​Вохӯрӣ бо намояндагони Суди шаҳри Хуҷанд

Бо ташаббуси кафедраи кори бонкӣ вохӯрии намояндагони Суди шаҳри Хуҷанд бо устодону донишҷӯёни факултети иқтисодӣ сурат гирифт.

Дар вохӯрӣ муовини аввали Раиси Суди шаҳри Хуҷанд Раҳмон Ҷӯрахон Ќурбоналӣ, судяҳои Суди шаҳри Хуҷанд Олимзода Рафиқҷон Раҳмат, Саидмухторзода Шӯҳрат ва Рустамзода Маъруф иштирок намуданд.

Мулоқоти мазкур дар доираи эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" ба роҳ монда шуда, дар доираи он муҳтавои “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон, масоиои баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии донишҷӯён ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос доир ба самти соҳаи ҳуқуқи иқтисодӣ муҳокима ёфтанд.

Ҳадаф аз ин ташаббус таҳкими саводи сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии донишҷӯён унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ