​Заҳрзадагонро даво нест?!

Илми тиб ва дорушиносӣ дар натиҷаи пешрафти илму техника, технологияҳои нав ба нав қудрати баланди пешгирии аз дучорёбӣ ба бемориву давои ҳазорон бемориҳоро пайдо кардааст ва ин фаъолияти густурда идома ёфта истодааст. Дар ин ҷода дастовардҳои илмӣ дар самти таъмини амнияти радиатсионӣ, токсикологӣ ва амсоли онҳо хеле назаррас буда ҳазорон нафар беморонро табобати комил имконпазир гардид. Алалхусус, дорушиносон аллакай ваксинаҳои гуногун аз заҳролудшавии организми инсон бо заҳрҳои гуногунро кашф кардаанд. Заҳри мору каждум, газандаҳои дигар, заҳролудшавӣ бо радионуклидҳову пайвастагиҳои химиявию биологӣ ва ғайра аллакай табобатшавандаанд. Вале, то ҳанӯз олимону мутахассисон дар ҷустуҷӯи даво аз заҳролудшавии майнаю қалб бо заҳри қаттол – ғояҳои ифротиро кӯшиш доранд ва умед дорем, ки ин доруро низ ихтиро месозанд.

Аҷиб он аст, ки то давраи кашфи давои мувофиқ тӯдаи ифротгаро, ба мисли Кабирии маккору Иқболбии касиф ва думравони чоплуси онҳо, ки организм (майнаи сар ва қалб)-ашон заҳролуд аст, чӣ кор мекарда бошанд? Охир, майнаи заҳролудашон пайваста онҳоро ба паҳн намудани иғвою дасиса, фитнаю фасодкорӣ водор менамояду наҳзатиёни палид ба эҷоди фитнаву макрҳои нав ба нав машғуланд!? Ботини палиду разилашон бар замми майнаи заҳролудгашта намегузорад, ки ин аблаҳони нобакор лаҳзае қарор ёбанд. Хоҷагони аҷнабии маблағгузорашон ононро чун ғуломи зангӣ беш аз маркаби боркаш супоришҳои қатъӣ додаанду ин ҳаромзадагонихоини ватанфурӯш тамаллуқкорона онро иҷро менамоянд.

Хайратовар аст, ки худ дар муҳоҷират, ватангадову беҳуқуқанду мехоҳанд тӯдаи балозадаи худро ҳимоятгари муҳоҷирони меҳнатӣ вонамуд карданианд!? Лоақал, худро ҳимояту сарҳисоби худ меёфтанд?! Худпарасту сиёҳдиланд, ки бо сабаби надоштани номусу орият, ғуруру тамиз ҳоли воқеии худ дарк карда наметавонад. Мисли ҳамдунае мебошанд, ки ба акси худ дар оина нигоҳ накарда дигаронро зиштрӯ меҳисобанд!

Кош нафаре аз тӯдаи наҳзатиёни аблаҳ боре ба макони аҷдодӣ бармегашту бо чашми худ аз файзу баракоти кишвари мо огоҳ мегашт?! Эҳтимол меравад, ки бо дидану дарки дастовардҳои Ватани соҳибистиқлоламон бо ҳасудиву бахилӣ, олам ононбеқарор хоҳанд гашт. Ба асари заҳролудии майнаю қалб дар гумроҳиву фитна қарор дошта буданду аз файзу иқболи баланди мардуми кишвар кӯрдудона хоҳанд сӯхт. Илоҳо ҳолашон чунин бод!

Дорусозу дорушиносонро таъкид мебояд кард, ки агар давои заҳри ифротгароӣ пайдо намоянд ҳам, тӯдаи палидони наҳзатӣ, алалхусус Муҳиддин Кабирии дурӯя шоистаи он даво нест. Беҳтараш кӯрдудона сӯзанду буйи ғализашон ҳавои Аврупоро саросар бадбуй кунад. Муҳим он аст, ки кишвари биҳиштосоямон аз ин тӯдаи ноҷинсон пок хоҳад шуд.

Собиров М.С. - дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷандба номи академик Б.Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ