Озмун: “Хонандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат”

Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар заминаи амри Президенти Ҷумҳуии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, №АП-470 бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими Ваҳдати миллӣ, эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат”-ро миёни донишҷӯёни (магистр ва бакалавр) донишгоҳ эълон менамояд..

Дар озмун танҳо донишҷӯён аз рӯи талаботҳои зерин иштирок карда метавонанд:

  • донистани маълумоти муфассал доир ба асарҳои Пешвои миллат;
  • доштани маълумот оид ба ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллат;
  • қобилияти нақлу тафсири воқеаҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • баёни порчаҳои муҳимми асарҳо, асосноккунии дастовардҳо, корнамоӣ ва ободкориҳои Пешвои миллат;
  • донистани санадҳои муҳимми меъёрии ҳуқуқӣ оид ба мақоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • донистани мероси таърихию фарҳангии моддиву маънавии халқи тоҷик;
  • донистани сарчашмаҳои таърихӣ ва асарҳои илмию бадеӣ, ки дар асарҳои Пешвои миллат истифода шудаанд;
  • қобилияти суханварӣ, озодбаёнӣ ва ровигӣ;

Ғолибони даври якум ба даври дуюм яъне даври ҷумҳуриявии озмун пешниҳод карда мешаванд.

Барои иштирок дар даври донишгоҳии озмун донишҷӯён ба садорати факултете, ки дар он таҳсил мекунанд, муроҷиат намоянд. Пешниҳоду дархостҳо оид ба иштирок дар озмун то санаи 20 майи соли ҷорӣ қабул карда мешванд.

Маълумоти муфассал: раёсати донишгоҳ утоқи 105

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ