Ҳомии беназири забони модарӣ

Бисту ҳафт сол аст, ки Тоҷикистон бо эътимоди қавӣ ба ояндаи дурахшони худ бо сарбаландӣ, шарофатмандӣ ва шоистагӣ роҳ мепаймояд. Ба иқболи миллати тоҷик Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омадани шахсияте ба саҳнаи таърих тасодуф омад, ки дар саропои вуҷудашон ва андешаи созандаашон муҳаббати бепоён ба сарзамину мардуми хеш, ба таърих ва муқаддасоти миллӣ доранд.

Дар тўли ин солиён Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Э. Раҳмон худро ҳамчун шахси донову хирадманд дар се самти фаъолият: ҳамчун сарвари давлат, пешвои миллат ва арбоби сиёсати ҷаҳонӣ ба таври шоиста нишон доданд.

Сарвари давлат, Пешвои миллат дурахшонтарин чеҳра, нахустин тоҷике дар таърихи навин ба шумор мераванд, ки дар маснади муаззами роҳбарӣ паёмҳои миллии моро дар паҳнои ҷаҳон интишор медиҳанд.

Доир ба як самти сиёсати фарҳангии Президенти кишвар, яъне бузургдошти забони тоҷикӣ, сарнавишти таърихӣ ва мақоми он дар бақои давлатдории миллӣ як-ду нуктаро ёдовар шуданиям. Сарвари давлати тоҷикон ҳам дар Паёми ҳарсолаи хеш, ҳам зимни суханронӣ дар иди Рўзи забони давлатӣ ва ҳам дар вохўриҳо бо қишрҳои мухталифи ҷомеа да радифи масоили дигар ба таври алоҳида роҷеъ ба вазъи забони модарии мо андешаронӣ карда, бурду бохти соҳибонзабоноро дар масъалаи истифодаи мавридшиносонаи ҳар як калима таъкид менамоянд. Дар Паёми дар таърихи 26-уми декабри соли 2018-ум ироакарда низ Президенти кишвар изҳор намуданд, ки «Бонувону модарони мо бояд, муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кўшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омўзонанд».

Маҳз бо талошҳои ин абармарди сиёсату хирад забони миллии мо дар ҷомеа вусъати азим пайдо кард, ҳуқуқҳои поймолшудаи он барқарор шуд, барои нашъунамо ва ривоҷи забони модарӣ обуҳавои муносиби сиёсиву маъмурӣ ва маънавӣ муҳайё гардид. Маҳз ҳамин ѓамхориҳои муҳаббатомези Пешвои миллат буд, ки забони тоҷикӣ аз муҳити хонавода ва муҳовараю муоширати урфӣ берун омад ва он аз ҷаласаву маҳфилҳои ватанӣ сар карда, то анҷуману ҳамоишҳои байналмилалӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Мо-тоҷикон миллати басо хушбахт ҳастем, ки забони куҳанбунёду басо ѓанӣ дорем. Дороиҳои ин забон дар тўли садсолаҳову ҳазорсолаҳо ба вуҷуд омада, ҳар аҳли илму адаби он барои афзудани доираи луѓоти ин забон хизмати шоистаеро ба ҷо овардаанд ва барои ҳифзи он аз унсурҳои луѓавии худиву бегонаи табъро хиракунанда заҳмати фаровонеро ба харҷ додаанд. Маҳз натиҷаи часпу талошҳои пайвастаи чунин фарзандони фарзонаи миллат буд, ки имрўз забони тоҷикӣ, бино ба бардоштҳои забоншиносон ва олимони машҳури дунё дар радифи се забони машҳури ҷаҳонӣ-англисӣ, фаронсавӣ ва итолиёвӣ яке аз ширинтарину шевотарин забонҳои олам маҳсуб гардида, ҳамвора инкишоф меёбад. Вобаста ба побарҷо мондан ё аз байн рафтани забонҳо ҳамин нуктаро ишора кардан мехоҳем, ки дар таърих ҳолатҳои ба инқироз ва ниҳоят ба нестӣ рў овардани забонҳо бисёр мушоҳида шудааст. Ин ҷо танҳо дар тўли 53 соли ҳукумати Шўравӣ ба инқироз дучоргардии як қатор миллату забонро ишора намудан кофист, яъне агар соли 1926-ум дар Иттиҳоди Шўравӣ 194 миллат мавҷуд бошад, пас соли 1979-ум ҳамагӣ 101 миллат боқӣ монд ва дар зарфи 53 сол шумори миллатҳо қариб ду баробар кам гардида, баъзеи онҳо бо миллатҳои дигар ҳамроҳ шуданд, қисми дигарашон тамоман аз байн рафтанд. Дар ҳамин муддат қариб 40 забон ба кўи нобудиву фаромўшӣ рафтааст.

Тавоноӣ ва имконоти забони мо ба ҳаддест, ки дар тўли ин ҳама садсолаҳои начандон мусоид ва гоҳе бисёр сахту шадид соҳибони он яке аз бузургтарин тамаддунҳо, ѓанитарин адабиёт, зеботарин ашъор ва муассиртарин ҳамосаи миллии ҷаҳонро бо ҳамин забон офаридаанд. Забоне, ки бо фасоҳату балоѓаташ дар тўли асрҳо оламиёнро дар ҳайрат гузоштааст, чанд даҳсолаи замони шўравӣ ба беморӣ гирифтор шуд. Дар даврони минбаъда зурурати табобати он пеш омад, зеро дар ҳолати шифо наёфтанаш ин беморӣ метавонист хуруҷ карда, дар ниҳояти кор боиси илоҷнопазир гардидани дармони он мегардид. Хушбахтона, ин забон танҳо пас аз соҳибистиқлол гардидани халқи тоҷик, ки баъди ҳазор соли маҳрумияту барканорӣ аз давлату давлатдорӣ ба арсаи сиёсӣ баргашта, ҳаққи аздастдода ва поймолшудаи худро соҳибӣ намуд, аз нав нерў гирифт, ба хонандаи тоҷик имкони бештаре фароҳам омад, ки зиндагиномаи забони худро бештар омўзад, аз ҳама шебу фарози он дар ҷараёни зиндагии мардуми тоҷик огоҳии комил дошта бошад. Маҳз кўшишу талоши пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон буд, ки забони адабии муосири тоҷикӣ он ҳама шукўҳу шаҳомати дар даврони классикӣ доштаашро аз нав ба даст орад.

Муқаррар шудааст, ки таркиби луѓавии забони адабии собиқаи қадими хаттидошта аз 300 ҳазор то ба 1 млн калима дошта метавонад. Миқдори калимаҳои мустаъмал дар забони муосири англисӣ бештар аз 400 ҳазор, русӣ зиёда аз 200 ҳазор муқаррар шудааст ва он барои забони адабии тоҷикӣ шояд дар ҳудуди 100-150 ҳазор калима бошад. Аз чунин миқдори азими унсурҳои луѓавӣ Фирдавсӣ бо ҳамон бузургӣ дар «Шоҳнома» 9 ҳазор вожаро ба кор бурдааст, устод Садриддин Айнӣ дар таълифи осори гаронбаҳояш ва ёддоштҳои хеш 25 ҳазор калимаро мавриди истифода қарор додааст.

Бояд гуфт, ки дар тўли 20-25 соли охир дар ҳаёти маънавии мардуми мо таѓйироти зиёде ба вуҷуд омад ва муносибати як гурўҳ ба масъалаҳои забон, забони адабӣ, забони миллат таѓйир ёфт. Ҳарчанд забони тоҷикӣ кайҳост, ки мақоми давлатӣ дораду имрўз ба забони расмии муоширати мардуми ѓайритоҷики кишварамон табдил ёфтааст, дар атрофи меъёрҳои мухталифи он баҳсу мунозира ба охир нарасидааст. Бинобар ин, дар қатори он ҳама шоистагиҳое, ки ин забон дорад, боз дар забони адабии муосири тоҷикӣ, ба хусус забони рўзномаву маҷаллаҳо ва радиову телевизион иштибоҳҳои алоҳида, талаффузҳои ѓалат, калимасозиҳои вайрон ва монанди инҳо ба мушоҳида мерасанд. Агар ҳамаи чунин иштибоҳ дастабандӣ карда шаванд, метавон чунин ҷараёнҳои номатлубро ҷудо намуд:

1.Баҳудаву беҳуда ворид намудани унсурҳои мухталифи забони форсии муосир. Бояд гуфт, ки имрўз дар забони тоҷикӣ, махсусан дар забони васоити ахбори омма майлонҳои бегонапарастӣ, тақлидҳои беҷо ва ношинамро ба забонҳои форсии бурунмарзӣ метавон мушоҳида намуд. Дар ин хусус метавон соатҳо андешаронӣ кард, вале мо танҳо бо ишораи як-ду нукта маҳдуд мешавем:

1) баъзе қаламбадастон ҳатто калимаҳои худи ро дар шаклҳои ба забони модарӣ бегона ба кор бурдаанд (неру-ниру, Эрон-Ирон, эшон-ишон);

2) ба инобат нагирифтани мавҷудияти садоноки ў сабаби ба вуҷуд омадани як қатор нобасомониҳо гаштааст: хўрд-хурд, мўрӣ-мурӣ, кўшиш-кушиш, дўхт-духт, кўра-кура, кўл-кул....Ҳанўз хеле барвақт академик М. Шакурӣ таъкид намуда буд, ки талаффузи дуруст як шарти муҳими савод ва фарҳанг аст.

Фаъолияти аз ҳама ношоями баъзе расонаҳои ахбори омма ин аст, ки матнҳои ба забони форсии муосир иншошударо бе ягон таѓйирот бо номи «ба тоҷикӣ баргардонидашуда» ба нашр мерасонанд. Дар натиҷа ба забонамон ҷумлаҳое ворид мешаванд, ки ба меъёрҳои анъанавии ҷумласозии забони тоҷикӣ ҳеҷ мувофиқат намекунанд.

Дуруст аст, ки сарчашмаи забонҳои тоҷикии Тоҷикистон, форсии кобулӣ ё дарии Афѓонистон ва форсии Эрон ҳамон забони порсии дарии классикӣ ба шумор меояд, вале имрўз дар байни ин шохаҳои ҳамтан (яъне тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ), ки ҳоло ба навдаҳои азиме табдил ёфтаанд, фарқҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд. Ҳар кадоми онҳо мувофиқи қонунҳои дохилии худ пеш мераванд ва такмил меёбанд.

Чунин амали носавоби онҳоро метавон танҳо нишони беҳурмативу нописандии маҳз нисбат ба тоҷикзабонон арзёбӣ карда, «изҳори фазл» кардани иддае аз қаламбастон ба сабаби надонистани хусусиятҳои грамматикии забони тоҷикӣ ба амал омадааст.

2.Аз нав ба истеъмол ворид сохтани унсурҳои аз истифода мондаи арабӣ:

Одатан гурўҳи муайяни аҳли илму адаби мо калимаҳоеро аз забони форсӣ гирифта ба кор мебаранд, ки онҳоро дар аксари фарҳангномаҳои бароямон дастрас пайдо кардан ѓайриимкон аст: авдат, абъод, таъамдан, тандис, катбан, мустатил, таҷаррук, шулуѓ, сафок.... Маълум аст, ки рўзнома барои оммаи васеи мардум, мисли коргар, деҳқон, хизматчӣ ва ѓайра пешниҳод мешавад, ки ҳар кадоме доираи муайяни таркиби луѓавӣ дорад. Мувофиқи нишондоди забоншиноси Франсия Ж. Вандриес, таркиби луѓавии забони деҳқони бесавод ҳамагӣ дар ҳудуди 300 калима аст (ниг. 5, 201). Магар ў вожаҳои арабии номафҳумеро, ки дар саҳифаҳои баъзе васоити ахбори тоҷикӣ ба кор мераванд, мефаҳмад?

Бисёр ҳайратовар аст, ки мо-тоҷикон аз забони форсии Эрон бештар ҳамон калимаву иборотеро иқтибос мегирем, ки истифодаи онҳоро муҳаққиқони ин забон дар худи забони форсӣ нодуруст ҳисобидаанд ва кўшиши аз он халос шуданро доранд. Масалан, муҳаққиқи эронӣ Хусрави Фаршедвард дар як китоби ба иштибоҳҳои забони форсӣ бахшидааш менависад, ки имрўз иддае аз аҳли қалам «форсии муосирро пур кардаанд аз луѓоту ибороти бемаънӣ ва сусту нодуруст... ва онҳоро ба номи «форсии ноб» ё «забони илм» ба ҷои калимоти зиндаву фасеҳи ин рўзгор гузоштаанд». Ин нукта низ аён аст, ки ҳам тоҷикон, ҳам даризабонҳои Афѓонистон ва ҳам форсизабонони Эрон айни ҳамон як калимаи арабиро ба маънои гуногун иқтибос намудаанд. Масалан, калимаи таклифро тоҷикон ба маънои «даъват» иқтибос кардаанд, даризабонҳо ба маънои «душворӣ» ва форсизабонони Эрон ба маънои «супориш» пазируфтаанд; ё ки калимаи ифлос дар тоҷикӣ ба маънои «чиркин», дар забони дарӣ ба маънои «камбаѓал», дар форсӣ ба маънои «шикаст, таназзул» мавриди истифода қарор дорад; ҳамин тариқ, калимаи ҷилд дар тоҷикӣ ба маънои «қисм», дар забони дарӣ ба маънои «пўст», дар форсӣ ба маънои «лифофа» ба кор меравад. Имрўз чунин шуда истодааст, ки гурўҳи калони чунин калимаҳоро ѓайр аз маънои дар тоҷикӣ маъмулияшон дар таркиби ҷумлаҳо ба таври сунъӣ боз ба ҳамон семантикаи дар забонҳои ҳамсояамон дошта истифода мекунанд ва аз чунин ҷумлаҳо ҳадафи аслии соҳибони мақоларо кас ба душворӣ пай мебарад.

3.Бидуни мувофиқат ба меъёрҳои забонамон ба кор бурдани унсурҳои забони русиву аврупоӣ. Солҳои 20-ум ва ибтидои солҳои 30-юми асри ХХ ҷиҳати муҳими чунин калимаҳо дар он ифода мешуд, ки онҳо дар забони зинда хеле суфта шуда, сайқал ёфта, яъне ба меёърҳои забонамон мутобиқ гардида, баъд ба забони адабӣ қабул мешуданд. Онҳо заводро дар шакли зовуд, галошро калўш, чайникро чойнак, щёткаро шўтка...зикр мекарданд. Имрўз бошад, мо чунин унсурҳои луѓавиро аз забони форсии муосир ба он шакле, ки форсизабонони Афѓонистону Эрон кор мефармоянд, айнан қабул менамоем ва академикро ба гунаи академисиюн, оксигенро оксижан, миллионро милюн, киноро синамо, идеологиро идеюлужӣ, демократиро димукросӣ, энергияро энержӣ истифода мекунем, ки ҳеҷ ба меъёри имрўзаи забони адабии тоҷикӣ мувофиқат намекунад.

Ба назар мерасад, ки ҳамон иқдоми аҳли илму адаби солҳои 20-30-юми асри ХХ шоёни дастгирист, онҳоро набояд сарзаниш кард, балки эшон лоиқи таҳсину офарин ва қадрдонӣ мебошанд, зеро онҳо усулҳои мутобиқати чунин калимаҳоро аз забони модарии худ ҷустуҷў мекарданд.

Мо бо мақсади дар кадом ҳол қарор доштани вазъи забонамон чанд муддат пеш аз байни рўзномаҳои дар қаламрави вилояти Суѓд интишоршаванда аз ҳар кадоме танҳо як шумораашонро интихоб карда аз назари таҳлил гузаронидем. Аз таҳлилу муқоисаи маводи дар ин рўзномаҳо дарҷшуда маълум гардид, ки забони кулли онҳо асосан ҷавобгўи талабот буда, бо риояи қоидаҳои имлои ахиран қабулшуда, тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» манзури хонандаи тоҷик карда шудаанд. Маълум мегардад, ки кормандони ин рўзномаҳо барои ба таври аҳсант расонидани навигариҳои рўз, ахбори дохили кишвару ҷаҳон ва ѓ.кўшиши бисёр ба харҷ медиҳанд ва ҳаракат доранд, ки забони маводи рўзномаашон диққатҷалбкунанда гардад ва ба қишрҳои мухталифи ҷомеа фаҳмо бошад. Аммо, мутаассифона, дар онҳо низ чун дар аксари рўзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ иштибоҳи мухталиф ба назар мерасанд. Мо ба хотири ҳар чӣ бештар кам шудани теъдоди чунин иштибоҳҳо лозим донистем, ки ин ҷо бархе аз чунин ѓалатнависиҳоро ба таври зер инъикос кунем:

1.Бо ҳарфи калон ё, баръакс, хурд навиштан ё ки дар ду гуна зикр кардани вожаҳо. Имрўз дар эълону рекламаҳо навишти дурусти калимаву ибора орзу шудааст: Вазири молия, Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати сохтмони роҳи пулҳои Чин, Мактаби хусусии «Акрам», Хоҷагии деҳқонии «Арбоб», иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлати сомониён.

2.Бо вуҷуди дар таркиби ибораву ҷумла истифода гардидани калимаҳои ифодакунандаи мафҳуми ҷамъ барзиёд ба кор бурдани пасванди ҷамъбандии -ҳо: 20 нафар омўзгорон, дусаду чил сабукиҳои андозбандӣ, 560 нафар эҳтиёҷмандон, 130 нафар фаъолони собиқадорон, 65 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ.

3.Истифодаи барзиёд ва нобарҷои пасванд ё калимаи мураккаб: мо ифтихормандӣ дорем, маводи хўрока, фарзанди барўманди халқ (беременная).

4.Ибораи ѓалат: Ҳанўз хеле барвақт устод Айнӣ таъкид намуда буд, ки тарҷумонҳо душмани қаттоли забон ҳастанд. Қолабҳои вайрон, калимасозию иборабандии нодуруст, тарзи авомона дар гуфтору навиштори мо-тоҷикон бисёр аст ва иддае аз ин харобиҳо дар натиҷаи нусхабардории маҳз аз забони русӣ пайдо шудааст. Ин ҳамаро бояд ислоҳ кард, то ки форсии тоҷикӣ боз асолати форсии дариро соҳиб шавад: дар ҳоли ҳозир (в данный момент), таркиби иштирокчиёни таъмин намудани иҷроиши истеҳсолоти иҷро, музди маош.

Чунин вайрониҳо дар забони тоҷикӣ аз он дарак медиҳад, ки имрўз ин забон дар мавридҳои алоҳида эътибори худро аз даст додааст. Ҳатто чиниҳо ва ҳиндиҳо дар Душанбе пай бурдаанд, ки ин забон ҷаззобият ва эътибори хосса надорад. Агар чунин намебуд, хориҷиёни тазаккурёфта номи муассисаҳои худро на ба забони русӣ, балки ба тоҷикӣ сабт мекарданд: Великая китайская стена, Городок восточных лакомств...Вобаста ба масъалаи эҳтироми забони модарӣ зикри як нуктаи дигарро зарур меҳисобем: дар Ҳиндустон гурўҳе аз ҳиндузабонон на бо забони модарии худ, балки бо забони англисӣ гуфтугў мекунанд. Хориҷиёни дар ин кишвар сукунатдошта ҳис карданд, ки модом ки забони модарӣ барои худи мардуми маҳаллӣ дуюмдараҷа аст, пас омўхтану аз худ кардани он зарурате надорад. Дар кишвари мо низ баъзан вазъи ба ин шабеҳ ба мушоҳида мерасад.

Лозим меояд, ки дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ягон муассисаи босалоҳияти дигар як комиссияи санҷидашудаи мутобиқати калимаҳои русиву аврупоӣ, ки миқдори онҳо дар давраи ҳозира ба 10 ҳазор мерасад, ташкил карда шавад ва онҳо меъёрҳои санҷидашудаи мутобиқати чунин вожаҳоро дар забонамон муқаррар намоянд. Дар иртибот ба ташкили чунин комиссияи санҷидашуда дар кишварамон ин ҷо аз ѓамхориҳое, ки дар Франсия дар ҳаққи забони миллӣ карда мешавад, мехоҳам ёдовар шавам. Дар ин кишвар созмонҳое мавҷуданд, ки вазъи забонро ҳамаҷониба зери назорат гирифтаанд. Раиси Анҷумани Рўдакӣ доктор Масъуди Миршоҳӣ, ки марказаш дар Париж қарор дорад, боре ҳикоят кард, ки вақте ки ў дар як мақолаи илмии худ як истилоҳи навро, ки мақомоти дахлдор онро ҳанўз тасдиқ накарда буд, ба кор бурд, аз идораи расмии илмӣ нома гирифт, ки ба хости худ истифода намудани калимаро ноҷоиз дониста, мавриди сарзаниш қарор дода, таъкид кардаанд, ки ин корро ў минбаъд такрор нанамояд ва дар ҳолати такрор карданаш ҷазо хоҳад дид. Бинед, мақомоти дахлдори ин давлат М. Миршоҳиро барои истифодаи худсаронаи як калима сарзаниш кардааст ва ҳушдор додааст.

Ба ин тариқ, ба ҳамаи мо – соҳибзабонон зарур меояд, ки баҳри рафъи чунин нуқсонҳои алоҳида ҳамакаса кўшиш ба харҷ диҳем, на танҳо худамон пайваста аз пайи ислоҳи чунин иштибоҳҳо шавем, балки ба шогирдон низ сухани дурусту саҳеҳро омўзонем, муносибати ҷиддиро дар шинохти чеҳраи аслии унсурҳои луѓавӣ дар ниҳоди онҳо тарбия намоем.

АБДУҶАМОЛ ҲАСАНЗОДА - профессор

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ