунавандагон соҳиби имтиёз дар озмуни довталабон мешуданд.

Маҳз дар ҳамин давра кафедра заминаи ташкилшавии боз як сохтор – кафедраи методикаи корҳои тарбиявӣ (соли 1983) гардид. Як қисми омӯзгорон бо сарварии дотсент Худойназар Ҷонназаров (минбаъд доктори илмҳои педагогӣ, профессор) ба ин кафедраи навтаъсис шомил гаштанд. Зимнан, теъдоди муаллимон ва кормандони ин ду кафедра якуним баробар афзуда, нақши онҳо дар баробари баланд бардоштани сифати раванди педагогӣ ва дар ҷодаи илм ва тарғиби донишҳои педагогӣ афзуд.

Ҳайъати кафедра дар ин давра аз намояндагони миллатҳо ва минтақаҳои гуногун иборат буд. Кӯҳансолтарин узви кафедра Довудов Нерё Катанович (яҳудӣ) зодаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Лучанский Соломон Ноевич (яҳудӣ) аз Чумҳурии Украина, Войченко Александр Петрович (украин) аз Ҷумҳурии Қирғизистон, Ашӯров Раҳим (ӯзбек) аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ню Роза Лвовна (курёгӣ) зодаи шаҳри Маскав, Дидун Владимир Василевич (рус) буданд.

Онҳо бо намояндагони маҳал – тоҷикону ӯзбекон, Окилов Маҳмудҷон, Асроров Абдуҳамид, Бегматов Абдураҳмон, Ҷонназаров Худойназар, Сайфуллоева Мавҷуда, Каримова Матлуба, Бойматов Зикрулло Абдуллоевич, Набиев Абдухолиқ, Юсупов Ҳабиба Саидовна, Дадобоев Нурулло, Қаюмов Абдураҳмон, Маннонов Абдураҳмон, Собиров Турсунбой, Исматов Мухтор Собирқулович, Шарипов Сайдулло, Тӯхтаева Тӯҳфахон, Шарипов Абдуҳаким, Аҳлилоев Турдимурод, Пӯлотов Исмоил Мамадович, Барановский Михаил Борисович (яҳудӣ) паҳлӯ ба паҳлӯ истода, барои пешрафти кафедра, баланд бардоштани обрӯ ва эътибори илми педагогика, тарғиби он хизмати босазо карданд.

Дастовардҳои кафедраро ҳамчун сохтор бе фаъолияти ӯҳдабарона, салоҳиятнокии мудири кабинети педагогика Соснина Роза Михайловна (Моисеевна), лаборанти калони кафедра Тӯхтаева Тӯҳфахон, баъд аз ба вазифаи муаллими гузаштани он кас Коробова Екатерина тасаввур кардан мумкин нест. Онҳо дар ташаккули фазои мусоиди меҳнатӣ ва самаранокии корҳои таълиму тарбия саҳми беандоза бузург мегузоштанд.

Дар кафедра аввали солҳои ҳаштодӯм се насли омӯзгорон равшан ба назар менамуд. Робитаи наслҳо дар кафедра бо шарофати фаъолияти мудирони кордида ва ботаҷриба оқилона роҳандозӣ шуда буд. Гарчанд дар бораи сарпарастии расмӣ сухан намерафт, кариб ҳамаи калонсолон ба рисолати мураббигӣ содиқ буданд, доимо омодагии худро ба кӯмаку машварат ва мадад дар сухан не, дар амал собит месохтанд.

Насли калонсоли кафедра зиндагиномаи бою намунавӣ дошта, бо фаъолияти давлатӣ ва ҳангоми кор дар кафедра бо корҳои ҷамъиятӣ машғул буданд. Аз ҷумла Довудов Нерё Катанович (1908 – 1983) ба ҳайси мудири кафедраи педагогика дар донишкадаи омӯзгории занонаи Ленинобод, Оқилов Маҳмудҷон (1927- 1998) мударриси мадрасаи Мири араби Бухоро, Бегматов Абдураҳмон (1933 – 2001) дастурдеҳи кумитаи шаҳрии ҳизби коммунист, директори мактаби миёнаи №13 шаҳри Хуҷанд, раиси шӯрои раисони маҳаллаи шаҳри Хуҷанд, Войченко Александр Петрович (1933 – 2014) мудири шӯъбаи таълими донишкада, декани факултаи филологияи рус, Бойматов Зикрулло Абдуллоевич (1939 –2010) котиби ташкилоти комсомолии донишкада, раиси шӯрои маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, Набиев Абдухолиқ (1940 –2009) раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишкада, мудири шӯъбаи тайёрӣ, раиси Шӯрои собиқадорони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд фаъолияти босамар бурдаанд.

Дар бораи сифатҳои инсонӣ ва касбии ин абармардони маориф саҳифаҳо не, балки китобҳо навиштан мумкин аст. Ҳоло дар ин мақола чун иқдоми нахуст ҷиҳати арҷгузорӣ аз хизматҳои шоистаи онҳо ва адои қарзи шогирдӣ тавсифи баъзеи онҳоро, ки дар тақдири минбаъдаи муаллиф мақоми хоса доштанд, ба ҷо меорем.

Аз сабаби он, ки ҳангоми ба кафедра омадани ман Лучанский Соломон Ноевич (соли таваллуд 1925 – вафот номаълум) мудир буд, баёни ҳоли мудиронро аз ӯ сар мекунем. Ман Соломон Ноевичро ҳамчун инсони ором, ботамкин дарёфтам, овозаш ҳеҷ вақт баланд намешуд. Симо ва нигоҳи худро хуб идора мекард, аз зоҳири он ботинашро фаҳмидан хеле душвор буд. Ғазаби ӯро кас намедид, дар ҳолати қаноатмандӣ қиёфааш моили табассуми наонқадар аён мешуду ҳангоми маҳкумкунӣ нигоҳаш хаёлангез. Дар пешниҳоду таклиф хеле андешаманд буду пешниҳодҳои амалии фоиданокро бо тези мепазируфт ва ҳангоми ба касе додани супориш бо лаҳни хоса гап мезад, ки шунаванда супориши ӯро ба сифати хоҳиш қабул мекард.

Ман то ҳол лаҳзаи ба кор қабулшавии худро фаромӯш накардаам. Вақте ки бо дархости идомаи фаъолияти меҳнатӣ ба кафедраи педагогикаи умумӣ ташриф овардам Соломон Ноевич бо ман сӯҳбаткунон баъди ҳар як ҷавобам ба саволҳояш муддате хомӯш мемонд ва ба диққат ба сӯям нигоҳ мекард. Гӯё донистанӣ буд, ки рост гуфта истодаам ё дурӯғ. Баъди изҳори ман дар бораи забони ӯзбекиро донистанам ӯ аз Худойназар Ҷонназаров, ки дар кабинет бо корҳои худ машғул буданд, имтиҳон намудани маро хоҳиш намуд. Бо вуҷуди ин ҳама ӯ ба ман изҳор накард, ки ба кафедраи педагогика мувофиқам. Хуллас, ӯ педагоги ҳақиқӣ буд!

Фарқияти Александр Петрович Войченко аз Соломон Ноевич аз замин то осмон буд. Ҳар чизе ки дар дилаш буд ба забон меовард. Бо овози баланд ҳарф мезад. Барқад қадам мегузошт. Дар кор ҳам паҳлавон буд. Дар майнаи ӯ ғояҳои нав ба нав ҷӯш мезаданд. Дар ҳимояи манфиатҳои кафедра устувор, дар амалигардонии нақшаҳо собитқадам буд.

Ин характери ӯ дар солҳое ки бо баҳонаи ба донишгоҳ табдил ёфтани донишкадаи собиқ бархе ба педагогика ҳуҷум сар карда, соатҳои таълимии онро кардани буданд, хеле кор дод. Ягон ҷаласаи Шӯрои олимони донишкада ва минбаъд донишгоҳ набуд, ки Александр Петрович мавқеи худро дар ин бобат ошкоро изҳор нанамояд.

Вай устокорона дар дохили кафедра гурӯҳҳо эҷодиро созмон дода, фаъолияти ҳамагонро ба сӯи мақсадҳои ягона равона месохт. Ба ҳамаи ҷавонон дар муайян кардани мавзӯъҳои тадқиқоти илмӣ кӯмаки амалӣ мерасонд. Мавзӯи рисолаи номзадии муаллифи ин сатрҳо низ маҳсули андешаҳои илмии ин марди фозил буд.

Худойназар Ҷонназаров инсоне буд, ки маънии ҳаёташро фақат дар ҳамқадамӣ бо ҳаёт медид. Дар ибтидоӣ солҳои ҳаштодум бо дарки таҳдид намудани буҳрони маънавӣ ба ҷомеа ва пешгирии саривақтии он мавсуф дар назди роҳбарияти донишкада доир ба ташкили кафедраи методикаи корҳои тарбиявӣ масъала гузошт. Вай таъкид мекард, ки бе омодагии мақсаднок, ҳадафрас ва манфиатҷӯёни омӯзгорони оянда таъмин намудани самаранокии кори тарбия дар мактаб имконнопазир аст. Ислоҳоти мактаб, ки соли 1984 дар Иттиҳоди Шӯравӣ роҳандозӣ гардид, муаммои тарбияро дар мактаб асосӣ ҳисобида, кордонию дурбинӣ ва ӯҳдабароии ин устоди навоварро собит сохт.

Ин шахси ташаббускор дар мактаби миёнаи №24 лабораторияи корҳои тарбиявӣ ташкил намуда, барои густариши робитаю ҳамкории кафедра бо муассисаи таҳсилотӣ замина гузошт. Таассуроти донишҷӯи мактаби олиро аз мушоҳида ва назорати бевоситаи раванди педагогӣ тасаввур кардан мушкил нест.

Аъзои миёнасол ва ҷавони кафедра, ки фаъолияти педагогиашон солҳои ҳаштодум ба авҷи олии худ расида буд, эстафетаи калонсолонро идома дода, дар баробари корҳои таълиму тарбия иштирокчии фаъоли ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятии донишкада, шаҳру вилоят гардиданд. Аз ҷумла Юсупова Ҳабиба Саидовна ба ҳайси котиби ташкилоти ҳизбии факултаи рассомию бадеӣ, Маннонов Абдураҳмон (1947 2004) ректори Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимон, Исматов Мухтор Собирқулович (1951– 2009), муовин ва сипас, раиси ҷамъияти ӯзбекони вилоят, Шарипов Абдуҳаким раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ, мудири шӯъба дар дастгоҳи Раиси вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Аҳлилоев Турдимурод мудири кафедраи педагогика ва психологияи ДТИМВ кафедраро дар миқёси донишгоҳ, шаҳру вилоят муаррифӣ намуданд.

Боиси ифтихор аст, собиқ устоди кафедра Собиров Турсунбой дар донишкадаи психологию иҷтимоии шаҳри Масква вазифаи деканиро ба ӯҳда дошта, узви Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия мебошад.

Таърихи бистсолаи кафедраро дар охири асри XX таҳлил намуда, қайд кардан зарур аст, ки насли имрӯзаи омӯзгорон аз пешгузаштагони худ кам нестанд. Онҳо анъанаҳои беҳтарини ҷомеаи кафедраро идома дода, ҳам дар кори бевоситаи таълиму тарбиявии худ, ҳам дар фаъолияти илмии тадқиқотӣ ва ҳам дар корҳои ҷамъиятӣ намунаи ибрат мебошанд. Гарчанд фаъолияти кафедра дар асри XXI мавзӯи мақолаи дигар аз қайди баъзе падидаҳои нек худдорӣ кардан номумкин аст. Ҳимояи рисолаҳои номзадӣ аз ҷониби Неъматова Мунирахон, Мавлонова Раҳимахон ва Саломов Умед, чопи китоби Мавлонова Раҳимахон ва дастури айёнии Тошева Холбибӣ ба табъ расидани даҳҳо дастурҳои методиро чун дастовардҳои давраи нав баҳо дода шудаанд.

Пӯлотов Исмоил Мамадович чанд мӯҳлат вазифаи мудири кафедраро иҷро намуд. Мудирони кафедраи солҳои минбаъда Мусобек Мироватов алҳол дар вазифаи раиси Кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят фаъолият дошта, Бобоев Абдурасул вазифаи раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳро иҷро менамояд.

Имрӯз аксарияти аъзои кафедраро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз онҳо мо умеди зиёд дорем. Бовар дорем, ки таҳти роҳбарии ҷавони боғайрату ташкилотчии моҳир номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Кучибоев Шӯҳрат онҳо марраҳои нав, қуллаҳои баланди касбиро фатҳ менамоянд.

Дотсенти кафедраи педагогикаи умумӣ А. Шарипов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ