​Пешвои забондӯсти миллат

Ҳамасола моҳи декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Паёми арзишманд муроҷиат ба халқу миллати фарҳангдӯсту заҳматкаши хеш мекунанд.

Соли ҷорӣ низ санаи 21-декабр дар “Кохи Сомон” бо Паёми навбатии худ баромад намуданд, ки ин баромади Пешвои миллатро аз тамоми шабакаҳои телевизионӣ халқи барӯманди тоҷик дидан намуд. Мо низ кулли устодон ва шогирдони МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” факултети забонҳои шарқ онро бо маром ва диққати том дидан намуда, аз бузургиву сухандонӣ ва забондӯстии эшон бархурдор шудем.

Махсусан, Пешвои миллат оид ба соҳаи маориф гуфтаниҳои хеле муҳиме арз доштанд, ки мо – маорифчиёнро дар як сӯй нагузошт ва морохеле масрур сохт.

Пешвои муаззами миллат махсусан оид ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ диққати ҷиддӣ дода, махсус қайд карда гузаштанд ва гузашта аз ин изҳор дошта буданд, ки “Дар шароити ҷаҳонишавӣ, яъне таҳоҷуми фарҳангиву забонӣ моро зарур аст, ки баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ барои пешрафти забони тоҷикӣ ва тавсеаи доираи истифодаи он мунтазам кӯшиш ва ғамхорӣ намоем”.

Бале, дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, талабот ба мутахассисоне, ки забонҳои русӣ ва англисиро хуб медонанд ва аз ин забонҳо дар муоширати касбӣ ва ҳаррӯза истифода бурда метавонанд, меафзояд.

Бинобар ин андешидани чораҳои самарабахш баҳри инкишоф ва рушди минбаъдаи шаклу усулҳои таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ҳамчун воситаи муошират бо ҷомеаи башарӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Чораҳои мақсаднок андешидашуда метавонанд, доираи имконоти истифодабарӣ, амалӣ ва таҳияи методикаи муосири таълим, таҳия ва такмил додани маводи таълимӣ ва системаҳои комплексии технологии таълим, аз ҷумла системаи мултимедия, инчунин воситаҳои худомӯзии фардиро, васеъ намоянд. Ҳамаи ин тадбирҳо коркарди механизмҳои нави муташаккилӣ, методӣ, илмӣ ва таъмини иттилоотии раванди таълиму тарбияро дар такмили таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб мекунад.

Инчунин, масъалаи рушди забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва забони русӣ чун забони муоширати байни миллатҳо аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Махсусан, нақш ва мақоми забони русиро дар фазои таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кардан ба маврид аст. Ин нукта дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид гардидааст. Ҳамзамон, иқтисоди бозоргонӣ, рушди муносибатҳои ҳамаҷониба бо кишварҳои ИДМ ва хориҷи дур, васеъ гардидани раванди мубодилаи дастовардҳои фарҳангӣ ва арзишҳои маънавӣ ба баланд шудани талабот баҳри таълим ва омӯзиши амиқи забонҳои русӣ ва англисӣ оварда мерасонад.

Вазъи имрӯзаи муносибат ба забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар низоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки муносибати сиёсӣ ба забон дар кишвар дар баробари забони тоҷикӣ ба дигар забонҳо низ ҳуқуқи фаъолияти баробарӣ фароҳам меорад ва имкон медиҳад, ки онҳо низ омӯхта шаванд.

Аз ин ҷост, ки хуб донистани забонҳои русӣ ва англисӣ бидуни амиқ донистани забони модарӣ имкон надорад. Ҳар қадар фарҳанги забони муоширати байналхалқӣ баланд бошад, ҳамон қадар фарҳанги забони миллӣ баланд мешавад. Ба дигар маънӣ, фарҳанги забони миллӣ бо сатҳи умумии фарҳанги ҷомеа, бо ташаккул ва тарбияи фарҳанги умумии шахсияти ҳамаҷониба обутобёфта тавъам мегардад.

Аз нуктаҳои дар Паём зикргардида, мо омўзгорон ба худ маъниҳои жарфе бардошт намудем. Моро зарур аст, ки барои рушди соњаи маориф беш аз пеш кўшиш намуда, аз муҳассилини имрӯза мутахассисони баландтаҷрибаро омода созем ва дар рушди Ватани азизи хеш саҳмгузор бошем.

Абдуллоева Марям муаллимаи кафедраи грамматикаи забони арабии факултети забонҳои шарқи МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ