Зан ҳамқадами замон

Дар замони Истиқлолияти давлатӣ Пешвои бошавкату шукӯҳманд, адолатпарвару миллатдӯст, раъиятпарвару дӯстдори мардуми меҳнатӣ ва тӯдакаши бемислу ташкилотчии беҳамто на танҳо дар қаламрави собиқ Шӯравӣ, балки дар арсаи олам чун меъмори қасри тафаккури миллат, вусъатбахши созандагии ҷомеаи муташаккили давлати нави тоҷикон шӯҳрат ёфта, барои мардуми тоҷик азиз аст, ки бузургию шаҳомати он кас, ҳастии ормонпарвар ва заковату андешаи даврони мо ба кулли сокинони Тоҷикистон баъд аз ҳар як баромадҳояшон таъсири мусбӣ мерасонанд.

Дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои оила маърифатнок тарбият ёбанд. Ин талабот асоси фарҳанги оиладориро ташкил медиҳад. Масъалаи дигаре, ки ҷолиби зикр аст, ин эътибору диққати хоса зоҳир намудани Пешвои миллат ба мақому мавқеи занони тоҷикмаҳсуб меёбад. Қабули як силсила санадҳои меъёриву ҳуқуқие, ки аз оғози даврони Истиқлолият то имрўз рўи кор омадаанд, ба масъалаи таҳкими қадру манзалати занон нигаронида шудааст. Аз ҷумла «Барномаи давлатӣ оид бапешгирии зўроварӣдар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.12.1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва ғайра. Ҳадафи асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз қабули санадҳои зикршуда пеш аз ҳама арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тавсеаи нақши ў дар ҳаёти сиёсиву иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва фароҳам овардани шароит мусоид барои фаъолияти занону бонувон маҳсуб меёбад.

Дар хона маҳз зан - модар ҳисси меҳрубонӣ, ҳамдардӣ, ҳамдилӣ, ғамхорӣ, муҳаббат ба наздикон, таҳаммулпазирӣ ва низому интизомро фароҳам оварда, эхтиёҷоти ҳаррўзаи фарзандонро қаноатманд месозад ва ба онҳо расму русуми оилаи миллиро меомўзонад.

Беҳуда нест, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад, аз рӯи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд.

Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад. Мо дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҷумлаи занону духтарони лаёқатманд як силсила асноди заруриро қабул намудем ва онҳоро амалӣ карда истодаем. Ҳадафи мо аз қабули ин санадҳо, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тавсеаи нақши ӯ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону бонувон мебошад. Дар натиҷа солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият – мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ торафт афзоиш ёфта, онҳо дар рушду пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми воқеии худро гузошта истодаанд.

Сарвари давлат диққати махсусро боз ба илмомӯзии духтарон равона месозанд. Зеро зан офарандаи ояндаи миллат буда, маҳз зан-модари босавод ва соҳибилм метавонад фарзанди боинтизому бомаърифатро ба воя расонад.

Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Чихеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомали Раҳмон дар паёми худ зикр намуданд, қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд ва ин сарбаландии мо занон аст. Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд. Дар давоми панҷ соли оянда, яъне дар доираи «Солҳои рушди саноат» тавассути таъсиси корхонаҳои нав, барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда, афзоиш додани ҳаҷми истихроҷи канданиҳои фоиданок ва коркарди маъдан ба фаъолият оғоз кардани боз якчанд корхонаи бузурги соҳаи маъдан оид ба коркарди ниҳоии ашёи хом бо таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ имконпазир мебошад. Ин ироаи Пешвои миллат боз ҳам занонро вазифадорӣ менамояд ва саҳми худро дар саноаткунонӣ саҳм мемонанд.

Муаллимони кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ Раҷабова З.Б. ва

Зоидова С.А.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ