Муаррифии китоби профессори донишгоҳ дар Чин
Дар Донишгоҳи металлургии шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии мардумии Чин аз 12 то 25 апрел лагери байналмилалии баҳорона доир гардид. Дар лагери мазкур Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро омўзгори кафедраи забонҳои форсӣ ва хитоии факултети забонҳои шарқ Нуриддинова Нилуфархон ва шаш нафар донишҷўёни ихтисоси забонҳои хитойӣ ва англисӣ муаррифӣ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки чорабинии мазкур ба омӯзиши забон ва фарҳанги чинӣ бахшида шуда, ҳадаф аз он табодули таҷриба ва таҳкими донишу сатҳи забондонии донишҷӯён мебошад.
Маврид ба таъкид аст, ки дар доираи лагер як қатор чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ баргузор шуданд. Аз ҷумла, китоби доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забонҳои форсӣ ва хитоӣ Низомиддин Муродӣ таҳти унвони «Китай и персидско-таджикская литература», ки бо ҳаммуаллифии дотсент Ван Юйхун таълиф гардидааст, дар доираи ин ташаббус муаррифӣ гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил