Иҷлосияе, ки истиқлолро таҳкимбахшид

Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ ба ташкили давлату ҳукумати нави Тоҷикистон замина гузошт. Эмомалӣ Раҳмон

Зиёда аз си сол Тоҷикистон бо эътимоди қавӣ ба ояндаи дурахшони худ дар ҷодаи истиқлолияти давлатӣ дар ҳалқаи кишварҳои мутамаддини ҷаҳон бо сарбаландӣ, шарафмандӣ ва шоистагӣ роҳ, мепаймояд. Ҳар қадар солҳо гузаранд ҳам, аҳамияти бузурги ин Иҷлосияи тақдирсоз,ҳамон қадар аёнтар ва боҳашамату бошукӯҳтар ҷилвагар мешавад.

Аз дидгоҳи сиёсӣ ҳуҷҷати расмии ин даврони нави таърихи миллати мо - Эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст, ки соли 1991 дар ҷаридаи айём интишор гардид. Чун аз сарҳади шинохти луғавии мафҳуми истиқлолият фаротар меравем ва аслу моҳияти онро дар матни сарнавишти таърихии қавму миллатҳо ба андеша меоварем, дармеёбем, ки эъломи истиқлолият ва касби соҳибихтиёрии сиёсиву иқтисодӣ танҳо оғози рисолати сангинест, ки бо тарҳандозӣ, ташаккул ва рушди низомиҷадиди сиёсӣ ва ниҳодҳои умури ҷамъиятӣ давра ба давра мазмун ва моҳияти ҳақиқии худро мукаммал месозад. Истилоҳоте аз қабили «истиқлолияти давлатӣ», «истиқлоли сиёсӣ», «истиқлолияти иқтисодӣ», «истиқлолияти фарҳангӣ», «истиқлолияти энергетикӣ» ва ғайра дар луғати тафаккури сиёсӣ роиҷ гардида, дар раҳгузории воқеияти имрӯза аз ҷузъ то ба кулли зиндагии мардум роҳ ва нуфуз пайдо кардааст.

Воқеан Истиқлолият ва озодӣ барои ҳар як миллат бузургтарин падидаи маънавӣ ва сиёсист. Аз ин лиҳоз, миллату халқиятҳои ба ору номус, худшиносу худтақдирсоз метавонанд аз ин падидаи худодод барои рушду нумӯи хеш ва дар арсаи ҷаҳонии тамаддуну тараққиёт пеш рафтан истифода намоянд. Таърих ҳазорҳо мисолро медонад, ки халқҳои ҷаҳон чӣ тавр барои ба даст овардани Истиқлолият ва пойдории он ҷонбозиҳо намудаанд. Миллатҳое, ки аз шаҳди мубориза комрон нашудаанд, ноаён аз саҳифаҳои таърих ғайб заданд.

Боиси таасуф аст, ки бо дахолати нерӯҳои аҳримании дохилӣ ва берунӣ тоҷикон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣкашида шуданд.

Дар шароите, ки Тоҷикистони азизро ҷанги хонумонсӯзу бародаркуш, фалаҷ шудани дастгоҳи давлатӣ ва бӯҳрони шадиди иҷтимоиву иқтисодӣ фаро гирифта буд. Халқи шарифи тоҷик хатари ба сараш омадаро амиқ дарк карда, баҳри фурӯ нишондани оташи ҷанги хонумонсӯз ва фалокатборҷонбозиҳо кард.

Хушбахтона чунин саҳари пурфайзу баракатро барои миллати тоҷикИҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум, ки ба Тоҷикистону тоҷикистониён аз ин тӯҳфаи илоҳӣ комёб гардонд ва ҳамин тавр, дар таърихи тоҷикон саҳифаи наве боз шуд, ки он тӯҳфаи илоҳӣ «Истиқлол» буд. Даъват карда шудани ин Иҷлосияи ягона иқдоми оқилона буд.

Иҷлосияи таърихии ХУ1 Шӯро Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри маданияти хеле бошукӯҳу боҳашамат, ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид ва он аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 давом кард. Дар кори Иҷлосия бидуни вакилони халқ боз намояндагони ҳукуматҳои Ўзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Руссия, меҳмони фахрии Иҷлосия намояндаи Созмони Милали Муттаҳид Сомерейнс ва дигарон ширкат варзиданд.

Сабаби ғайриоддӣ тӯл кашидани кори Иҷлосия ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масъалаҳои муҳимтарини рӯз, яъне гирифтани пеши роҳи ҷанги оташгирифта ва ба роҳи сулҳу салоҳ, созандагиву бунёдкорӣ ворид намудани Тоҷикистон буд.

Дар Иҷлосия масъалаи асосӣ – масъалаи рақами 1, масъалаи ҳокимият буд ва он ҳаллу фасл гардид. Иҷлосия ҳукумати нави Тоҷикистонро созмон дод ва Раёсати нави Шӯрои Олии Ҷумҳуриро интихоб намуд, яъне Низоми Конститутсиониро барқарор намуд.

Дар Иҷлосияи ХУ1, вакилони халқ баъди муҳокимаи тӯлонӣ ба хулоса омаданд, ки ҷомеаи мо ба тарзи идоракунии президентӣ тайёр нест. Ба ин хотир, аз ин шакли идоракунӣ даст кашида, барқарор кардани парламенти коллегиалиро (бо маслиҳат кор карданро) ба мақсад мувофиқ донистанд. Минбаъд раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии ТОҷикистон сарвари давлат ҳисоб мешуд. Ҳамин тавр, Иҷлосияи ХУ1 ба ташкили давлату Ҳукумати нави қонунии Тоҷикистон асос гузошт.

Сазовор ба ёдоварист, ки дар ҳамин Иҷлосияи таърихӣ чунин муқаддасотҳо, ба монанди Парчам ва Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд.

19 ноябри ҳамон сол воқеаи фаромӯшнопазир рух дод. Иҷлосия Акбаршо Искандаровро аз мансаби раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намуд ва бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ ба ин мартабаи баланд ва масъулиятнок раиси Комиҷроияи ҳамонвақтаи вилояти Кўлоб Эмомалӣ Раҳмонро интихоб намуд. Аз 197 депутатҳои халқӣ 186 нафарашон ба Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд.

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон сарвари органи Олии қонунбарори Ҷумҳурӣ, яъне сарвари давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гардид ва зимни суханронии нахустини худ чунин иброз намуда буданд: «Ман оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳар чӣ аз дастам меояд дар ин роҳ талош хоҳам кард. Ман ҷонамро барои осоиши кишвар фидо мекунам. То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, ором намешавам».

Ин нахустин комёбии Эмомалӣ Раҳмонбуд, ки тавонистанд ҳамчун чеҳраи наву хос худро ба мардум муаррифӣ намоянд.

Интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба ин вазифаи аз ҳама баланди давлатӣ қонунӣ ва дуруст буд. Зеро, ки депутатҳо фарди интихоб кардаи худро хуб медонистанд. Медонистанд, ки ӯ ташкилотчии боистеъдод, шахси адолатпеша ва меҳанпараст, боҷасорат ва қавиирода мебошад. Дар ҳақиқат Эмомалӣ Раҳмон, ки аз байни халқи оддӣ баромада буданд, зиндагии мардуми заҳматкашро хуб медонистанд, ба қадри одаму одамгарӣ мерасиданд ва аз орзуву омоли ӯ бохабар буданд.

Сарвари нави Тоҷикистон дар назди вакилони халқ савганд ёд кард ва иброз дошт, ки ҳимояи ҳавасу манфиати мардуми заҳматкаш ва муқаддасоти Конститутсияи Ҷумҳуриро вазифаи аввалиндараҷа ва муҳимтарини ӯ маҳсуб меёбанд.

Яке аз қадамҳои аввалини Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ба эътидол овардани иқлими сиёсии Ҷумҳурӣ, ин буд муроҷиати ӯ ба роҳбарони гурӯҳҳои яроқбадаст оиди сулҳ.

Дар муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон омадааст: «Ба ҳурмати наҷот додани Тоҷикистон ва хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, ба хотири ба даст даровардани сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ, ба мақсади ягонагӣ ва муттаҳидии тамоми халқҳое, ки сокини ҷумҳуриамон мебошанд, даъват менамоем, ки дар Иҷлосия иштирок намоед».

Қумондонҳои ба Иҷлосия даъват шуда, бо сарваронашон Сангак Сафаров (фронти халқӣ) ва Буйдоқов (мухолифин) 25 ноябр ба ҷаласа ҳозир шуданд ва дар назди депутатҳо баромад намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар хотирнишон намуд, ки омили асосии ба эътидол овардани авзои сиёсии Тоҷикистон ва осоиштагии мардуми он сулҳи устувор ва оштишавии тоҷикон аст.

Сипас қумондонҳо дар назди парчами ҷумҳурӣ рост истода, қасам ёд карданд, ки ба ҷанг хотима мебахшанд.

Иҷлосияи фаромўшнашавандаи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба солномаи халқи тоҷик абадӣ дохил шуд ва он дар ҳақиқат Иҷлосияи таърихӣ буд, барои он ки маҳз дар ҳамин Иҷлосия тақдири халқи тоҷик ва давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ҳалли худро ёфт. Маҳз дар ҳамин Иҷлосия баҳри ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ ва гирифтани пеши роҳи хунрезиҳо чораву тадбирҳои ҷиддӣ ва судманд андешида шуданд. Ин Иҷлосия дар ҳақиқат дар таърихи Тоҷикистони навин марҳилаи наверо боз намуд, зеро ки маҳз дар ҳамин Иҷлосия пайёми ваҳдат ва ягонагии миллати тоҷик эҳё гардид. Минбаъд он ҷои тавлидгоҳи бар арсаи сиёсат қадам ниҳодани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шӯҳрати нав пайдо намуд.

Зикр бояд намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати ҷадид баъди ба сари кор омадан, аз рӯзҳои аввали фаъолияти хеш сиёсати сулҳу салоҳ, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва сарҷамъ намудани кулли сокинони кишварамонро пеш гирифтанд. Барои ба ин ҳадафи хеш расидан қувваҳои солими кишвар тамоми донишу заковати худро барои ҳалли осоиштаи масъалаи байни тоҷикон равона карданд.

Музокироти миёни тоҷикон ба марҳилаи ҷамъбастии истиқрори сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар сарзамини Тоҷикистон омада расид. Он дар қалби ҷаҳониён шӯълаи умеду бовариро оиди оғоз гардидани марҳилаи нек дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон бедор кард.

27 июни соли 1997 лар шаҳри Маскав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИНОТ С.А.Нурӣ Созишномаи умумиро дар хусуси барқарор намудани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонимзо намуданд. Ҳамин тавр, марҳилаи тӯлонӣ, душвортарин ва хеле муҳими моҷарои байни тоҷикон анҷом ёфт.

Дар ин раванд ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз – “Санади ҳамдигарбахшӣ” аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Комиссияиоштии миллӣ С.А.Нурӣ ба имзо расонида шуд.

30 сол аст, ки ин Иҷлосия – «Иҷлосияи қисмат – Иҷлосияи қисмати тоҷикон» самара медиҳад. Ҳамаи он дастовардҳое, ки дар охири қарни ХХ ва аввалҳои қарни ХХ1 ба даст омаданд, натиҷаи ҳамин Иҷлосияи таърихии сарнавиштсоз мебошанд.

«Иҷлосияи қисмат» ва сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои ташаккули минбаъдаи давлати тоҷикон заминаи боэътимод гузоштанд.

Тавре ки маълум аст, ҷанги ҳамватанӣ бо ташаббусу ҷонбозиҳои фарзанди хирадманди диёр Эмомалӣ Раҳмон хотима ёфт, фазои оромиву осудагӣ фароҳам омад. Фазое фароҳам омад, ки мардуми Тоҷикистон бо ақлу нерӯи тоза сӯи созандагию бунёдкорӣ қадам заданд.

Сиёсати пешгирифтаи Президент кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илму фарҳанг ифтихори ватандории мардумро мустаҳкам намуд.

Дар ин солҳо ваҳдату ҳамгироии иқтисодии ҷомеа ба вуҷуд омад. Шоҳроҳҳо, нақбҳои мошингард, корхонаҳои саноатӣ, марказу фароғатгоҳҳо ва иншоотҳои муҳими иҷтимоию стратегӣ сохта ба истифода дода шуданд ва сохта шуда истодаанд.

Преиденти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари кор омаданаш сиёсати сулҳофаринишро пеш гирифт: ҳам дар дохили мамлакат ва ҳам берун аз он.

Аз ин ҷост, ки дар ин 30 соли баъди Иҷлосияи ХУ1 Тоҷикистон дар роҳи барқарор кардан ва таҳкими сулҳу амнияти минтақавӣ ва байналхалқӣ ҷаҳду талош варзида, дар миёни кишварҳои ҷаҳон мавқеи шоиста пайдо намуд.

Иҷлосияи ХVI таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардида буд, барои кулли тоҷикону тоҷикистониён Иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз буд.

Ин Иҷлосия, ки ҳоло берун аз кишвар машҳур аст, бидуни шубҳа ҳамчун ҷаласаи таърихӣ дар хотири на танҳо имрӯзиён, балки дар дилу дидаи наслҳои оянда низ ҷовидона боқӣ хоҳад монд.

Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон оғози сулҳофаринии тоҷикон буд ва фардеро ба сари кор, яъне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро овард, кимисли Исмоили Сомонӣ пас аз ҳазор сол низ ёдашон хоҳанд кард.

Бердишукуров А.А.- дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ