​Мақоми зан аз нигоҳи Пешвои миллат

Дар бораи Зан-Модар ва мақоми ӯ дар ҳаёти башар бузургони илму адаб, ходимони барҷастаи давлатӣ ва сиёсатмадорони номӣ, уламои баргузида бисёрҳо гуфтаанд ва ба қалам додаанд. Дар тӯли асрҳо, дар тӯли мавҷудияти насли башар Зан-Модарро гоҳ бо ситоишҳои зиёд ба арши аъло бароварда, гоҳ гирифтори хориву залолатҳо гардонидаанд, нисбат ба ӯ гоҳ шафқат ва гоҳ бешафқатӣ зоҳир намудаанд. Ва бо вуҷуди ин дар ҳама давру замонҳо Зан-Модар дар ҳаёти банї башар, дар тарбияи насли инсон мақоми баланд дошт. Бесабаб Наполеон Бонапарт нагуфтааст: «Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад. Мо барои озодии миллату ободии кишвар, пеш аз ҳама ба модарон ниёз дорем». Ё худ шоири шаҳири лаҳистонӣ Адам Митскевич овардааст: «Соати зиндагӣ дар калимаи «зан» нуҳуфтааст».

Ба назари ман, зан муаллими зиндагист. Бале, танњо муаллим ќодир аст, ки љомеаро бо чароѓи маърифати хеш нурборон гардонад. Њама гуна амният ва тансињатӣ, ободӣ ва рўзгори хуш аз рисолату масъулияти ў бармеояд. Њидояти модарон аст, ки њамаи мо дар љомеа худшиносу ватандўст ва огањ аз меъёрњои тамаддуни љањонӣ ба камол мерасем.

Ҳамду сано бод ба Зан-Модар, ба оне, ки Рӯдакиву Фирдавсӣ, Исмоили Сомониву Низомулмулк, Абӯалӣ Синову Хайём, Деваштичу Спитамен, Носири Хусраву Саъдии Шерозӣ, Муқаннаъву Темур­малик, Ҳофизи Шерозиву Камоли Хуљандӣ, Маҳастиву Зебунисо, Абдураҳмони Ҷомиву Бадриддин Ҳилолӣ, Сайидову Аҳмади Дониш, Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзодаву Лоиқ ва боз бисёр бузургонро ба олам овардааст.

Пас месазад, ки Зан-Модарро муносиби қадру манзалаташ эҳтиром намоем, ба он ҳама некиҳое, ки дар ҳаққи мо зоҳир мекунад, бо садчанд некӣ ҷавобгӯ бошем, зеро чунонки њазрати Муҳаммад (с) фармудааст: «Некӣ ба нисвон чун пардае хоҳад буд, ки шахсро аз оташи дӯзах эмин дорад».

Беҳуда нест, ки дар мамлакати мо барои баланд бардоштани мақоми Зан-Модар дар ҷомеа ҳамарӯза Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурии азизамон кӯшишҳои зиёде менамоянд. Танҳо чанде аз санадҳоро дар ин хусус номбар кардан кифоя аст:

«Дар бораи тадбирҳо оид ба баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа» (фармони Президент аз моҳи декабри соли 1999), «Дар бораи қабули духтарон ба макотиби олии ҶТ аз рӯи квотаи Президент барои солҳои 2001 – 2005-ум» (фармони Президент аз 3.12.1999 ва Қарори Ҳукумати Тоxикистон аз 19.04.2001; дарвоқеъ, аз соли 1997 сар карда дар мактабҳои олии мамлакат духтарон бо квотаи Президентӣ мехонанд).

Инчунин Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ доир ба ноил шудан ба ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари мардон ва занон дар ҶТ» таҳия гардидааст. Ин худ ғамхории беандоза дар бораи занону духтарони кишварамон аст.

Сиёсати давлатии бонувон дар мадди назари Ҳукумат ва таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Зеро Пешвои миллат дар ҳар маърўза ва баромадҳои худ вобаста ба кору фаъолият ва ҳадафҳое, ки ба занон нигаронида шудааст, борҳо таъкид менамоянд ва ёдовар мешавад, ки «Љомеаеро, ки ба зан-модар ѓамхорї менамояд, ба ояндаи худаш ѓамхорї мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар - ин сарчашмаи њаёт ва баќои насли инсонї бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медињад».

Дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои зарурӣ андешида, борҳо таъкид намудаанд, ки тарбияи насли ҷисман солим ва маърифатнок, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватан­парастӣ аз ҳадафи сиёсӣ маҳсуб ёфта, модарон баҳри амалӣ сохтани ин мақсадҳо нақши асосӣ мебозанд. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки «Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Баробари ин, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир, мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем».

Воқеан, фарзандон хурсандии инсон дар ин зиндагиянд, онҳо ҳаётро гуворо месозанд ва бо шарофати онҳо нуру баракат насиби ҳар як хона мешавад. Ибтидои ҳаёти фарзанд ва оѓози олами тарбия ва таълими ў аз мактабе сарчашма меёбад, ки онро хонавода меноманд, зеро чун фарзанд чашм ба олами ҳастӣ мекушояд, худро дар оѓўши модар ва муҳити оила мебинад. Ин муҳит барои муносибат дар оянда нақшае месозад. Дар ин нақшаи фарзанд тамоми хислатҳо, гуфтору рафтори мусбии волидайн инъикоси худро меёбад.Зеро фарзанд дунёро бо чашму дили онҳо мебинаду мешиносад ва муносибати худро ба олами атроф, қабл аз ҳама, аз дидгоҳи волидайн муайян мекунанд. Барои ҳамин тарбияи фарзанд масъулияти сангину аввалиндараҷаи волидайн мебошад.

Оила оинаи фарзанд буда, фарзанд низ оинаи оила аст. Ў дар ин оина ояндаи худро мебинад.Ростӣ, дар таҷрибаи бистсолаи омӯз­гориам борҳо ба оилаҳо аз тарзи суханрониву либоспӯшӣ, пурсупосу қадаммониҳои шогирдонам баҳогузорӣ намуда, дар сувари хаёлотам муҳити хонаводагии онҳоро тасаввур кардаву ҳангоми вохӯриҳо бо волидайнашон, хосса, модарони онҳо фикри хешро тасдиқ кардаам.

Дар ҷумҳурии мо тарбияи фарзанд, асосан вазифаи оила, сипас мактаб ва ҷомеа дониста мешавад.Дар сурати ба роҳ мондани тар­бияи нодуруст дар оила мақомоти расмӣ ба он дахолат карда мета­вонанд. Тарбияи ватандӯстии фарзандон вазифаи муҳими оила ва падару модарон мебошад.Кӯдак аввалин бор муқаддасию покӣ, Ватан, қањрамонии халқро аз афсонањои модараш мешунавад.Ба воситаи каҳрамонони афсонањо волидон дар тинати фарзандон далерию росткорӣ, раҳмдилию каҳрамонӣ, поквиҷдонӣ, мухаббат ба ватану халќи худ, эњтиром ба калонсолонро тарбия менамоянд.Ба калонсолон шудани фарзандон волидон ба онҳо муборизаи мардо­наро ба муқобили истилогарони хориҷӣ, дар бораи ќањрамонони халқ, ки ҷони хешро барои озодии халқу Ватан нисор намудаанд, аз ҷумла Шерак, Спитамен, Муқанна, Темурмалик, нақл менамояд.Насли калонсол воқеаҳоиҶБВ ва ҷанги шаҳрвандиро хуб дар ёд доранд. Дар ҳар шаҳру ноҳия иштирокчиёни он ҷанги пурдахшат умр ба сар мебаранд.Волидон дар бораи ҷанг ба фарзандон нақл намуда, бо ин усул њисси ватандӯстӣ ва ифтихорро аз гузаштагони халќи худ бедор мекунанд.Маълум аст, ки баъд аз ба мактаб рафтани фарзандон қисмате аз вазифањои тарбиявиро муаллимон ба уњда мегиранд.

Бинобар ин,мо –омӯзгорон бояд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, равобитро бо волидайни хонандагони мактаб хеле қавӣ намоем.Волидайн бояд дар мактаб дар як моҳ як-ду маротиба дар дарсҳои мақаррариву кушод ширкат варзида, назару ақидаҳои хешро оид ба тарбияи дурусти фарзандонашон иброз доранд.

Ё худ дар ҷойи дигар Пешвои миллат чунин зикр карданд: «...ҳамзамон бо ин, аз модарону бонувони кишвар даъват ба амал меорем, ки дар риояи қонунҳои миллиамон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боз ҳам фаъол бошанд, фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сариштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини миллати қадимаи мост, риоя кунанд, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму ойин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд.

Бонувону модарони мо бояд, муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд. Бори дигар ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд».

Ростӣ, наќши модар дар ҷомеа хеле назаррас мебошад, модар сарчашмаи ҳаёт ва тарбиятгари насли имрӯзу ояндаи ҷомеаи башарӣ аст, зеро бузургон тақрибан аз чор се ҳиссаи тарбияи фарзандонро марбут ба модар медонанд.Чунонки шоир фармудааст:

Дар мактаби муаллиму омӯзгор нест,

Он тарбият, ки зодаи домони модар аст.

Бале, фарзанд он тарбиятеро, ки дар мактаби модар мегирад, аз ягон макотибу мадорис гирифта наметавонад. Бамаврид аст, ки ақидаи як нафар донишмандро бо исми Херберт барои тақвияти ин гуфтаҳо биёварем: «Модар тамоми башариятро тарбият мекунад. Модари хуб аз сад устоду омӯзгор бартарӣ дорад».

Комилан дуруст аст,зеро ҳарфи аввалро дар забони фарзанд модар мегузорад.Суханони ӯ агар бо донишу фарҳанг пероста бошад, некиро дар шуури кӯдак талқин мекунад ва Худо накарда модар бадзабон ва бадсиришт бошад, алфози ќабењ дар забони он тифл мегузорад, ки бешак, сабаби бадбахтӣ ва бадномии он кӯдак мегардад.Оид ба ин мазмун бузурге мефармояд:

Фарзанд ҳар он чӣ дорад, зи оғӯши модар аст,

Гар зишт бошад ва агар некбахтар аст.

Хӯе, ки дар нахуст касеро ба сар нишаст,

Ҳамвора ӯро то ба дами марг бар сар аст.

Муҳаммад Иќбол мегӯяд, ки мо метавонем ки аз нақши пешонии модарон фардои ҷомеаву миллатро пешгӯӣ намоем:

Сирати фарзандҳо аз уммуҳот,

Ҷавҳари сидқу сафот аз уммуҳот.

Аз умумат муқтатар тадбири мо,

Дар хати симои ӯ тақдири мо.

«Фарзанд азиз-одобаш азизтар», мегӯяд халќ. Аз ин рӯ, тавлиди фарзанд њанӯз нисфи кор аст.Кори муњим ва асосї тарбия намудан ва ҳамчун инсони бомаърифат, хушодобу мехнатдӯст ба воя расонидани фарзанд мебошад.Ин вазифаи муҳим ба оила вобаста мебошад ва тайёр намудани фарзандон ба ҳаёти мустақили оилавӣ аз њама пеш вазифаи падару модар аст. Кӯдаки маъсуми навзод,ки баъзан ӯро ба ниҳоли наврас, лой ё хамири навшӯрида монанд мекунанд, дар оила чашм кушода одамро мебинад, табассум кардан, хестану қадам гузоштан, давидану афтиданро меомӯзад.Худшиносӣ, тасаввуроту ҷаҳонбинии ӯ аввалин бор дар оила, дар иҳотаи падару модар бо таъсири бевоситаи онҳо шакл мегирад, вобаста ба манфӣ ё мусбат будани онҳо нек ё бад мешавад.Роҷеъ ба ин масъала Абўшакури Балхӣ фармудааст:

Дарахте, ки хурдак бувад боғбон,

Бигардонад ӯро, чу хоҳад чунон.

Чу гардад калон боз натавондаш,

Ки аз каҷию хам бигардонадаш.

Унсурмаоли Кайковус дар бораи тарбияи фарзанд сухан ронда, таъкид мекунад, ки агар хоњед мењру падару модар дар дили фарзандон кам нагардад, онњоро назанед. Фарзандонро бо сухан сиёсат кунед.Мисолу далелњои њаётӣ биёред, то ба онҳо таъсири нек бахшанд. Баъд аз чанд аср олими ангилис Ҷон Локк ақидаи донишманди тоҷик Кайковусро тақвият дода мегӯяд: «Агар хохед, ки фарзандонатон одами меҳрубон, хушахлоқу боистеъдод бошад, задан ва дигар намудҳои ҷазоњои ҷисмонӣ дар тарбияи кӯдакчандон васоити мақбули тарбиявӣ шуда наметавонад.Аз ҳавасманд кардани баччаҳо ба воситаи туҳфаҳои дилхоҳашон низ худдорӣкардан лозим аст.Ваќате ки барои иҷрои ягон кори фоиданок фарзанд пул ё дигар ашёи дӯстдоштаашро хоҳиш мекунад, шумо дар вай хислатҳои бади инсон худхоҳӣ, хасисӣ, фиребгариро тарбия мекунед».Ин ҳикматҳо то ҳол қимати худро гум накардаанд ва падару модарон бояд онро њамчун дастури амали хеш дар тарбияи фарзанд истифода баранд.Аммо ҳамон тавре ки тадќиќотҳо шаҳодат медиҳанд, тарбияи фарзанд вазифаи асоси оила аст, ҳамон гуна, ки бузурге гуфтааст:

Хишти аввал чун нињад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ.

Афлотуни бузург фармудааст: «Зан дар пешрафти умури љумњур, мулкдорї ва дар иљрои вазифа кам аз мардон нест».

Оре, ба ин маънӣ Пешвои хирадпешаи мо чунин зикр намудаанд: «Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем. Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд».

Дар ҳақиқат таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ду соҳаи иҷтимоӣ – маориф ва тандурустӣ мавқеи занону духтарон бамаротиб афзоиш ёфтааст. Тибқи маълумоти оморие, ки дар Паёми Пешвои миллат ироа гардид, соли 1991 дар соҳаи маорифи кишвар аз 95 ҳазор нафар кормандон ҳамагӣ 52 фоизро занону духтарон ташкил медоданд. Соли 2018 ин нишондиҳанда ба 70 фоиз расидааст. Дар соҳаи тандурустӣ соли 1998 аз 45 ҳазор нафар кормандон 25 ҳазор нафари онҳо занону духтарон буданд. Ин нишондиҳанда соли ҷорӣ аз шумораи умумии кормандони соҳа, ки 80 ҳазор нафарро ташкил мекунанд, ба 51 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба солҳои пеш хеле зиёд мебошад. Хушбахтона, имрӯз шумораи занон дар сафи хизматчиёни давлатӣ афзоиш ёфта, соли 2018 дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 фоиз ва дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 25 фоизро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Ҳамин тариқ, занони тољик вазифањои таърихии хешро шарафмандона идома дода њамчу модар, њамчун зани фаъол дар пешрафт ва њалли масъалањои фардои љомеа, яъне тарбияи ахлоќии љавонон ва дар тафаккури онњо бедор намудани њиссиёти дўстї ва инсонпарварї, волоият ва вањдату ягонагии миллатамон сањмгузоранд.

Хулоса, дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мақоми бонувон дар пешрафти давлатдории тоҷикон хеле хуб ва яке аз ҳадафҳои муҳими давлату Ҳукумати мамлакат инъикос шудааст.

Мо-бонувони Тоҷикистонро зарур аст, чун пайравони ҳақиқии Гурдофариду Таҳминаи ҷасур сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори хеш қарор дода, баҳри ваҳдату ягонагӣ, рушду инкишоф, сулҳу оромӣ, амалӣ сохтани ҳадафҳои милии давлат, мустаҳкам гардидани низоми Тоҷикистони соҳибистиқлол саъю кўшиш намуда, дар ин самт камари ҳиммат бубандем.

ҶӮРАЕВА С.Б. - дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ