Пешвои миллат ва масъалаи сиёсати забон дар Тоҷикистон

Яке аз комёбиҳои тозаю нодир дар Тоҷикистон, ки баъди ба даст овардани давраи Истиқлолият ба назар мерасад, ташаккул ёфтани сиёсати забон аст. Дар бораи нақши бузург доштани забон дар ҳаёти шахс ва ҷамъият мутафаккирон аз давраҳои қадим изҳори андеша кардаанд. Ба хотир овардан кифоя аст, ки яке аз се унсури меъёри зиндагии шоиста, ки дар сарчашмаи қадимаи мардуми эронитабор “Авасто” омадааст, ба забон (гуфтор) марбут аст: пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек.

Дар Тоҷикистон сиёсати забон ҳамчун категорияи забоншиносӣ дар давраи Истиқлолият ҳамаҷониба вусъат гирифт.

Вожаи арабиасли “сиёсат” дар забони тоҷикӣ ба маънову вазифаҳои мухталиф серистеъмол аст. Пеш аз ҳама, он аз лиҳози мавқеи истеъмол ё услуб тафовут дошта, вобаста ба хосияти истеъмолӣ, аз як тараф, калимаи истилоҳӣ (соҳаи ҳуқуқ ва сиёсат) ба шумор равад, аз ҷониби дигар, хоси шохаҳои услуби илмӣ (сиёсӣ) ва гуфтугӯӣ маҳсуб меёбад. Чунончи, профессор Ғ.Ҷӯраев чунин қайд менамояд: “Сиёсати забон, ё ба қавли дигар, сохтмони забон ба ҷумлаи сиёсати дохилии давлат мансуб аст.

Дар Тоҷикистон ташаббускори ин раванди сиёсию фарҳангӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Моҳият ва муҳимтарин масъалаҳои сиёсати забон дар гузориш ва баромадҳои Ҷаноби Олӣ иброз гаштаанд.

Андешаҳои Сарвари давлат аз амалияи зиндагиву фаъолияти халқи тоҷик бармеояд, ки ин падидаи серҷабҳаро дар таърихи забон бояд аз дастовардҳои пурарзиши илми забоншиносии иҷтимоӣ (сотсиолингвистика) шуморид. Алҳол метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон ба туфайли ташаббус ва кўшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат дар як муддати кутоҳи таърих дар фаҳмиши моҳият ва корбурди забони миллӣ нуқтаи назар ва таҷрибаи ғаноманди амалӣ ба даст омад, ки аз он дар маҷмўъ сиёсати забон пайдо мегардад. Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит кард, ки сиёсати забон аз се масъалаи ба ҳам марбут фароҳам меояд:

1.Нуқтаи назари давлатӣ ба мақоми забон дар ҷамъият. Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикиро забони ягонаи давлатии худ эълом дошт. Дар Конститутсияи ҶТ омадааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст».

Дар воқеъ, чаро забони тоҷикӣба мақоми давлатӣ бардошта шуд? Он дар қисмати халқи тоҷик чӣ нақши боризе дорад? Чанд масъалаи муҳими ҷавоби ин суолро номбар мекунем:

-забон ва таърихи халқ бо ҳам алоқаи ногусастанӣ доранд, бахусус таърихи қадимаи халқи мо аз рўйи далелҳои забонӣ маънидодшудаанд;

-забони тоҷикӣ василаи маҳфуз доштани мероси гаронбаҳои маънавии беш аз ҳазорсолаи халќи тоҷик аст;

-забони модарӣ дар таърихи тўлонӣ дар муборизаҳо бо аҷнабиён ҳамеша муттаҳидгари халқи тоҷик буд;

-дар забони модарӣ ҳофизаи халқ, ҷаҳони маънавӣ, меъёрҳои ахлоқии халқи тоҷик нигоҳ дошта шудааст;

-забони модарӣ якеазчаҳораломати шинохти миллати тоҷик мебошад.

2. Масъалаи дигаре, ки ба фаҳмиши моҳияти сиёсати забон марбут

аст, андешидани тадбирҳои давлатӣ оид ба амали забонҳо дар мамлакат мебошад.

Забон ҳамчун ҳодисаи ҷамъиятӣ ҳамеша ҳамқадами замон буда,дар баробари ҷамъият дар таҳаввулоти доимӣ қарор дорад. Сиёсати забон дар ҷумҳурии мо дигаргуниҳои воқеиро зуд дар худ инъикос менамояд. Чунончи, пас аз чордаҳ соли ќабули Қонуни забон ҳаёт зарурати беҳтар донистани забони русӣ ва англисиро ба миён овард ва ин тақозои айём нақши худро дар сиёсати забон ёфт.

3. Масъалаи дигарисиёсати забонро усулҳои ба амал баровардани нақшаву тадбирҳои давлатӣ ташкил менамоянд. Бо ин мақсад як силсила корҳои ташкилӣ андешида шудаанд, аз ҷумла:

-таъсиси комиссияҳои ҳукуматӣ оид ба татбиқи Қонуни забон дар вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо;

-таъсиси комиссияҳои корӣ дар идора, корхона ва муассисаҳои илмӣ, таълимӣ, тарбиявӣ ва ғайра;

-танзими нақшаҳои корӣ (аз мақомоти давлатӣ то муассисаҳо) баҳри татбиқи Қонуни забон;

-тарҳрезии барномаҳои нави таълимӣ ва китобҳои дарсӣ аз фанни забон барои мактабҳои миёна ва олӣ;

-ташкили дарсҳои забономўзӣ дар корхонаву муассисот ва ғайра.

Ҳаёт муттасил пеш меравад. Он дар назди ҷомеаву давлат ва рукнхои он вазифаҳои нав ба нав мегузорад. Ин буд, ки Сарвари давлат зарурати қабули қонуни нави забонро ба миён гузоштанд, ки он таълиф гашт ва пас аз муҳокимаву таҳрир 5 октябри соли 2009 дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Ин ҳуҷҷати муҳими давлатиро, ки «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном дорад, бояд қонуни комилан нав ҳисобид. Қонуни мазкур ба мисли пештара на ба ҳамаи забонҳои роиҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл дорад, балки он вазъи ҳуқуқӣ ва истифодаи танҳо забони тоҷикӣ (давлатӣ)-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин менамояд.

Қонуни нав ба рушди забони давлатӣ дар қаламрави Тоҷикистон нигаронида шудааст. Он вазифаҳои навбатии давлат ва ҷомеаро муайян месозад. Истифодаи васеи забони давлатӣ дар соҳаи технология, компутеркунонӣ, интернет, такмили таълими забони давлатӣ дар гурўҳҳои тоҷикию ғайритоҷикии мактабҳои миёнаву олӣ, тарбияи ифтихори миллӣ аз забони модарӣ, баланд бардоштани фарҳанги суханварӣ, таҳқиқи ҳарҷонибаи қоидаву қонунҳои забони давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими навбатӣ маҳсуб меёбад. Президенти кишвар андешаҳои худро дар бораи густариши минбаъдаи забони давлатӣ ба таври мухтасар ва ҷамъбастӣ чунин баён кардаанд: «Мо барои равнақи забони модарии худ боз ҳам бештар ғамхорӣ хоҳем кард, онро ҳамчун гавҳараки қимматбаҳои миллӣ ҳифз хоҳем кард».

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамият ва зарурати донистани забонҳои асосии хориҷиро ба шароити муташанниҷи мамлакат нигоҳ накарда, соли 1996 дар суханронии худ дар Рӯзи забони тоҷикӣ чунин иброз дошта буданд: «Имрӯз дар шароити соҳибистиқлол шудани Ватанамон бештар аз ҳар вақти дигар ба ҳамкории байналмилалӣ эҳтиёҷ дорем. Ҳамкории байналмилалӣ бошад, аз донистани забонҳои асосии ҷаҳони муосир имконпазир аст. Ба ин муносибат зарур медонам, ки мо бояд як барномаи давлатии мукаммали омӯхтани забони русӣ ва ба роҳ мондани таълими забони англисиро тартиб дода, ба он муваффақ шавем, ки насли ҷавон камаш ду-се забони хориҷиро ёд гиранд».

Таъкид бояд кард, ки саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули сиёсати забон ниҳоят бузург аст. Зикри мақоми бузурги забон дар таърихи халқи тоҷик, қонуниятҳои умумии инкишофи забон дар марҳалаи ҳозира, тадбирҳои беҳтар кардани таълими забонҳо ва бисёр масъалаҳои дигар дар гуфтаи зерини Сарвари давлат, Пешвои миллат равшан ифода ёфтааст: «Истиқлолият бо забон робитаи бевосита дорад. Инкишофу рушди забон нишондиҳандаи пешрафт ва комёбиҳои миллат ва давлат аст».

Кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ