Нақш ва мақоми воситаҳои мултимедиавии таълим дар баланд бардоштани сифати таълим

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамояд, ки «Ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад» .

Олимони тоҷик мултимедиаро чунин тарҷума кардаанд; “Чандрасоӣ (мултимедиа) дар соҳаҳои гуногуни раванди таълим дар муассисаҳои таълимӣ ва олии ҷаҳонӣ хеле васеъ истифода бурда мешавад. Таҳлилҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки бо истифода аз технологияи чандрасоӣ, раванди таълим боз ҳам самаранок мегардад” .

Баланд бардоштани сифати таҳсилот, сифати таълим яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Дар ин маврид тибқи низоми системанокӣ ҳам таҳсилот ва ҳам таълим бояд, ки ҳамчун системаи иборат аз унсурҳои ҷудогона мавриди назар гарданд. Аз ин лиҳоз фаъолияти таълимӣ-маърифатӣ аз унсурҳои ҷудогонаи зерин иборат аст, ки он дар расми мазкури таълим оварда шудааст.

Дар расми мазкур системаи фаъолияти таълимӣ-маърифатӣ бо унсурҳояш ва алоқамандии байни онҳо тасвир карда шудааст. Сифати фаъолияти таълимӣ-маърифатӣ дар маҷмӯъ аз сифати ҳар як унсури он ва алоқамандӣ, ягонагӣ, аз ҳам вобастагии ҳамаи унсурҳо вобаста аст. Баланд бардоштан ва беҳтар намудани сифати таълим дар маҷмӯъ ва сифати ҳар як унсури таълим дар алоҳидагӣ ва сифати алоқамандиҳои байниунсурӣ ҳам дар маҷмӯъ ва ҳам дар алоҳидагӣ раванди доимӣ маҳсуб меёбад. Зеро доимо талаботи дидактикӣ ба беҳтар намудани сифати таълим, сифати унсурҳои таълим, сифати алоқамандиҳои байниунсурии таълим мавҷуд аст. Баланд бардоштани сифати таълим барои ноил гардидан ба натиҷаи боз ҳам баланди таълимӣ лозим аст.

Дар таҳқиқоти мазкур сухан доир ба баланд бардоштани сифати таълим тавассути баланд бардоштани сифати воситаҳои таълим меравад. Ин дар навбати худ тавассути ворид намудани воситаҳои мултимедиавии таълим амали хоҳад шуд. Воситаҳои мултимедиавии таълим бо дигар воситаҳои таълим умумият ва фарқият дорад. Агар воситаҳои мултимедиавии таълим бо дигар воситаҳои таълим ягон умумият намедошт онро ҳамчун воситаи таълим муаррифӣ намудан ҳам нодуруст ва ҳам имконнопазир набуд. Ҳамчунин агар он аз дигар воситаҳои таълим ягон фарқият намедошт ворид намудани он дар амалияи таълим ҳам ягон манфиати дидактикӣ намеовард ва зарурати ҷорӣ намудани он дар амалияи таълим ба вуҷуд намеомад. Зеро дар ин ҳолат чӣ сифати воситаи таълим ва чӣ сифати таълим дар маҷмӯъ тағйир намеёфт.

Афзалияти воситаи мултимедиавии таълим ҳамчун як навгонии дидактикӣ дар он аст, ки вай дар қиёс бо дигар воситаҳои таълим дорои сифати баландтар аст. Ва маҳз ҳамин нуқтаи муҳими дидактикӣ тақозо менамояд, ки афзалияти дидактикии он аз ҷиҳати илмӣ-методӣ исбот кардашуда, он дар амал, яъне дар амалияи таълим аз озмоиши дидактикӣ гузаронида шавад, ки сифати он аз сифати дигар воситаҳои таълимӣ баландтар аст.

Аммо барои исбот намудани ин фикр, ин ғояи пешбар, ин фарзияи илмӣ-дидактикӣ аввал ба нақш ва мақом, ҷойгоҳи воситаҳои таълим чӣ назар андохтан лозим аст. Дар зери мафҳуми воситаҳои таълимӣ чи дар назар дошта мешавад? Оё дар адабиёти илмӣ-педагогӣ нисбати таърифи мафҳуми воситаҳои таълим, аниқтараш воситаи таълим байни олимон таърифи ягонаи аз ҷониби онҳо эътироф шуда мавҷуд аст? Таҳлили адабиётҳои илмӣ-педагогӣ марбут ба мавзӯи таҳқиқшаванда нишон медиҳад, ки байни олимон нисбати таърифи мафҳуми воситаи таълим ҳамдигарфаҳмӣ мавҷуд нест.

“Дидактика усули таълими фаъолияти бо њам алоќаманди таълимдињандагон ва таълимгирандагон аст, ки бо ёрии он њадафњои таълим амалї мегарданд, азхудкунии донишњо, малакањо ва мањорат, ташаккули сифатњои зарурии шахсият рўй медињад» .

Барои ҳамин ҳам таърифи гуногуни мафҳуми воситаҳои таълим алҳол мавриди истифода қарор доранд. Ба назари мо ҳамаи воситаҳои таълимро ба се гурӯҳ тақсим намудан мумкин аст. Гурӯҳи якум ин воситаҳои таълимии таълимдиҳанда мебошанд. Ба гурӯҳи дуюм воситаҳои таълимие, ки он мундариҷаи таълимро инъикос менамоянд, дохил мешаванд. Гурӯҳи сеюмро воситаҳои таълимии таълимгиранда ташкил медиҳанд. Гурӯҳбандии воситаҳои таълимиро тавассути чунин расми воситаҳои таълим муаррифӣ намудан мумкин аст. (ниг. ба Замимаи 1)

Илова бар ин расми боз як-ду нуқтаи муҳимро таъкид намудан лозим аст. Якум: ба воситаҳои таълим ба маънои васеаш бинои мактабро низ дохил намудан лозим аст. Бинои мактаб ҳамчун системаи таълимӣ-тарбиявӣ бо синфхонаҳо, устохонаҳо, лабораторияҳо, кабинетҳои таълимӣ, иншоотҳои варзишӣ, майдончаи назди мактабӣ, пайвастшавӣ ба интернет, ки унсурҳои ҷудогонаи он мебошад бояд ба талаботҳои муосири таълимию тарбиявӣ ҷавобгӯ бошад. Ҳамаи унсурҳои системаи мактаб дар алоҳидагӣ ва мактаб умуман бояд ба талаботҳои таҳсилотӣ мувофиқ бошад. Сифати ҳар як унсури системаи мактаб дар маҷмӯъ сифати системаи мактабро муайян менамояд. Дуюм: вақте, ки таълидиҳанда аз дигар манбаҳо, ба монанди интернет, китобҳои илмӣ-методӣ, илмӣ-бадеӣ, рӯзнома, маҷалла, барномаҳои радио ва телевизион ва дигар истифода мебарад, ин манбаҳоро ба маънии нисбӣ воситаи таълим ҳисобидан мумкин аст. Ба воситаҳои таълим на танҳо воситаҳои моддии таълим, амсоли китобҳои дарсӣ, аёният, воситаҳои техникии таълим, балки боз воситаҳои ақлии таълим дохил мешаванд. Ба гурӯҳҳои якум ва сеюм маҳз воситаҳои ақлии таълим дохил мешаванд, ки онҳо дараҷаи салоҳиятнокии таълимиро, ё худ таълимдиҳанда ва таълимгирандаро ташкил медиҳанд, ки тавассути он онҳо вазифаи худ омӯзонидан ва омӯзишро иҷро менамоянд. Ба гурӯҳи якум: қобилияти омӯзонидан, маҳорати педагогӣ, такти педагогӣ, сухан дохил мешаванд. Ин воситаҳо пеш аз ҳама ба омӯзгор бояд хос бошад, ки ӯ аз ин воситаҳо дар сатҳи касбӣ-меҳнатӣ бояд истифода бурда тавонад. Қобилияти омӯзонидан дар муайян намудани мақсад ва вазифаҳои таълим (маълумотдиҳандагӣ, тарбиявӣ, инкишофдиҳандагӣ), дар интихоб ва истифода бурдани методҳои таълим барои ноил гардидан ба мақсади таълим тавассути самаранок иҷро намудани вазифаҳои таълим дар ин ё он шаклҳои ташкили таълим зуҳур меёбад.

Ҳамчунин дар ҳар як лаҳзаи таълим чи гуна рафтор намудан, чӣ гуна корҳоро доир ба омӯзонидан иҷро карда тавонистанро таълимдиҳанда бояд донистан ва тавонистанаш лозим аст. Сухан доир ба чунин лаҳзаҳои таълимӣ ба монанди: лаҳзаи ташкилӣ, лаҳзаи алоқаманд намудани мавзӯи нав бо мавзӯҳои гузашта (ё худ лаҳзаи актуализатсия, яъне мубрамкунонӣ ҳам мегӯянд, лаҳзаи баёни мавзӯи нав) лаҳзаи мустаҳкамкунӣ, лаҳзаи назорат ва санҷиши донишҳо, лаҳзаи супориши вазифаи хонагӣ дохил мешаванд. Яъне ҳар як лаҳзаи таълимӣ аз таълимдиҳанда дониш маҳорат ва малакаҳои махсуси омӯзониданро тақозо менамояд, ки онҳо ба гурӯҳи воситаҳои ақлии таълимдиҳанда дохил мешаванд. Истифодаи самараноки воситаҳои ақлии таълим аз таълимдиҳанда маҳорати педагогӣ ва такти педагогиро талаб менамояд. Ҳамчунин сухан воситаи тавонои таълимдиҳанда маҳсуб меёбад. Агар таълимдиҳанда сухандон набошад вай вазифаи асосии худ омӯзониданро иҷро карда наметавонад. Зеро тавассути сухан нутқи таълимии худ, таълимдиҳанда аз гурӯҳи методҳои баёни шифоҳӣ амсоли нақл, баён, сӯҳбат, баҳс, лексияи мактабӣ смаранок истифода бурда метавонад. Дар ҳамин радиф таъкид намуд, ки ба ҳайси таълимдиҳанда, яъне шахси омӯзонанда, на танҳо омӯзгор, балки боз хонандагон низ фаъолият мебаранд. Зеро педагогикаи ҳамкорӣ, ҳамкории омӯзгорро бо хонандагон ва хонандагонро бо ҳамдигар тақозо менамояд, ки тибқи он аввал хонандагони пешқадам, фаъол, дараҷаи салоҳиятнокии таълимиашон баланд, сипас дигар хонандагон ҳам зина ба зина барои иҷрои вазифаи таълимдиҳанда ҷалб ва сафарбар карда мешаванд. Зеро алҳол дар ташкили фаъолияти таълимӣ маърифатӣ чунин таълим ба назар мерасад, ки тибқи он омӯзгор вазифаи ташкилотчӣ, ҳамоҳангсозро иҷро менамояд. Худи фаъолияти маърифати-таълимӣ бошад аз ҷониби колективи таълимгирандагон гузаронида мешавад, ки ҳисси масъулиятшиносӣ ва мустақилияти онҳоро дар раванди таълим ба дараҷаи баланд мебардорад.

Гурӯҳҳои воситаҳои таълим

Собитов Мазбут Шавкатович - н.и.п сармуаллими кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи иттилоотии донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ