​Ректори донишгоҳ аз машғулиятҳои факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ дидан намуд

Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода аз факултети муҳандисӣ-омузгорӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дидан намуд. Ин ташаббус дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати огоҳ шудан аз вазъи ҷараёни таълим ва баланд бардоштани сифати таҳсилот роҳандозӣ гардид.

Профессор Аюб Усмонзода дар як қатор машғулиятҳо иштирок намуда, бо устодону донишҷӯён суҳбати озод анҷом дод.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар самти фароҳам овардани шароити арзанда барои фаъолияти устодон ва таҳсили донишҷӯён тадбирҳои заруриро анҷом медиҳад.

Ректори донишгоҳ нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зикр намуда, супоришҳои Роҳбари олии мамлакатро ҷиҳати таъмини рушди соҳаи илму маориф ба устодону донишҷӯён хотиррасон намуд.

Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, таҳкими сатҳи тарбияи донишҷӯён, пешгирӣ аз гумроҳшавии ҷавонон, мубориза бо бегонапарастӣ ва гароиш ба фарҳанги ғайр аз мавзуъҳои дигаре буданд, ки зимни мулоқот ректори донишгоҳ перомуни он ибрози назар намуд.

Роҳбари донишгоҳ бо донишӯёни хориҷии факултет низ суҳбат намуда, доир ба густариши равобити байналмилалии донишгоҳ таъкид намуд.

Хотиррасон менамоем, ки дар факултети муҳандисӣ-омузгорӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ду кафедра фаъолият дошта, мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои ўзбекӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва санъати тасвирӣ, таҳсилоти касбӣ. Агромуҳандисӣ, таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ, забон ва адабиёти рус, технология, тарбияи ҷисмонӣ омода карда мешаванд.

Чунин ташаббус бо мақсади шиносоӣ бо сатҳи таълим ва шароити таҳсили донишҷӯён аз ҷониби ректори донишгоҳ мунтазам ба роҳ монда мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ