​Аз шумори ду чашм як тан кам

(Ба ёди устоди зиндаёд, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдулманнони Насриддин)

Мисраи дуввуми он чунин аст: “Аз шумори хирад ҳазорон беш”. Воқеан, устод Абдулманнони Насриддин бо ишқу алоқа ва кӯшишу ковишҳои пурмояашон ҳарчанд ҷойгоҳои муайянеро дар адабиётшиносӣ ва нақду баррасии осори адабӣ ба даст овардаанд, вале вусъати нигоҳашон бо анҷоми ҳамин гуна масъалаҳои муҳими суханшиносӣ хотима намеёбад, балки бо ташаббусҳо ва ибтикороту барномарезиҳои пайваста оид ба эҳёи анъанаҳои деринаи адабиёти форсӣ, таъсису поягузории иртиботи фарҳангӣ, пайванди риштаҳои гусастаи ҳавзаҳои адабӣ фарох шуда, ба як мактаби бузурги илмиву адабӣ табдил ёфтааст, ки имрӯз дар меҳвари худ суханварону муҳаққиқони соҳибному соҳибунвони ҳавзаи адабии шаҳри Хуҷандро гирд овардааст ва оташи меҳру ихлоси ҷавонони ин минтақаро нисбат ба шеъру адаб ва таъриху фарҳанги ниёгон фурӯзон намуда, оинаи барқади аҳли фазлу ҳикмат гардидааст.

Таъкид бояд намуд, ки бо фурӯпошии империяи мафкуравии Иттиҳоди Шӯравӣ аз рӯи муборизаи манфиятҷӯёнаи абарқудратҳо кишвари тозаистиқлоламон ба дасти зимомдорону мансабталошони дохилӣ афтода, як нуктаи асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ шуд.

Бар асари ин ҳодиса ва оғози раванди муҳоҷиршавии оммавӣ рӯшанфикрону суханварон тарки ҷою манзил карда, як муддат аз ёру диёри хеш худро канор гирифтаанд. Бо ин, кохи баланди илму маърифат то андозае дар ин давра газанд ёфт, эҳсос мешуд, ки ҳамин раванд ба доираи инкишофи тафаккури ҷавонон то андозае мушкилӣ эҷод мекунад ва ҳамин тавр ҳам шуд, ҷойи мутолиаи китобро муносибати нодурусти ҷавонон бо компутер ва бозиҳои электронии интернет гирифт.

Ибни Қурбон дар китоби «Дар дуроҳаи фано ва эҳёи миллати қадим» (Душанбе, 2007 саҳ. 446 – 450) ҳамчун барномаи эҳёи маънавии миллати тоҷик ба мақомоти баландпояи давлатӣ хулосаҳояшро чунин пешниҳод мекунад, ки ба таъмини истиқлоли фикрӣ, ваҳдату ягонагӣ ва иттифоқу якпорчагӣ мусоидат мекунад: «Миллатро ба таври оммавӣ «иҷборан» бояд китобхон кард»; «Таъсиси фурӯшгоҳҳои бузурги китоб дар маркази пойтахт»; «Ҷорӣ доштани таълими ҳатмии расмулхати форсӣ дар макотиби таълимоти ҳамагонӣ ва шурӯи ҳарчи зудтари он аз масъалаҳои муҳими рӯз аст»; «Бо ширкати якҷояи забоншиносони Эрону Афғонистон луғатномаи фаврии забони форсӣ тартиб дода шавад»; Хушбахтона дар соли гузашта расман ифтитоҳи «Китобхонаи миллӣ» бо маҷмӯи беш аз як миллион адад маъхази муҳими соҳаҳои гуногуни улуми инсонӣ ва имсол «Осорхонаи миллӣ» бо фароҳамсозии натиҷаи таҳқиқоти муҳими таърихӣ ва бозёфтҳои арзишманди археологӣ сурат гирифтанд.

Чунин ибтикорот ва ташаббусҳо дармони ҷароҳатҳои ҷонкоҳи солҳои навадуми халқи тоҷик дар марҳалаи тамоман нави тавсияву ҷаҳонишавии тамаддуни башарӣ мегардад.

Ҳарчанд, хулосаҳои амиқу арзишманди бунёдии аҳли зиё ба Ҳукумати марказӣ доир ба ҳамин гуна масъалаҳои муҳим, аз ҷумла, баландбардории сатҳи маърифативу ҷаҳонбинӣ, рӯоварӣ ба бунёди муассисаҳои бузурги илмиву фарҳангӣ бо чунин роҳу равиш сурат мегирифт, вале ин ҳам андак андак дар тамоми гӯшаву канор ҳамовозӣ пайдо карда, бо усули роҳандозии барномаҳои мушаххас дар минтақаву доираҳои адабии дигари кишвар, бахусус, дар ҳавзаи адабии шаҳри Хуҷанд бо ҳаракату дархостҳои устоди зиндаёдамон, профессор Абдулманнони Насриддин рӯи даст гирифта шуд.

Устод Абдулманнони Насриддин ба падидаҳои тозаи адабиётшиносӣ нигоҳи хос доштанд аз ин ҷиҳат, костагиҳои таълиму тарбия ва илму адаби форсӣ тез ба чашмашон меомаданд. Ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1986 дар «Газетаи муллимон» мақолаи «Гулистон»-ро чи тавр меомӯхтанд» ба нашр расид, ки як андоза барномаи ҷорисозии таълимоти афкори суннатиро дар мисоли китоби «Гулистон»-и Шайх Саъдии Шерозӣ ба низоми мактабҳои олии Иттиҳоди Шӯравӣ пеш гузошта буд ва чун диданд, ки дар солҳои баъд, бахусус, давраи соҳибистиқлолӣ ҷомеа дар як марҳалаи хароби маънавӣ қарор дорад бо ташаббуси шахсиашон нақшаву барномаҳояшро такмилу маҷмуъ карда, маҳфили сайёри «Ганҷи сухан»-ро бо мақсади тарғиби китоб бо ҳамдастӣ бо МИҲД вилояти Суғд таъсис доданд.

Ормонҳои устод Абдулманнони Насриддин тайи фаъолияти маҳфили мазкур амалан то фурсатҳои охирини умр татбиқ гадиданд. Осори адабию илмии маҳфили «Ганҷи сухан» дар ҳаҷми се ҷилд зери назари устоди равоншод бо муқаддимаи муфассалу пурбор бо бардошту натиҷагириҳои илмиашон дар ҷараёни баргузории маҳфил аз чоп баромаданд.

Мо қабл аз ин ҳам бо ҳамин гуна талошу кӯшишҳои устоди равоншод Абдулманнони Насриддин дар паси мизи донишҷӯӣ шарафи шунидани суҳбатҳои устодони суханро, амсоли Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар, муҳаққиқи эронӣ доктор Сайид Алии Мусавии Гарморудӣ, олимон: Абдунабӣ Сатторзода, Мирзо Муллоаҳмадов, Абдулхолиқ Набавӣ, Юсуф Акбарзода, Дорои Дӯст ва дигарон ба даст оварда будем.

Ба устод дили алоқамондон ва ҳаводорони адабиёту ҳунар гарм буд, ғараз надоштанд, баракс дар меҳвари маҳфили «Ганҷи сухан» гирд омада, ба бедорсозии меҳри китоб, мутолиаи пайвастаи маъхазҳо ва сарчашмаҳое, ки шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд, интихобу маънигузориҳои ашъори суханварон, қироати шеърҳои муосирон ва нақди назму насри нависандагону шоирон, пешкаши намунаҳои беҳтарини суруду таронаҳои ҳофизон аз дастаҳои ҳунариву касбии қаламрави вилоят кӯшиш менамуданд.

Мо нағз дар хотир дорем, ки ташаббуси аввалин аз ҷониби устод Абдулманнони Насриддин оид ба интихоби мавзӯи гузориш дар яке аз маҳфилҳои «Ганҷи сухан» зоҳир гардид ва устод дар доираи мақому манзалати Шайх Саъдии Шерозӣ маърӯзаи илмӣ доштанд, ки то ҳол муҳтавояш дар хотирамон нақш бастааст. Бидуни тардид метавон гуфт, ки дар бораи Шайх Саъдӣ (ҳарчанд он гузоришот чоп нашуд) мисли устоди арҷмандамон касе натавонист роҷеъ ба ашъору афкори Саъдӣ маълумоти муфасал дошта бошад ва ба он ишқу алоқаи зиёд барқарор кунад.

Абдунабӣ Сатторзода низ дар як ҷаласаи маҳфили мазкур роҷеъ ба муҳтавои ашъори Лоиқ маърӯза доштанд, ки бисёр ҷолибу хотирмон буд ва чашми муҳаққиқони ҳавзаи адабии шаҳри Хуҷандро нисбат ба илму адаб кушод ва диду нигоҳашонро фарохтар кард.

Устод Абдулманнони Насриддин мегуфтанд, ки як мақола ё як суҳбати созанда ё мутолиаи як китоби хуб роҳу равиши шуморо дигар мекунад ва дар самти таҳқиқ ба афкору андешаатон бетаъсир намемонад. Ин ҳарфи созандаи устод воқеан як байти Шайх Саъдиро ба хотир меовард, ки муҷиби ҳоли мо барин шогирдони камтарини устоди равоншодамон Абдулманнони Насриддин буд:

Ҳар дам, ки дар ҳузури азизе бар оварӣ,

Дарёб к-аз ҳаёти ҷаҳон ҳосил он дам аст.

Воқеан, ҳузури ин азизону номоварони илму адаб ҳосили ҳаёти ширини давраи донишҷӯиамон ва маргашон ба қавли ҳазрати Бедил “ҷаҳонеро далели кулфат” будааст.

Ҳазрати Алӣ (разияллоҳу анҳу) мефармоянд, ки: «Як донишманд аз шахси рӯзадору шаббедор бартар аст ва бо марги як донишманд дар Ислом шикофе меафтад, ки ҷуз бо ҷонишине аз вай пур намегардад. Ин ҳама ҳеҷ аз ғуруру худписандӣ намебошад, зеро Худованд дар Лавҳ-ул-маҳфуз нигоштааст, ки: нестии ин дунё ва вайронии он вобаста ба марги олимони он аст» (Аҳамияти илм ва фазилати донишмандон. Гирдоваранда Муҳаммадзарифи Абдулмаҷид. Islamnouse.com-2010-1431.-С. 3-4).

Устод Абдулманнони Насриддин шогирдони зиёд доранд, вале дар байни онҳо абадан ҷояшон холӣ аст. Маргашон талафоти ҷуброннопазир дар илм аст.

Фарогирии мавзӯоти муҳиму мушаххас фазилати муҳими маърӯзакунандагони анҷумани сайёри «Ганҷи сухан» ба ҳисоб меравад.

Тавассути гузоришоту суҳбатҳои муфиди устодони донишкадаи суханшиносии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров равзаи ҳикмату ирфон ба рӯи ҳаводорони каломи бадеъ кушода мегардид.

Маҳфили «Ганҷи сухан» масъулияти хирадгароӣ ва маърифатпарварии шаҳри бостонии Хуҷандро баъди асрҳову солҳои сахту сангини таърихӣ ба намоиш гузошт ва наздики даҳсол аст, ки он бо шарофату сарварии муассиси ин маҳфил ба маркази илму маърифат мубаддал мешавад. Орзуи деринаи устод буд, ки дар шаҳри Хуҷанд аз нав маҳфилҳои мавлавихониву ҳофизхониву, бедилхонӣ эҳё гардад. Ба доманаи таҳқиқ кашида шудани масъалаҳои умдаи мавзӯиву ҳунарии дафтарҳои алоҳидаи «Маснавии маънавӣ», рамзу киноёти девони ашъори Бедили Деҳлавӣ, вижагиҳои услубии «Гулистон»- и Саъдӣ, ояҳои қуръонии ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ, посдории забони модарӣ дар оинаи васоити ахбори умум, арҷгузории сарчашмаҳои адабиётшиносӣ, муаррифии нусхаҳои боэътимоди осори қаламиву чопии дохиливу хориҷӣ, нақду наққодӣ, баҳогузорӣ ба дурустии тамоюлоти насри муосир, ташкили суҳбатҳои шоирон заминаи мусоиде барои ҷалби таваҷҷуҳи суханварони номовари риштаи суханшиноси фароҳам овардааст. Ин омил ба як маркази илму адаби кишвар табдил ёфтани ҳавзаи адабии Суғд кӯмак мерасонад. Баҳром Мирсаидов дар мақолаи «Сад барг аз гулистони маърифат» чунин менависад: «Ёдам ҳаст, ки баъди суҳбату мулоқот ва пазироии гарм пешроҳони илми суханшиносии кишвар, амсоли Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, Расул Ҳодизода, Худоӣ Шарифзода, Абдунабӣ Сатторзода, Баҳриддин Камолиддинов, Мирзо Муллоаҳмадов, Абдулхолиқ Набавӣ, Юсуф Акбарзода ва ҷамъи азизон таъкид менамуданд, ки ҳоло Хуҷанд рисолати таърихии марказҳои бузурги қадими тоҷикон- Самарқанду Бухороро дар худ таҷассум кардааст. Ташрифу сафарҳои хидматии донишмандони эронӣ, ки то замони таъсиси анҷумани илмиву адабии «Ганҷи сухан» ба шаҳри Хуҷанд иттифоқ афтода буд, бори дигар моро аз он мутталеъ менамуд, ки маҳз ба фазлу хиради олимон метавон обрӯву эътибори ҳавзаи адабии Суғди бостонӣ ва кулли кишварро муаррифӣ намуд» (Баҳром Мирсаидов. Сад барг аз гулистони маърифат.-Нури маърифат.-С. 2).

Устод ҳам вақте дар мавриди муайянсозии заминаҳои илму адаби форсӣ андешаҳояшонро баён мекарданд, бештар ба як маркази илму маърифат табдил ёфтани шаҳри бостонии Хуҷанд ишора карда, ифтихор менамуданд, ки имрӯз низ он ҳамчун шамъи анҷумани адабиёту ҳунар ва фарҳангу маориф дилҳои пурумеду пурдарди миллати бисёр заҳматкашу заҳматпешаамонро, ки дар аъмоқитаърих озори зиёд дидаву заҳрҳои ҳалокатбору ҷонкоҳи аҷнабиёнро таҳаммул варзидааст, мунаввар месозад. Боре як равшанфикри тоҷик бо ифтихори шаҳрдориву фарҳанги шаҳрсозӣ тамоми ормонҳои худро дар мисрае ҷой додаву, гуфта буд, ки: «Душанбе ҳам Бухоро шуд муборак» ва имрӯз ҳам ин шаҳри бостонии Хуҷанд ҳамон асолати таърихиеро, ки дар марказҳои бузурги илму маърифат- Самарқанду Бухоро вуҷуд доштанд, эҳё намуда, рисолаташро дар баробари Душанбе, ки пойтахти Тоҷикистон аст, анҷом дода истодааст.

Агарчи ин хоку марзи поки аҷдодӣ тӯли асрҳо бо вуҷуди азизоне чун Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ- ситорашинос ва донишманди илмҳои дақиқ, Шайх Маслаҳаддини Хуҷандӣ- ориф ва пешвои мазҳабу дин, Камоли Хуҷандӣ- шоир ва мутафаккири бузурги асрҳои XIII-XIV руҳу ҷони моро болида месозад, номи устодони соҳибилму соҳибфазилатамон ба монанди шодравон Абдулманнони Насриддин ва кулли азизони дигар шуҳрату шони ин боргоҳи суханпарвару суханофарро ба дуриҳои дур ба Шерозу Машҳад, Табрезу Кошон, Қунияву Тошканд мебарад.

Устод Абулманнони Насриддин бо таълифи «Тазкираи шуарои Хуҷанд», ки бо хати форсӣ дар Эрон чоп шуд, нақши созандаву барозандаи намояндагони барҷастаи адабиёти форсиро, ки дар ин ҷо арзи ҳастӣкардаанд, ба таври шоиста нишон дода, ишқу алоқаи пайвастаи хешро ҳамчун меросбару парчамбардори халқу миллати хеш зоҳир намудааст, ки ин ҳам як муҳаббатномаи фарзандони маърифатдӯсту фарҳангпарвари шаҳри бостонии Хуҷанд нисбат ба зодгоҳашон мебошад.

Дар фароварди ин навишта метавон гуфт, ки барои муаллифи ин сатрҳо саодати бузургест, ки дар фосилаи машғулӣ ба навиштани рисолаи илмӣ ҳамеша аз кӯмаку ёрмандӣ ва маслиҳатҳои судманди доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдулманнони Насриддин ва аз иштирок дар маҳфили эшон баҳраҳои фаровон бардоштаем.

Қабл аз ҳама, хидмату ёрмандии устоди равоншод, Абдулманнони Насриддинро, ки дар дилҳои мо чароғи маърифатро фурӯзон намудаанд, дар ташвиқ ба роҳи ростини илмва шинохти қадру манзалати сухан ба назари таҳсин нигариста, тавфиқоти охирати эшонро дар хидмат ба фазлу адаб аз Ҳазрати Офаридгор масъалат менамоем.

Ромизҷон Абдуллоев,

сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ