Санади сарнавиштсоз ва қутбнамои инкишофи ҷомеа

Яке аз хусусиятҳои ҷаҳони муосир аз он иборат аст, ки воқеаҳо дар он шадидан рух медиҳанд, пайваста ҳамдигарро иваз мекунанд ва ИНСОН маҷбур аст, ки ба онҳо мувофиқану мутобиқан кору фаъолият намояд. Ин таҳаввулоту тараққиёти шиддатнок ба ҳолати равонии ҷомеа, аз ҷумлаодами муосир бетаъсир намемонад, гарчанде ки, мутобиқшавӣ раванди табиист. Мутобиқ шудан бо ҷараёниинкишофи ҷомеа барои инсон, алалхусус ҷавонон сарфи назар аз он ки раванди табиистна хамеша осон аст. Ин метавонад бо ихтилоҷи равонӣ, баъзан бо набудани дарк алоқаманд бошадва якчанд мушкилоту саволҳоро ба вуҷуд орад.

Бо назардошти ана ҳамин гуна мушкилоту муаммоҳои замони муосир, санаи 21.12. 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Паёми ояндасозу созандабунёди хешро ба Маҷлиси Олӣ ироа намуданд.

Сарчашмаҳои таърихӣ ва осори донишмандону муҳаққиқони маъруф собит месозанд, ки дер боз тоҷикони ориёитабор дар саргаҳи инқилобҳои ақлии тамаддуни башарӣ қарор доштандудар бунёди давлатҳои муташаккилу нерӯманд, офаридани нахустин арзишҳои фарҳангӣ, низоми одилонаи ҳуқуқӣ, осори ахлоқӣ ва таълифоти илмӣ саҳми беназир доранд.

Асри ХХ1 замони пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин мебошад. Дар чунин шароит рушди минбаъдаи ҳар халқу кишвар аз дастгирӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ вобастагии амиқ дорад.Бинобар ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба сармояи инсонӣ диққати аввалиндараҷа додааст, зеро дар шароити кунунӣ таваҷҷуҳ ба нерӯи зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ аҳамияти беш аз пеш касб намуда, ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъсири амиқ мерасонад. Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузоштан ѓайриимкон мебошад. Дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудани Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он мақсад нигаронида шудааст, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшида, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам овардашавад. Маҳз бо ҳамин мақсад солҳои 2020-2040-ро бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон карданд ва боварӣ дорем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа, бахусусҷавонон такони ҷиддӣ мебахшад.Қобили зикр аст, ки зиёиёни кишвари мо дар муддати се даҳсолаи охир дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон, муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ, адабиёти оламшумул ва санъату ҳунар саҳми муносиб гузоштаанд.

Нуктаҳоимуҳими ПаёмиПешвои миллат ба МаҷлисиОлиро мавриди омўзишқарор дода,аз асосу далел,санаду рақамҳохеле фараҳмандухушнуд гардидем.Аз ҷумла:

- зиёд гардидани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба андозаи қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар;

- афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба андозаи 4 маротиба (аз 11 миллиарди соли 1992 ба 40 миллиард сомонӣ дар соли 2021);

- ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ ҷудогардидани зиёда аз 97 миллиард сомонӣ;

- дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ сохта, ба истифода дода шудани

3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонандава зиёд шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар;

- бунёд гардиданва мавриди истифода қарор додани 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ;

- дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣсохтава истифодадодани 39 муассисаи таълимии нав ва 144 расидани шумораионҳо;

- дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ бунёд гардидани28 муассиса ва ба 41 адад расидани шумораи умумии онҳо;

- зиёд шудани шумораи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ зиёда аз 120 ҳазор нафар (нисбат ба соли 1991 1.6 маротиба зиёд);

- донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 245 ҳазор нафарро ташкил мекунанд, кинисбат ба соли 1991- сеюним баробар зиёд;

- шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, дар соли таҳсили 2021 беш аз 42 ҳазор нафаро ташкил медиҳанд (дар 25 давлати хориҷӣ)

Хулоса, имрӯзҳо халқитоҷик дар қатори мардуми сайёра пешорӯи имтиҳони ҷиддӣ қарор дорадва танҳоҳамдиливу, ҳамдигарфаҳмӣ, роҳ надодан ба тарсу ҳарос ва риояи қатъии тавсияҳои коршиносон имкон медиҳад, ки аз ни имтиҳони тақдир гузашта бошем. Бинобар ин, моро зарур аст, ки атрофи Асосгузори сулҳуваҳдат, Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурииТоҷикистонмуҳтарамЭмомалӣРаҳмон сарҷамъ омада, кулли муаммову мушкилотамонро дастаҷамъонаҳаллу фасл намоем, бо боварии комилу иродаи қавӣ гуфта метавонем, ки мардуми фарҳангсолору таҳаммулпазири Тоҷикистон, ки борҳо имтиҳони таърихропаси сар намудааст, аз ин имтиҳонҳои сангину мураккаби замони муосир низ сарбаландона хоҳад гузашт.

Қодирова М.А. – муаллимаи кафедраи Н ва МТЗМ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ