​Шинохти Мавлоно дар Чин

Дар факултети забонҳои шарқ маҳфили илмӣ таҳти унвони «Шинохти Мавлоно дар Чин» баргузор гардид. Доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забонҳои форсӣ ва ҳитойӣ Низомиддин Муродӣ перомуни омўзиш ва шинохти Мавлоно дар ғарби Чин маълумот дод.

“Тарҷумаи «Маснавии Маънавӣ”-и Мавлоно дар Чин ба забони ўйғурӣ борҳо нашр гардидааст. Шоирону адибони ўйғур аз ашъори Мавлоно пайравӣ намуда, дар пайравӣ ба «Маснавии маънавӣ» маснавиҳои хешро иншо кардаанд. Ҳамчун мисол метавон қайд намуд, ки яке аз шоирони мумтози адабиёти ўйғур Мавлоно Хароботӣ, ки баъд аз 500 соли даргузашти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ ба дунё омадааст, худро фарзанди Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ хонда, маснавие дар пайравии «Маснавии Маънавӣ» таълиф намудааст, ки ин баёнгари иродату ихлоси Мавлоно Хароботӣ ба шоир ва мутафаккири мо Мавлоно Ҷалолуддини Балхист” – таъкид шуд зимни маҳфил.

Дар фарҷоми маҳфил декани факултет дотсент Ислом Раҳимов баромад намуда, донишҷўёнро ба омўхтани осори Мавлоно ташвиқ намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ