Тоҷикистонро боз ҳам ободу пешрафта гардонем

Маориф ҷузъи хеле муҳими рушди фарҳанги ҷомеа мебошад. Ҷомеашинос ва файласуфи фаронсавӣ Эмил Дюркгейм изҳор дошт, ки ҳадафи асосии таълим ба ҷомеа расонидани арзиши фарҳанги ҳукмрон аст. Азбаски ҳар як миллат дар марҳилаҳои гуногуни тараққиёти худ хусусиятҳои фарҳангӣ ва анъанаҳои хоси худро дорад, мазмуни таълим дар кишварҳои гуногун дар давраҳои гуногун ба таври назаррас фарқ мекард. Дар Рими қадим ҳадафи асосии таълим тарбия намудани сарварони ҳарбӣ ва арбоби давлатӣ буд. Дар асрҳои миёна дар Аврупо вазифаи асосии таълим аз он иборат буд, ки донишҷӯён бо дини насронӣ шинос шаванд. Дар давраи Ренессанс маориф ба омӯзиши тамоми соҳаҳои санъат нигаронида шуда буд. Бо мурури замон маориф самти худро дигар кард, бо мазмуни нав мукаммал гардид.

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии маорифи имрӯза аз назари нав дида шуд ва он бо чунин таъкидҳо оғоз ёфт: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.

Дар Паём ба масъалаи таҳсилоти олии касбӣ эътибори махсус дода шуд. Аслан дар зери мафҳуми «таҳсилоти олӣ» ба тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи иқтисодиёт, илм, техника ва маданият фаҳмида шуда, он аз навовариҳои илм, маданият ва техника истифода бурда, мушкилоти назариявию амалиро бартараф кардан аст. Мақсади асосии таҳсилоти олӣ ҷавобгў будани ба талаботи замон, соҳибихтисос, рақобатпазир, маълумоти олӣ доштан, мусоидат намудан ба рушди илм, фарҳанг, иқтисодиёт, соҳаҳои иҷтимоӣ, тафаккури мустақилона, маънавиёти баланд тайёр кардани мутахассисони баландихтисос мебошад. Доир ба ин масъала мулоҳизаи Сарвари давлат чунин аст: “Раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Бо ин мақсад, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Дар робита ба ин, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд. Умуман, зарур аст, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан русиву англисӣ, дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад. Зеро Тоҷикистон ҳоло бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад”.

Имрӯз боз як ҷиҳати муҳими ислоҳоти таълимро қайд кардан лозим аст. Яъне, мо хуб дарк кунем, ки ояндаи наздик таълимгоҳҳои олии худро барои ба табдил ёфтани донишгоҳҳои тадқиқотӣ ва фаъолияти самараноки онҳо гузаштани ба базаи рақамии замонавӣ ва муташаккили инноватсионӣ шароитҳоро муҳайё кунем. Мо дар ин бобат қафо мондаем. Тавре ки мебинем, ҷаҳон аллакай ба давраи ҷаҳонишавии рақамӣ ворид шудааст, ки бо ҷараёни пайвастаи иттилоот, ғояҳо ва навовариҳо хос аст. Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки то солҳои 2021-2023 25 дарсади иқтисоди ҷаҳон ба ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ мегузаранд. Ин раванд имкон медиҳад, ки давлат, тиҷорат, маориф ва умуман ҷомеа самаранок фаъолият кунанд. Доир ба ин нақшаҳо дар Паём пешниҳоди Президент кишвар чунин аст: “Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, вазифадор карда мешавад, ки вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои иттилоотии муосир лоиҳаи консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд. Вобаста ба талаботи иқтисоди миллӣ ва расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат дар самтҳои ҷустуҷӯ ва иктишофи канданиҳои фоиданок ва рушди саноати маъдан олимони мо бояд корҳои таҳқиқотиро вусъат диҳанд. Инчунин, таҳияи усулҳои пешгӯии хавфҳои эҳтимолӣ ва таъсири манфии омилҳои гуногун ба иқтисоди миллӣ, хизматрасониҳои рақамӣ, пешрафти «энергияи сабз» ва «иқтисоди сабз» ва, дар робита ба ин, ба роҳ мондани омӯзиши ҳамаҷонибаи манбаъҳои алтернативӣ, ихтироъкориву навоварӣ, коркарду татбиқи технологияҳои нави каммасраф ва роҳу усулҳои аз ашёи хоми ватанӣ истеҳсол кардани доруворӣ ва нуриҳои маъданӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимони кишвар мебошад”.

Ҳаёти муосири имрӯзаро бе пешрафти илму маориф тасаввур кардан мумкин нест, гӯё инсоният дар атрофи меҳвари илм давр мезанад. Бесабаб нест, ки рушди маориф дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ҳамчун самти афзалиятнок муайян карда шудааст. Тараққиёти ояндаи мамлакат бо комёбиҳои он дар ин соҳа зич алоқаманд аст. Ҷавонони мо барои зиндагии солиму зебо, соҳиби кори доимӣ аз рӯи касбу кор, масъулиятшиносӣ, поймол накардани шаъну шарафи инсон, хулоса ба камол расидан талош мекунанд ва дар ин раванд тарбияро вазифаи асосии худ медонанд, ки дар Паёми имсола ин вобаста ба ин масъала чунин таъкид карда шуд: “Мо дар ҳазорсолаи сеюм ва асри пешрафти бесобиқаи илму технологияҳо, яъне дар асре, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёт тавассути саводу дониш ва илму технологияҳо идора карда мешаванд, зиндагӣ дорем. Барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан, омӯзиши илму дониш, хусусан илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад. Зеро бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷое намерасад. Хотирнишон месозам, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад. Бинобар ин, падару модарон бояд шароит муҳайё созанд, ки наврасону ҷавонон, чи духтару чи писар, бояд хонанд, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд. Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад. Баръакс касе, ки илму дониш ва касбу ҳунар дорад, дар зиндагӣ ҳаргиз хору зор ва ба касе муҳтоҷ намешавад ва умри бобаракат мебинад. Мо насли ояндасозро минбаъд низ бо истифода аз тамоми имкониятҳо дастгирӣ мекунем”.

Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсадҳои асосии давлат дар соли оянда муайян гардид ва онҳо барои ҳалли масъалаҳои аввалидараҷаи ҳаёти мамлакат, пеш аз ҳама, ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ ва татбиқи афзалиятҳои миллӣ гузошта шуд, ки танҳо бо такя ба нерўи мардуми Тоҷикистон ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи халқамон амалӣ хоҳад шуд. Дар охири Паём Президенти мамлакат ин мақсадро чунин баён кард: «Модоме ки мо ҳама якҷо як кишвари дар дами ҳалокат қарордоштаро ба қаламрави сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва шукуфоиву ободӣ табдил додем, қодир ҳастем, ки ҳамаи мушкилоти дигарро низ бартараф карда, дар ояндаи наздик Тоҷикистони маҳбубамонро бо заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстона боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем”.

Равшан Усанов, номзади илмҳо фалсафа, дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ