​Масъалаи рушди маориф дар Паёми Сарвари кишвар

Чун анъана имсол низ Паёми Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид. Дар он самтҳои мухталифи ташаккули ҷомеа таҳлил ва баррасӣ гардид. Аз ҷумла яке аз соҳаҳои муҳими ташаккулёбии ҷомеа, ки бешак аз маориф, сатҳу сифати таълим, забондонии қишри ҷавони ҷомеа вобастагӣ дорад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд, ки албатта ин таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат нисбат ба маориф мебошад.

Солҳои охир дар самти рушди маориф дар давлати мо корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд, ки мо онро дар тармиму таъмир ва сохтани мактабҳои замонавӣ ва муҷаҳҳаз намудани онҳо бо воситаҳои муосири техникӣ мебинем. Ин чораибасо муҳимӣ зарурист, ки натиҷаҳои онро мо ба чашми сар дида истодаем. Имрӯз толибилмони мо дар озмунҳои байналмиллалӣ иштирок намуда, сарбаландона обрӯи кишварро ҳифз мекунанд ва соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар масъалаи таълиму тарбия ва ҳалли мушкилоти ҷавонон ҳамасола дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид месозанд, ки: “Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷои аввал мегузорам”, ки ин ғамхории сарвари кишаварро нисбат ба маориф нишон медиҳад.Дар паёми навбати ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 Сарвари давлат чунин нуқтаҳоро қайд карданд: “Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалин дараҷаи кормандаони соҳаи илму маориф мебошад. Ҳарчанд дар ин самт натиҷаҳои муайян ба даст омадаанд, вале онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд.

Вобаста ба ин, аз устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб карда мешавад, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷӯёнро барои аз бар намудан донишҳои муосир ҷалб намоянд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, забонҳои ҳориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои итттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд ва касбомӯзии шогирдону фарзандон эътибор ҷиддӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд”.

Таъкиди Президенти кишвар ба рӯ овардан ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва забонҳои ҳориҷӣ бесабаб нест. Имрӯз ҷаҳони муосир дар ҳолати рушди босуръати технологӣ қарор дорад ва омода намудани кадрҳои баланд ихтисосу донандаи забонҳо амри зарурист. Чуноне дар боло қайд кардем, Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи гузаштан аз мамлакати кишоварзӣ ба саноатӣ – кишоварзиро амалӣ менамояд, ки дар ин самт мавҷуд будани неруи инсони ва зарфияти зеҳнӣ зарур аст.

Пас, мо омӯзгорон дар масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон фидоии касби худ бошем, то кишварро ба дасти онҳое дар оянда супорем, ки кишварро ба сӯи рушди устувор равона созанд. Чуноне, ки дар паёми худ Сарвари давлат қайд кардаанд: “Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд”.

Усмонова М.Ш.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ