Паёми Пешвои миллат – кафили субот ва рушди устувори давлат

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” санаи 21 декабри соли 2021 ба кулли мардуми меҳнатқарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Бешак, Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили субот ва рушди устувори давлат ба ҳисоб рафта, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро муайян мекунад. Чун ҳамасола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро барои солҳои оянда муайян намуда, оиди пешбурди соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат, аз ҷумла иқтисоду саноат, энергетика, амнияту мудофиа, роҳу нақлиёт, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сиёсати ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ ва ғайраҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Бояд тазаккур дод, ки амалӣ намудани нуқтаҳои асосии Паём ва дастуру ҳидоятҳои роҳбари давлат барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, ба роҳ мондани муносибатҳои нек ва судманд бо кишварҳои ҳамсоя, ва боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар асраи байналмиллалӣ мусоидат мекунад.

Аз як тараф, Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат натиҷагирӣ аз 30 соли истиқлоли пурбаракот ва файзбори Тоҷикистон бошад, аз тарафи дигар, вай раҳнамои гузариш ба марҳилаи сифатан нави рушду тараққиёти мамлакатамон ба ҳисоб меравад. Воқеан имрӯз бо дарки масъулият ва ҳисси баланди меҳанпарстиву ифтихор аз сарзамини аҷдодӣ метавон хотирнишон сохт, ки кишвари маҳбуби мо дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ бо вуҷуди аз сар гузаронидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо қурбониҳои азими ҷонӣ, хисороти калони иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба як қатор дастовардҳои бесобиқа дар соҳаҳои ҳаётани муҳим ноил гардид, ки ба шарофати сиёсати дурбинона ва прагматикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омад. Пешвои миллат зимни ироаи Паёми имсолаи худ ба Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд. Ба ақидаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд”. Маҳз матиниродагиву ҳадафҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнатдӯстиву хислати тамаддунофарии миллати куҳанбунёди тоҷик буд, ки мо сарфи назар аз мушкилиҳои ба вуҷудомада тавонистем аз вартаи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ раҳо ёбем, низоми фалаҷшудаи идораи давлатиро барқарор созем ва ба марҳилаи сифатан нави тараққиёти давлатдорӣ гузашта, ба ҳадафҳои фаврии дар наздамон истода бирасем, ҷойгоҳи худро дар низоми муносибатҳои байналхалқии муосир дарёфт намоем.

Дар Паёми имсолаи худ Пешвои маҳбуби миллат бори дигар ёдовар аз он шуданд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ аз зумраи ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ин самт дар даврони соҳибистиқлолӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуддаст. Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки “дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд”. Албатта, нишондодҳои зерин аз пешрафти бесобиқаи соҳаи иқтисоди мамлакат шаҳодат медиҳанд, ки дар натиҷа сатҳу сифати зиндагонии сокинони мамлакат ба маротиб беҳтар гардид. Маврид ба зикр аст, ки роҳбари давлат бо дарназардошти аҳамияти калони соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, аз ҷумла вусъат бахшидан ба раванди саноатикунонии кишвар пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон карда шавад. Ин пешниҳоди Пешвои муаззами миллат аз ҷониби мардуми заҳматкашу қавииродаи мамлакатамон бо хушнудӣ пазируфта шуд. Эълон шудани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” бесабаб набуда, он як навъ омодагӣ барои сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии соҳибистиқлолии кишвари азизамон бо натиҷаҳои назаррас дар соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат маҳсуб меёбад. Аз ин ҷост, ки роҳбари мамлакат таъкид намуданд, ки вақти амали ин барномаи нави давлатӣ, яъне дар панҷ соли оянда “бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода шавад”. Ҳамзамон ишора карда шуд, ки рушди ҳамаҷонибаи саноати мамлакат аз пешрафти соҳаи илм ва маориф, ки барои омода кардани кадрҳои баландихтисос муваззаф аст, вобастагии калон дорад. Оид ба ин масъала Пешвои муаззами миллат чунин ибрози ақида намуданд: “Вобаста ба талаботи соҳаи саноат зарур аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили нақшаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва тайёр кардани мутахассисони касбҳои нав эътибори ҷиддӣ дода шавад”. Гуфтаҳои зерин аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандона ва башардӯстонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои саноат ва илму маорифро аз самтҳои афзалиятнок ва соҳаҳои калидии рушди устувори мамлакат медонанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои олии мо мусоидат хоҳанд намуд.

Роҷеъ ба соҳаи маориф аз як нуқтаи бисёр муҳими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нигоҳу муносибати сарвари давлатро нисбат ба ин соҳаи афзалятноки мамлакат нишон медиҳад,бояд ёдовар шуд: “Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”. Бо дарназардошти аҳамияти калони соҳаи мазкур ва рушди минбаъдаи он роҳбари давлат зимни суханронӣ дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои амиқ доданд. Аз ҷумла, вобаста ба ин масъала чунин ибрози ақида карданд: “...бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад”. Ҳамзамон Пешвои миллат Вазорати маориф ва илмро вазифадор карданд, ки вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои иттилоотии муосир лоиҳаи консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Воқеан бесабаб нест, ки роҳбари давлат ба рушди соҳаҳои маориф ва илм, саноат диққати хоса зоҳир менамоянд. Зеро таҷрибаи мамлакатҳои рушдёфтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки онҳо маҳз бо такя ба маориф, илм ва саноат ба дараҷаи баланди тараққиёти худ расиданд ва дар муносибатҳои байналхалқӣ мақом ва нақши муассир доранд.

Њамин тариқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз музаффариятҳои соли 2021 ва умуман 30 соли давронии соҳибистиқлолии кишвар ёдовар шуда, сиёсати минбаъдаи дохилӣ ва хориҷии мамлакатро дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқ муайян намуданд.

Сармуаллими кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ - Холдоров О.Н.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ