​Муаррихи мумтоз, сиёсатмадор ва инсони асил

Марди адабро хирад физояду ҳикмат,

Марди хирадро адаб физояду имон.

Рисолати олим, донишманд, суханвар, инсонҳои фозилу оқил дар ҳама давру замонҳо дар ҷомеа ба мақому манзалати хосе соҳиб буда, зиндагӣ ва фаъолияти онҳо, хайру баракоташон аз дигарон бо чанд вижагиҳои ҳуд фарк мекунад. Дар ҳадисе пайғамбари ислом Муҳаммад (дуруд ва раҳмати худо бар ӯ!) фармудааст: «Олим ва толиби илм аҷр до- ранд ва дар мардуми дигар хайре нест».

Пайдост, ки ҷавҳари ҳама гуна арзишҳо, хосатан арзишҳои маънавиро дар тамоми тӯли зиндагии инсоният ахлоқ, илму дониш, фарҳанг ташкил медод. Имрӯз низ инсоният ва тамоми ҷомеа дарёфт, ки бузургтарин илм - ахлоқ, фазилату фарҳанг, хирад ва адаб аст, зеро агар ҳама чиз дар дунё барои камоли инсон бошад, пас шарифтарин илм ҳам илми ахлок аст, ки ҳадафи аслӣ ва ростинаш инсонсозӣ, инсонгароӣ ва ба мақоми арзандаю шоиста расонидани инсонҳост.

Дар ҳар давру замон рисолати мардони донишманду фозил, суханварон, соҳибони илму маърифат дар он аст, ки панди рӯзгор, ҳикмати таърих, илму маърифатро бо зеботарин ва навтарин пирояҳо ва мазмуни тозаву андарз ороста, батакрор ба мардум талқин менамоянд ва шахсиятҳои фарҳангӣ дар тарбияи насли ҷисман ва руҳан солим нақши муҳим бозида, онҳо дар ҷомеа ва миёни мардум аз мақоми шоиста ва эҳтироми хоса бархурдоранд.

Дар асари машҳури ахлоқии «Туҳфат-ул-аҳбоб»-и Ҳофизи Ӯбаҳӣ омадааст: «Фарҳанг-ақл ва дониш бувад ва ҳар ки нектар донад дар илм ва чизҳое, ки мардум бад-он фахр кунад, гӯянд, марди фарҳангӣ аст». Ҳаким Унсурӣ фармудааст:

Ту ҷоҳу ганҷу фарҳанг аз қаноат ҷӯй,

Ки ҷоҳу фузун аз қаноату фарҳанг.

Яке аз чунин шахсиятҳои фарҳангӣ ва фозилу донишманд, марди хирад ва адаб, ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи Ватан ва археологияи факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Ҳуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Ваҳҳоб Набиев ба ҳисоб меравад, ки рисолати хешро дар рушду нумуъ ва таҷаллӣ бахшидани беҳтарин арзишҳо ва хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва кашфи рамзу рози ҳикмати таърих, ҳақиқати ҳастӣ ва зиндагӣ, бозшиносии дирӯзу имрӯзи мо дарёфта, бо кору пайкор ва осори пурарзиши илмии худ шӯҳратёр ва соҳибэьтиром гардидааст.

Профессор Ваҳҳоб Набиев тамоми ҳастӣ ва фаъолияти пурбаракати хешро ба тақиқу баррасии масоили мубрами таърихи халқи тоҷик, хоса таърихи замони муосир, пажӯҳиши нақшу мақоми ҷавонон чун неруи тавоно, созанда ва пешбарандаи ҷомеа, масъалаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, илму фарҳанг, маориф, мактаби олӣ, сулҳу ваҳдат, таърихи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, шахсиятҳои шинохтаи сиёсӣ, фарҳангӣ ва ғайра бахшида, бад-ин васила дар рушду нумуи илми таърихнигорӣ, ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ, мактаби олӣ, тарбия ва ба камол расонидани муаррихони соҳибунвон, садҳо омӯзгорон саҳми арзанда дорад.

Рӯзгор ва фаъолияти доманадори профессор Ваҳҳоб Набиев мисли як баҳри беканорест, ки дар як мақола ё номаи мухтасаре наметавон ғунҷонид ва тамоми паҳлӯҳои онро бозгӯ намуд. Аммо ба андешаи мо беҳтарин муаррификунандаи симо, ҳастии маънавӣ ва асолату рисолати шахсии ин марди фозил ва фидоии илму фарҳанг кору пайкор, осор ва таълифоти пурарзиши илмии эшон аст, ки дар тӯли фаъолияти бисёрҷабҳаи ҳуд ба сомон расонидааст. Он осори илмие, ки устод Ваҳҳоб Набиев таълиф ва эҷод намудааст, воқеан дар илми таърихнигории навини тоҷик саҳифаҳои тоза, сухани нав мебошад, ки дар китоби таърих ва фарҳанги миллати мо нақш бастаанд.

Бояд гуфт, ки дар ташаккули инсон муҳити маънавӣ, ҷомеа, шахсиятҳое, ки ӯро иҳота менамоянд ва ӯ аз онҳо дарси ибрат меомӯзад нақши калидӣ дорад. Ваҳҳоб Набиев зода ва парвардаи як гӯшаи биҳиштосо ва зебоманзари диёри мо - деҳаи Ҷоркӯҳи Исфараи бостонӣ буда, таърихи куҳан, муҳити маънавибунёди он, падару модари меҳнаткаринаш ӯро дар руҳи худшиносиву худогоҳӣ, илмдӯстиву ҷӯяндагӣ ва одобу ахлоқи ҳамида тарбия намудаанд.

Аз ин рӯ ин ҷавони болаёқат, илмдӯсту ҷӯянда дар назди ҳуд кашфи қуллаҳои баланду пуршебу фарози илму фарҳангро гузошт ва дар роҳи дарёфти камолоти маънавӣ ва сарчашмаи илму маърифат ба муроди хеш расид.

Солҳои таҳсил (1970-1975) дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ӯ истеъдоди кашфи асрори таърих, сабақи илму амал, ҷомеашиносӣ, мардумсолориву сиёсатмадорӣ, ҳунари устодӣ ва омузгорӣ, сарвариро аз донишмандони номвари тоҷик академикҳо М.Эркаев, Н.Неъматов, докторони илмҳои таърих, профессорон Ҳ. Аҳмадов, М.Бобохонов, А.Ҷалилов, М.Шукуров, А.Бобоев, О.Боқиев, Ф.Зикрёев, Р.Набиева, номзадҳои илмҳои таърих, дотсентон Ш.Ҷалилов, Д.Саидмуродов, Қ.Ҷамолов, Т.Муҳиддинов ва дигарон омӯхта, дар мактаби илмии ин шаҳсиятҳои машҳури илми таърихнигории ҷумҳурӣ ташаккул ва обутоб ёфтааст.

Ваҳҳоб Набиев ҳанӯз дар айёми донишҷӯӣ ба таҳқиқу омӯзиши таърихи созмони ҷавонон (комсомол) машғул гардида, дар конфронсҳо ва маҳфилҳои илмӣ пайваста бо маърӯзаҳо баромад мекард ва ҳанӯз дар даврони донишҷӯӣ аввалин мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавии худро дар маҷмӯаҳои илмӣ ва саҳифаҳои матбуоти даврӣ, ба чоп расонидааст, ки ин барои муҳаққиқи ҷавон комёбии калон маҳсуб ёфта, на ҳар донишҷӯ ба он муяссар мегардад. Ӯ дар давраи таҳсил роҳбари маҳфили илмии кафедраи таърихи ҲКИШ-и ДДТ ба номи В.И.Ленин буда, дар гузаронидани маҳфилҳои илмӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ҳамеша ташаббускор, пешсаф буд. Ҳамин истеъдоди фитрӣ, маҳорати баланди касбӣ, илму дониш, садоқату иродат буд, ки устод Ваҳҳоб Набиев пайраҳаҳои душвор ва фарозу нишеби илмро сарбаландона тай намуда, то ба имрӯз дар ин ҷода заҳмат мекашад ва он осори илмии устод Ваҳҳоб Набиев, ки барои таъриху фарҳанги миллати тоҷик эҳдо намудааст, воқеан як китоби зиндагиномаи ҳикматомӯзро дар назари мо бозгӯ менамояд, ки бо ҳиммат, ғайрат, ибтикори як нафар инсони ҷонфидои илм ва садоқатманд ба фарҳангу маърифат эҷод шудааст.

Доираи таҳқиқу пажӯҳишҳои илмии профессор Ваҳҳоб Набиев хеле пурвусъату доманадор буда, ба қалами ин муаррихи пуркор ва пурмаҳсул беш аз 700 рисолаву асарҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ,китобҳо, мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ, тақризҳои сершумор таалуқ доранд, ки ба масъалаҳои гунонгуни таърихи созмонҳои ҷавонон, инқилоби фарҳангӣ, мактабу маориф, сиёсат, ҷомеа, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, чеҳраҳои маъруфи сиёсиву фарҳангӣ, сулҳу ваҳдат, мактаби олӣ ва ғайра бахшида шудаанд. Аз шумули ин осор метавон рисолаҳои “Сулҳ, ризоият, ваҳдат”(2007), “Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ поягузори сулҳу ваҳдати тоҷикон” (бо ҳамқаламии З.Қобилов, 2012), “Ваҳдат-ганҷи ҷовидонаи миллат”(2012), “Аҳдномаи муттаҳидкунанда миллат”(2016), “Ваҳдат мароми олии миллат”(2017), “Президент Эмомалӣ Раҳмон ва ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон”(2013), “Эмомалӣ Раҳмон-сиёсатмадори барҷастаи даврони нав”(2020), “Посдори фарҳанги миллӣ”(бо ҳамқаламии Б.Ҳусейнов, 2013), “Сиёсатмадори барҷаста ва олими тавоно”(2018), “Бузургони миллат дар шоҳроҳи таърих”(2014), “Нигоҳе ба фарҳанги миллӣ”(2013), “Шукӯҳи санъати тоҷик”(2018), “Ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятии Тоҷикистони соҳибистиқлол”(2020) ном бурд, ки профессор Набиевро дар байни донишмандон ва ҷомеа чун муҳаққиқи дақиқназар ва тозакор муаррифӣ намуданд.

Бо вуҷуди ин ҳама гунонгунии мавзӯъ ва фарроху доманадор будани мундариҷаи эҷодиёт ва пажӯҳиш барои профессор Ваҳҳоб Набиев як мавзӯи асосӣ ва хеле муҳим вуҷуд дорад, ки ба таҳқиқу омӯзиши он устод умри бобаракти ҳуд ва бештари фаъолияти илмии ҳешро бахшидааст. Ин мавзӯъ таҳқиқи таърихи созмони ҷавонон, нақши созандаю бунёдкоронаи ҷавонон дар таҳаввулоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иктисодӣ за фарҳангию маънавии ҷомеа аст. Аз рисолаи номзадии устод Ваҳҳоб Набиев «Комсомоли Тоҷикистон - ёвари фаъоли Ҳизби коммунистӣ дар тадбиқи инқилоби маданӣ (солҳои 1929-1941)», (2018) оғоз намуда, то рисолаи докториаш «Таҷрибаи таърихии иштироки ҷавонон дар таҳкими равобити иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои иттифоқӣ (солҳои 1961-1991)», (2018), ва тадқиқотҳои дигари Ваҳҳоб Набиев, аз шумули “Фарҳанг ва ҷавонон”(2009), “Созандагони Тоҷикистони соҳибистиқлол”(2013), “Корномаи ҷавонони Тоҷикистон”(2017), “Бо дӯстӣ муттаҳидем: аз таърихи иштироки ҷавонони Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бунёди иншоотҳои хоҷагии ва азхудкардани заминҳои навкорам(солҳои 60-ибтидои 90-уми асри XX)”(бо ҳамқаламии З.Қобилов, 2020) ва дигар тадқиқотҳо ва мақолаҳои сершумори ба ин мавзӯъ бахшидаи ӯ маҳз ҷавонон дар меҳвари таваҷҷӯҳ ва пажӯҳишҳои олим қарор дорад. Мавзӯи ҷавонон чун сархати сурх ва шаддаи марворид дар ганҷи осори илмии профессор Ваҳҳоб Набиев ҷило медиҳад ва олим таърихи созмонҳои ҷавонон ва нақши онҳоро дар ҳаёти иҷтимоӣ-фарҳангии ҷумҳурӣ дар давраҳои гуногун бо тамоми ҷанбаҳояш, хеле амиқу дақиқ ва бо як муҳаббати бузург омӯхтааст. Шояд ҳамин падида, яъне рӯ овардан бо таърихи ҷавонон буд, ки дар симо, кору пайкор, хислат ва рафтору кирдори устоди варзида, профессор Ваҳҳоб Набиев ҳанӯз ғайрат, ҷушу хуруши ҷавонӣ, ҷустуҷу, навоварӣ ба маънои аслиаш ҳувайдост ва пойдор аст.

Бояд зикр намуд, ки мундариҷаи таълифоти профессор Ваҳҳоб Набиев танҳо ба мавзӯи ҷавонон ва нақши онҳо дар ҷомеа маҳдуд нашуда, таълифоти ин олими пуркор ва сермаҳсул ҳеле фаррох ва гуногунҷанба аст. Ба мавзӯъҳои гуногун рӯ овардан ва дар ин ҷода пурсамар ва муваффақона таҳқиқот бурдан ва эҷод намудани асарҳои илмӣ бешубҳа ба фаъолияти гуногунҷабҳа, дониши мукаммал, таҷрибаи фаровони устод Ваҳҳоб Набиев, ғайрату ҳиммати пурҷушу ҳуруши ӯ вобастааст.

Ӯ ҳамчун олими ҷавон, муҳаққиқ, аспирант, сарвари ҷавонон - ҷонишини котиби Кумитаи комсомоли Донишкадаи давлатии санъат ба номи М.Турсунзода ва сипас котиби Кумитаи комсомоли Донишкадаи мазкур (солҳои 1981-1984), дастурдеҳ, машваратчии Бахши таълими донишҷӯён, аспиратон ва коромӯзони мамлакатҳои хориҷии Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси ҶШС Тоҷикистон (солҳои 1984-1985), директори Мактаби фаъолони ташкилотҳои ҷавонони мамлакатҳои ҳориҷии КМ ИЛКҶ Тоҷикистон ва Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи маҳсуси ҶШС Тоҷикистон (солҳои 1985-1987), узви бюрои Шӯрои ҷумҳуриявии олимон ва мутахассисони ҷавони ҷумҳурӣ (солҳои 1987-1989), раиси Шӯрои илмӣ-методии КМ ИЛКҶ Тоҷикистон (солҳои 1987-1990) ҳамеша дар байни ҷавонон буда, аз проблемаҳо, мақсаду маром, орзуву ормон, нақшаҳои ҷавонон ва неруи бузурги эҷодӣ, офарандагӣ ва созандагии онҳо аз наздик воқиф буд ва ҳамин неруи созандаю бузургро мавриди омӯзиш ва тадқиқоти худ қарор дода, дар ин самт ҳамчун муҳаққиқи шинохта эътироф ва машҳур гардид.

Фаъолияти минбаъдаи профессор Ваҳҳоб Набиев дар вазифаҳои ҳеле баланд ва масъули мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеа (солҳои 1997-2003), ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода (солҳои 2003-2007), муовин ва сипас муовини аввали Раиси вилояти Суғд (солҳои 2007-2010), ректори Донишгоҳи давлатии Ҳуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (солҳои 2010-2012), барои ӯ вусъати нави андешаву афкор, фароҳии майдони кору фаъолияти сиёсӣ, давлатӣ, ҷамъиятӣ, илмӣ, эҷодиро фароҳам оварда, мавзӯи пажуҳиш ва таҳқиқоту таълифоти илмии ӯро боз ҳам васеътар, гуногунҷабҳа, мукаммал намуданд.

Акнун дар эҷодиёти ин олими пуркор ва сермаҳсул масъалаҳои сиёсат, иҷтимоиёт, фарҳанг, маориф, мактаби олӣ, ҳофизаи таърихӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстӣ, сулҳу ваҳдат ва ризояти миллӣ, сиёсати созандаю бунёдкоронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва тарғиби дастовардҳои он ва ғайра мавқеъ ва мақоми муҳиму шоиста пайдо намуданд. Ба ин масъалаҳо даҳҳо рисолаву китобҳо, мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавии профессор Ваҳҳоб Набиев баҳшида шудаанд ва дар онҳо тамоми моҳияти таҳаввулоти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии қарни XX ва даврони истиқлолияти давлатӣ ба қалам омадаанд, ки дар маҷмӯъ вусъати назар, фаррохии доманаи пажуҳиш, тадқиқот ва эҷодиёти илмии ӯро инъикос менамоянд.

Профессор Ваҳҳоб Набиев дар давраи сарвари донишгоҳ буданаш ҳамчун роҳбари кордону дурандеш ба рушду нумуи тамоми соҳаҳои илм, аз ҷумла илми таърих дар донишгоҳ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамуд. Бо ташаббуси ӯ дар сохтори донишгоҳ факултетҳои нав-тарбияи ҷисмонӣ, геоэкология, Пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотии фанҳои гуманитарӣ ва табиатшиносӣ таъсис шуда, минтақаи таҷрибавии “Палос” ва рафоқати боғдории “”Эделвейс” дар минтақаи Темурмалик эҳё гардид. Дар факултаи таърих ва ҳуқуқ кафедраҳои нав - услуби таълими фанни таърих ва ҳуқуқ, Таърихи Ватан (ҳоло таърихи Ватан ва археология), кафедраи умумидонишгоҳҳии таърихи ҳалки тоҷик таъсис дода шуданд. Профессор Ваҳҳоб Набиев солҳои 2014-2018 вазифаи мудири кафедраи таърихи Ватанро дар ӯҳда дошт ва ҳоло профессори кафедраи таърихи Ватан ва археология мебошад. Ӯ солҳои 2010-2012 ба сифати раиси Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолатҳои номзадӣ аз рӯи ихтисоси 07.00.02. - Таърихи Ватан (илмҳои таърих) дар тайёр кардани мутахассисони соҳибунвони илмӣ-омузгорӣ саҳми шоиста гузоштааст.

Таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ нӯҳ нафар аспиратон ва унвонҷуён рисолаҳои номзадӣ ва як нафар доктории худро бомувафақият ҳимоя намудаанд.

Профессор Ваҳҳоб Набиевро дар вилоят ва тамоми ҷумҳурӣ чун муаррихи номӣ, ходими давлатӣ, ҷамъиятӣ, сиёсатмадор, созмондеҳи моҳири илму фарҳанг мешиносанд ва эҳтиром менамоянд. Барои хизматҳои арзанда дар рушди илм, тарбияи шогирдон, фаъолияти пурсамари сиёсию ҷамъиятӣ профессор Ваҳҳоб Набиев бо медали “Хизмати шоиста”, нишони “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, нишони“25-солагии ҲХДТ”, медали ҷамъияти “Дониш”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик Аловаддин Баҳоваддинов, Ҷоизаи вилоятии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи илм, Ифтихорномаҳои Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси ИҶШС, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, КМ ВЛКСМ ва КМ ИЛКҶ Тоҷикистон, нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон”, “Аълочии матбуоти Тоҷикистон” ва даҳҳо сипосномаҳои дигар сарфароз гардидааст. Ваҳҳоб Набиев академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия, профессори фахрии Донишгоҳи омӯзгории Қазоқистони Ҷанубӣ интихоб шуда, солҳои 2017, 2018, 2019, 2020 ба ҳайси “Олими сол”-и ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров эътироф гардидааст.

Имрӯзҳо олим ва ҳодими намоёни давлатӣ профессор Ваҳҳоб Набиев ба камолоти умр –ҷашни 70-солагӣ расид. Мо ҳамкорон ин марди олим, фозил, фарҳангпарвар ва давлатсолорро самимона табрик ва таҳният гуфта, ба ӯ саломатии бардавом, саодати рӯзгор ва дар ҷодаи фаъолияти и

лмӣ ва устодӣ комёбиҳои беназир таманно дорем.


Шавкат Шарифов,

Иброҳим Ҷабборов,

дотсентони донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ