​Дарси кушод: “Одоби муошират дар ахлоқи касбӣ"

Дар факултети муҳандисӣ-омузгорӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дарси кушод доир гардид.

Дарси мазкур аз ҷониби дотсенти кафедраи педагогӣ ва табиию риёзӣ Умарова Матлуба гузаронида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дарс аз фанни этика баргузор шуда, дар он донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ иштирок намуданд.

Дар раванди дарс аз муаррифӣ (презентатсия), аёниятҳо ва воситаҳои техникии таълим истифода бурда шуд, ки сифати ҷараёни таълимро таъмин намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ