Фурўғи маърифат

Ҳазорсолаҳо қабл маърифат, адабиёт ва фарҳанги миллати тоҷик муаррифгари ҷомеа дар тамоми ҷаҳони мутамаддин гардида, фарзонафарзандони худро дар масири таърих парвариш намуд. Китоби қадимтарини тоҷикон “Авесто” бо гуфтори нек, рафтори нек ва пиндори нек тухми некиву адолатро дар байни мардум кишта, оламиёнро барои меҳру муҳаббат кардан ва ҳидоятгари некиву адолат буданро талқин намуд.

Рўдакии бузургвор бо осори гаронбаҳо, Фирдавсӣ бо “Шоҳнома”-и оламгир, Саъдиву Ҳофизу Камол бо ғазалиёти пурбаҳои хеш тамаддуни башариро тасхир намуд. Абдураҳмони Ҷомӣ бо “Шарҳи Ҷомӣ” дар байни мударрисони мадорис ҳикматро афрўхта, ба Донишу Садри Зиё ва Садриддин Айнӣ ҳидоятгари чароғи фардо гашт.

Ташаккули мактабҳои ҷадидӣ дар охири қарни Х1Х ва минбаъд сохтори нави иҷтимоӣ дар садаи ХХ ба зуҳури шаклҳои нави тарғиби донишу маърифат ва тарбияи мутахассисон мусоидат намуд. Рисолати ин гуна муассисаҳои илмиву таълимӣ пеш аз ҳама парвариши мутахассисон барои соҳаҳои гуногуи ҳаёти ҷомеа маҳсуб ёфт. Дастпарварони макотиби олӣ бо маърифати омўхта ва малакаву маҳорати касбӣ бозгўкунандаи фаъолияти устодони худ гардида, муаррифгари боргоҳи илму маърифати хеш гаштанд. Мақом ва нақши марказҳои илмиву таълимӣ, донишкадаву донишгоҳҳо барои пешрафти ҷомеаи солим мусоидгар аст. Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров” дар радифи марказҳои бузурги илмиву таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст.

Арбобони илму фарҳангу ҳунар, адабиётшиносони варзида, сиёсатмадорони барҷаста ва умуман мутахассисони баландихтисос, омўзгорони асилу мураббиёни воқеии ҷомеа дар ин ҷойгоҳи маърифатпарвар тарбия гирифта, дар пешрафти ҷамъият хизмати шоиста намуда истодаанд.

То соли 1991 ин макони иршоду ирфон ҳамчун Институти педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С.М.Киров шинохта мешуд ва дар ин махзани илму маърифат ҳазорҳо педагогони асил таҳсил намуда, барои таълиму тадриси толибилмони вилоят, ба вежа дар иртифои саводу маънавияти мардум ба шоистагӣ рисолати худро ба сомон расонидааст.

Академикҳои барҷастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Бобоҷонов, Н.Неъматов, Ю.Носиров, Э.Нўъмонов, Н.Салимӣ, узвҳои вобастаи Академияи миллии Тоҷикистон М.Расулова, Ҳ. Абдуллоев, Р.Ғаффоров, Кормандони шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Мирзоюнус, С.Ҳоҷиев, профессорон Ғ.Ҳайдаров, С.Абдуллоев, Э.Шодиев, М.Ғаффорова, Х.Бобоева, Ў.Пўлотов, А.Сайфуллоев, А.Ҷалилов, Ш.Султонов, А.Насриддинов, Б.Ризоев, Ш.Аҳмадов, Ш.Шарофов, Ф.Зикриёев,Ф.Насриддинов, Т.Султонзода, Н.Нурзод адибон ва рўзноманигорони варзида Аминҷон Шукўҳӣ, Ҳоҷӣ Содиқ, Муҳиддин Фарҳат, Абдумалик Баҳорӣ, Бурҳон Фаррух, Озод Аминзода, Фарзона, Баҳром Фирўз, Абдуҷалил Воситзода, Додоҷон Раҷабӣ, Доро Наҷот, Махкам Пўлод, Неъмат Шариф, ҳунармандони мардумии Иттиҳоди Шўравӣ Ҷўрабек Муродов, Зебо Аминзода ва дигар ифтихормандон дар домани ин мактаби бузург тарбия гирифта, асолати илму фарҳанг, хираду заковат ва муҳим аз ҳама инсондўстиву инсонпарвариро аз устодони худ омўхтаанд. Ин афроди нотакрор бо бузургиву азамати ҳунару истеъдоди худ на танҳо мояи ифтихори МДТ “Донишгоҳи давлатии ба номи кадемик Б.Ғафуров” балки тамоми тоҷикону тоҷикистониён гардидаанд.

Ҷараёни зиндагӣ ва фаъолияти фидокорони илму фарҳанг намунаи ибрат барои наслҳои имрўзу фардо мебошад. Дар пешрафти зиндагии ҳар яке аз ин дастпарварони барўманди донишгоҳ дунёи пур аз ковишҳову талошҳо ва аз худ гузаштанҳо дар ҷодаи рушду камоли маънавӣ, падидаи мардонагиву одамият, покдиливу ҳусни ахлоқ ва мунтаҳо ҳикмату румузи зиндагӣ ғунҷоиш ёфтааст, ки огоҳӣ аз он хонандаро ба роҳи ростӣ ҳидоят карда, муҳаббати ўро ба омўзишу парвариш ва илму дониш афзун мегардонад. Аксарияти бузургони миллат, ки дар фавқ исмашон рафт факултетҳои гуногуни донишгоҳро хатм намудаанд.

Факултети филологияи тоҷик соли аввали таъсисёбӣ (1933-1934) ба сифати шўъбаи адабию лингвистӣ фаъолият намуда бошад ҳам баъдтар дар соли таҳсили 1937-1938 ҳамчун факултети таъриху филология ифтитоҳ ёфт. Дар ин солҳо ҳамчун муаллимони аввалини кафедраҳои таъриху филология А.Мирпочоев, Ф.Абдуллозода, А.Оқилов, М. Назиров, Ҷ.Хоҷаев, Б.Олимҷонов, А.Турсунов ва дигарон фаъолият доштанд. Баъдтар факултети филологияи тоҷик дар алоҳидагӣ арзи ҳастӣ намуда, барои пешрафти ин соҳа хизмати шоистае намуда истодааст. Донишмандони факултет дар партави суханони ҳикматбори адибони классик ва муосири тоҷик амал намуда, баҳри соҳибдониш намудани толибилмон саъю талош меварзанд.

Кафедраи адабиёти муосири тоҷик 28-уми декабри соли 1995 дар заминаи кафедраи ягонаи адабиёти тоҷик, ки ибтидои солҳои 60-уми садаи ХХ созмон ёфта буд, ташкил гардидааст. Аз оғози таъсис то нимаи аввали солҳои 90-ум ба ин кафедра устодони маъруфи донишгоҳ Файзулло Абдуллозода (1960-1965), профессор Атахон Сайфуллоев (1965-1968), дотсентон Аҳмадҷон Усмонов (1968-1974), Раҳим Тошматов (1974-1976), Саъдулло Асадуллоев (1977-1982), Абдуллоҷон Сатторов (1982-1986), профессор Абдуманнон Насриддинов (1991-1995) бо салоҳияти шоиста сарварӣ кардаанд.

Ба кафедраи адабиёти муосири тоҷик, ки зода ва парвардаи кафедраи адабиёти тоҷик аст, солҳои 1995-1996 профессор Атахон Сайфуллоев, солҳои 1996-1998 академик Носирҷон Салимов, солҳои 1998-2007 дотсент Мавлудахон Файзуллоева, солҳои 2007-2015 профессор Неъматҷон Файзуллоев, солҳои 2015-2020 дотсент Субҳонҷон Аъзамов бо ҳисси масъулият роҳбарӣ намуда, дар истеҳком ёфтани пояҳои илмию таълимии кафедра, ривоҷу равнақи корҳои илмию тадқиқотӣ ва тарбияи шогирдони соҳибунвон саҳм гирифтаанд. Аз моҳи феврали соли 2020 то ҳол мудирии ин кафедра ба дўши доктори илмҳои филология, профессор Ӯлмасова Замирахон Ҳабибуллоевна вогузор карда шудааст.

Мақсад аз ташкили кафедра дар сатҳи матлуб ба роҳ мондани таълими адабиёти садаи ХХ буд, ки он дар таърихи беш аз ҳазорсолаи адабиёти тоҷику форс давраи комилан нав маҳсуб мегардид. Бо ин мақсад ба феҳристи фанҳои кафедра курси асосии "Адабиёти муосири тоҷик" ва фанҳои ҳамгироии он "Муқаддимаи адабиётшиносӣ", "Назарияи адабиёт", "Адабиёти гуфторӣ", “Масъалаҳои фолклоршиносӣ”, “Нақди адабӣ”, "Адабиёти атфол", "Адабиёти халқҳои ИДМ", "Таърихи адабиёти хориҷа" (адабиёти Ғарб ва Шарқ), "Нақди адабӣ", “Адабиёти даврони Истиқлол”, "Ҷараёни адабии давр", "Равобити адабӣ", "Фарҳанг ва адабиёт" ва ғайра ворид гардиданд.

Устодони кафедра аз рӯи фанҳои фавқуззикр мутобиқ ба нақшаи таълим барномаҳои таълимӣ ва корӣ мураттаб сохта, матни лексияҳо омода намуда, дастури васоити таълимӣ таҳия намуданд. Эшон дар ҷараёни машғулиятҳои назарӣ ва амалӣ, пеш аз ҳама, ба таҷрибаи омӯзгории устодони барӯманди фақид Абдумӯъмин Мирпочоев, Ҷалол Хоҷаев, Абдураззоқ Ваҳҳобов, Юсуфҷон Салимов, Раҳим Тошматов, Атахон Сайфуллоев собиқадорони меҳнат Мардон Неъматов, Абдухолиқ Набиев, Носирҷон Салимӣ, Абдуллоҷон Мавлонов, Матлубаи Мирзоюнус, Неъматҷон Файзуллоев ва дигарон, ки солҳои тӯлонӣ дар кафедра заҳмат кашидаанд, такя намуда, аз тарзу усулҳои мухталифи таълиму тадрис босамар истифода бурда, дар роҳи камолоти касбии муҳассилин тавфиқ ёфтаанд.

Фаъолияти кафедра аз нахустин рӯзҳои мавҷудияти хеш дар се самт - таълим, илм ва тарбия ҷараён гирифтааст. Устодон пайваста баланд бардоштани сатҳу сифати таълимро рисолати касбии хеш дониста, тамоми нерӯи зеҳнӣ ва қобилияти омӯзгориашонро барои дурусту самаранок ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия равона карданд, дар таълифу таҳияи "Раҳнамои таълим", мақолаҳои илмиву методӣ ва дигар васоити дарсӣ ҳиммат гумориданд ва дар парвариши муаллимони болаёқати фанни забону адабиёти тоҷик саҳми мунир гирифтанд.

Дигар аз рукнҳои муҳими фаъолияти кафедра корҳои илмӣ - тадқиқотӣ ба шумор меояд. Дастовардҳои кафедра дар ин ҷода низ хеле назаррасанд. То имрӯз аз ҷониби олимони кафедра қариб 100 монография, зиёда аз 25 маҷмӯаҳои илмии дастҷамъӣ ва наздик 22 силлабусу комплексҳои таълимию методӣ ва ғайра ба чоп расонида шудааст. Монографияҳои А. Сайфуллоев “Мактаби Айнӣ” (1978), “Аркони сухан” (1985), А. Сайфуллоев ва С. Абдуллоев "Президент Эмомалӣ Раҳмонов" (Москва, 2000), "Малики адаб" (1996), А. Сайфуллоев ва М. Файзуллоева "Ахтари тобони адабиёт" (1999), дигар асарҳои А. Сайфуллоев "Фурӯғи маънавият" (2003), "Ҳалқаҳои пайванди адабӣ" (2004), "Уфуқҳои тозаи наср" (2006) "Уфуқҳои тозаи наср" дар се ҷилд (2012), "Ҷону ҷаҳони наср" (2007), "Паямбари ишқ" (2008); рисолаҳои Н. Салимов "Маърифати бадеии таърих" (1997), "Марҳалаҳои услубӣ ва таҳаввули анвои наср дар адабиёти форсу тоҷик" (2002); А. Усмонов "Маҷмӯаи осор" (2002); Р. Тошматов "Раҳим Ҷалил ва адибони тоҷик" (1996), "Бобоҷон Ғафуров ва адабиёти тоҷик" (1998); М. Неъматов "Қонунҳои жанр ва саноеъи бадеии назми мардуми форсизабон ва вазъи кунунии он" (1998); А. Мавлонов "Шоирони халқӣ" (2005); Н. Файзуллоев "Чашмаи файёз" (1999), "Шеъри атфол дар қарни ХХ" (2005), "Ҳамосаи кӯдакон" (2006), "Фольклор и детская поэзия" (2007), "Назми кӯдакон" (2010), "Чеҳраи тобони назм" (бо ҳамқаламии Ф. Баҳриев, 2012), “Адабиёти бадеӣ аз диди илмӣ” (2022), “Донапоши боғи маърифат” (2012,2022); Матлубаи Мирзоюнус “Дар ҷустуҷўи ҷони сухан” (1993), “Масъалаҳои сабкшиносӣ” (1994), “Таҳқиқи услуби осори бадеӣ” (1994), “Сиришке дар лола” (1998), “Шукуфаи андўҳ” (1999), “Шамъи тироз” (2001), “Ҳамзоди тўфон” (2007), “Голубая родина Фирдавси. Таджикистан в русской литературе 20-80 г.г. ХХ в.” (2010), “Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо” (2016), “Творческое взаимодействие писателей центральной Азии” (2018), “Пушкин и Восток” (1999, 2018), “Шаст шарҳи шеъри Фарзона” (2019), “Рўзгор ва осори Маҳастии Хуҷандӣ” (2020), А.Гейзер., М.Мирзоюнус “Наследие Камола Худжанди на Западе” (Рукописи Камала Худжанди и исследования о его творчестве) (2022); З.Ўлмасова «Истиқлол ва инкишофи романи таърихӣ» (2011), “Ғояҳои ватанхоҳӣ дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода” (2011), “Поэтика исторического романа” (2013), “Исторический роман эпохи независимости” (2016), “Ватан дар оинаи нақд” (2022), “Романҳои таърихии Сорбон” (2022); С. Аъзамзод "Адабиётшиносии тоҷик ва ҷустуҷӯҳои илмии Лутфулло Бузургзода" (2009), "Адабиёт ва маърифати нақд" (2012); Б.Мирсаидов "Тимсоли бадеии парандагон" (2010); Б.Раҷабов “Лоик шерали критик и публитсист” (2020), “Дар суҳбати Лоиқ” (2021) аз ҷумлаи муҳимтарин комёбиҳои илмии кафедра буда, ағлаби маводи илмиву адабии ин таълифот дар ҷараёни таълими фанҳои ихтисосии кафедра мавриди истифода қарор мегирад. Инчунин устодони кафедра ҳар сол тақрибан 80-90 мақолаҳои илмӣ, методӣ ва илмиву оммавӣ интишор медиҳанд, ки фарогири масоили калидии илмҳои адабиётшиносӣ, фолклоршиносӣ, равобити адабӣ ва усули таълими адабиёт мебошад. Теъдоди умумии мақолаҳои олимони кафедра аз соли 1995 то ба имрӯз беш аз 1300 адад аст.

Кафедра ба ташкил ва гузаронидани конфронсҳои анъанавии ҳайати профессорону омӯзгорон, олимони ҷавон ва донишҷӯён эътибори хоса зоҳир менамояд. Ин қабил ҳамоишҳои илмӣ соле як маротиба доир мегардад ва дар он кулли устодони кафедра ва шогирдони эшон бо маърӯзаҳои пурмазмун ва гузоришҳои мушаххас ширкат меварзанд. Кафедра ҳамчунин дар ташкили чорабиниҳои илмии берун аз донишгоҳ низ саҳмгузор аст. Чунончи, тайи панҷ соли охир бо ташаббуси кафедра ҳашт конфронси илмию назариявии ҷумҳурӣ бо иштироки олимони пойтахти кишвар баргузор гардид. Дар ин конфронсҳои бонуфузи илмӣ ба ифтихори 130-солагии асосгузори адабиёти навини тоҷик устод Айнӣ (2008), 100-солагии Нависандагони халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил ва Ҷалол Икромӣ (2009), 100-солагии яке аз бунёдгузорони илми филологияи тоҷик Лутфулло Бузургзода (2009), 100-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода (2011) ва 70-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ (2011) донишмандони маъруф аз шаҳри Душанбе профессорон Аламхон Кӯчаров, Ҷонон Икромӣ, Юсуфи Акбарзода, Абдувалӣ Давронов ва олимону адибони в. Суғд баромад карданд. Маводи ин ҳамоишҳои илмӣ ва дигар конфронсҳои умумидонишгоҳӣ дар маҷмӯаҳои илмии дастҷамъӣ - "Посдорони насри муосири тоҷик" (2009), "Суханвари мумтоз" (2011), "Шоири хуршеду дарё" (2011), "Шамъи анҷуман" (1996, ба ифтихори 70-солагии академик Муҳаммадҷон Шакурӣ) ва ғайра, ки бо ибтикори устодони кафедра мураттаб гардидааст, ба табъ расидааст. Устодони кафедра борҳо дар ҳамоишҳои илмии байналхалқиву ҷумҳуриявӣ маърӯзаҳо кардаанд (Н. Салимов, А. Сайфуллоев, Н. Файзуллоев, М.Мирзоюнус, З. Ӯлмасова, С. Аъзамзод, Б. Мирсаидов ва диг.).

Кафедра дар ҷодаи тарбия омода намудани омӯзгорони соҳибунвони илмӣ низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Танҳо дар зарфи бисту панҷ соли охир якчанд нафар аспирантону унвонҷӯни кафедра - Розиқҷон Муталибов (2006), Зеварой Бобоева (2007), Мутриба Мавлонова (2007), Файзулло Хоҷаев (2007), Наргис Ҳомидова (2009), Музайяна Сайфуллоева (2009), Сурайё Ҳакимова (2009), Аслам Каримов (2010), Файзуллоҷон Баҳриев (2011), Ниятқул Ҳаётов (2011), Умеда Абдурашидова (2012), Боҳирҷон Раҷабов (2017), Умеда Шарифова (2017), Муродова Малика (2018), Малика Саидхоҷаева (2020), Мадина Бобоҷонова (2021) ва дигарон рисолаҳои номзадии хешро бомуваффақият дифоъ намуда, ҳоло дар мактабҳои олии қаламрави вилоят ва дигар муассисаҳои маърифатию фарҳангӣ фаъолият бурда истодаанд. Боиси хурсандист, ки соли 2019 З.Ӯлмасова кори доктории хешро дар мавзӯи “Концепция личности в исторических романах конца ХХ начало ХХ1 вв.” бо муваффақият ҳимоя намуда, барои пешрафти ин соҳа заҳмат мекашад. Кафедра тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ талошу пайкорҳои хешро дар ин самт пурзӯр намояд ва дар роҳи парвариши мутахассисони баландихтисоси унвондор саҳмгузор бошад.

Феълан дар кафедраи адабиёти муосири тоҷик се нафар профессор – Н. Файзуллоев, М.Мирзоюнус, З.Ӯлмасова ва нуҳ нафар дотсент - А. Мавлонов, З. Бобоева, С. Аъзамов, Б. Мирсаидов, Ф. Баҳриев, М.Мавлонова, Б.Раҷабов, М. Муродова, У. Шарипова; омўзгорони ҷавон Н. Раҳимова, З.Шукурова ва як нафар коргузор – А.Ёдгорӣ бо таълиму тадриси муҳассилин ва пажӯҳишоти илмӣ машғул мебошанд. Дар назди кафедра семинари илмию назариявии устодон (роҳбар-дотсент С. Аъзамзод) ва маҳфили илмии профессор М.Мирзоюнус “Фурӯғ”, маҳфили илмию адабии "Баҳористон" (роҳбар-дотсент М.Мавлонова) амал мекунад, ки дар нишастҳои ҳармоҳаи он муҳимтарин қазияҳои илмҳои адабиётшиносиву фолклоршиносӣ ва ҷараёни адабии давр мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Кафедра бо Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон, кафедраи назария ва таърихи адабиёти навини форсии ДМТ, кафедраи адабиёти тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, шӯъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, маҷаллаҳои илмиву адабии "Садои Шарқ", "Паёми Суғд", "Илм ва ҳаёт", ҳафтаномаҳои "Адабиёт ва санъат", "Омӯзгор", китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, китобхонаи вилоятии бачагона, театри мазҳакаю мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, рӯзномаҳои шаҳрию вилоятӣ ва дигар муассисаҳои илмию маърифатӣ ва фарҳангии қаламрави вилояту ҷумҳурӣ робита ва ҳамкории илмиву эҷодӣ дорад.

Тўли чаҳор сол аст, ки аъзоёни кафедраи адабиёти муосири тоҷик дар озмуни бонуфузтарини ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст...”, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад, ба ҳайси аъзои ҳакамон ширкат варзида, ҳам дар даври вилоятӣ ва ҳам дар даври ҷумҳуриявӣ, барои дарёфти бачагони болаёқат саҳмгузор шуда, дар тарғибу ташвиқи худшиносиву худогоҳӣ, муҳаббат ба илму фарҳанг ва донишу хирад нақши мунир гузошта истодаанд.

Ўлмасова З.Ҳ. - д.и.ф., профессор, мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ