​Сиёсати мутобиқ бо қонунҳои зиндон ё чанд нукта бобати зӯргӯиҳои Тошиев

Раиси Кумитаи давлатии амнияти Қирғизистон рӯзи 15 сентябр гуфт, ки гӯё, снадҳои тозаеро пайдо кардааст, ки "бар асоси он бисёре аз заминҳои Қирғизистон ба Тоҷикистон гузаштааст”. Ӯ ин нуктаҳоро дар солгарди муноқишаи марзии моҳи сентябри соли 2022, ки бинобар иғвои марзбонони қирғиз сар зада буд, таъкид кард ва як навъ ба таври лаҳни тунд гуфт, ҳуҷҷатҳоеро дарёфт кардааст ки бо такя ба онҳо гӯё ба иддаои ӯ асос барои даъвои баъзе заминҳои Тоҷикистон карда метавонад. Ин суханони Тошиевро метавон, аз чанд ҷанба арзёбӣ кард:

Нахуст ин ки ин як тактикаи маъмулии Тошиев аст, ки ба хотири шӯҳратёбӣ ё худ популизм ва худро дар назди ҷомеаи Қирғизистон “ширин нишон додан” рӯйи даст гирифта истодааст. Бо ин ӯ мехоҳад, то халқи қирғиз бидонанд, ки маҳз ӯ “ғамхори мардум ва ҳимкоятгари манофеи мииллӣ” аст. Аммо на ину на он. Ӯ танҳо як нафаре, ки ҳамроҳи ҳамсангаронаш замони ноамнии Қирғизистон бо роҳи зӯрӣ ва гурӯҳбозӣ зимоми қудратро ба даст гирифт ва бо роҳи зӯриву, таҳдиду саркӯб Қирғизистонро идора карда истодааст.

Изҳоротҳои тезутунди Тошиев, ки гӯё аз назари худаш ӯро дар наздик Қирғизистониён ҳимоятгари “манофеи миллӣ” намудор мекунад, танҳо як роҳе аст, барои як муддат монополияи қудрат ва бо ин васила расидан ба ҳадафҳои шахсӣ. Чун аллакай коршиносон борҳо таъкид ба ин нукта карда, гуфтаанд, ки Тошиев ба сифати лакомотиви таҳрикдиҳанда барои пайвандонаш дар “тавфиқи бемайлон” кӯмак карда истотодааст. Чун бо истифода аз вазифаи Тошиев наздиконаш аз як тараф дар мансабҳои калидии Қирғизистонро идора карда истодаанд, аз ҷониби дигар як гурӯҳи дигари онҳо риштаи тиҷорати маҳсулоти нафти дар Қирғизистонро ба даст гирифтанд. Рӯзгори соири дигари наздикон ва тарафдоронаш ҳам баъди сари қудрат омадани Тошиев 360 дараҷа ба самти беҳбудӣ тағйир хӯрдааст.

Аз ҷониби дигар ин усули маъмулии зӯгӯиест, ки барои Тошиев замони дар гурӯҳҳои ҷиноӣ фаъолият доштан ва ба ҳангоми дар маҳбас адои ҳукм кардан, ба ӯ ба мисоли одат гаштааст ва баёнгари он аст, ки ӯ на танҳо аз мактаби сиёсат ва дипломатия нагузаштааст, балки ҳамчунин ӯ алифбои этика ё ахлоқи мансабдоронро нахондааст. Дар поён чанд далелҳое меорем, ки далели аз алифбои дипломатия огоҳ набудани Тошиев аст ва собит месозад, ки ӯ забони гуфтушунидро намефаҳмаду балки тарҷеҳ медиҳад, ҳама чиз танҳо бо забони зӯргӯӣ ва хунрезӣ ҳал мешавад.

Моҳи июни соли 2022 Раиси Тошиев дар ҷаласаи Жогорку Кенеш Адахон Мадумаров, вакили порлумон ва раҳбари ҳизби "Бутун Қирғизистон"-ро ҳақорат карда, ҳатто рӯйирост таҳдид, кард, ки “Дастатро мешиканам”. Агар сатҳи муносибати сиёсии роҳбари хадамоти амнияти як кишвар, нисбати вакили порлумон ва як мансабдори баландпоя ҳамин бошад, аз ӯ муносибати дипломатӣ ва гуфтушуниду тафоҳумро интизор шудан, ба фикри ман дар дарёи беоб интизори кишти шуданро мемонад.

Ҳақорати рӯйирост аз тарафи раҳбари КДАМ-и Қирғизистон, ки сатҳи сиёсатмадорони рақами 1 Қирғизистонро бозгӯ мекунад, ба як ҳолати муқаррарӣ бадал шудааст. Моҳи ноябри соли 2022 Тошиев дар ҷаласаи порлумони шахсияти Омурбек Бакировро паст зад ва вақте ки Бакиров аз ӯ тақозо кард, ки масъаларо оромона бо роҳи гуфтугӯи солим баррасӣ кунад, Тошиев модари Омурбек Бакировро ҳақорат кард. Ин дар ҳолест, ки дар ҷаласи мазкур дар қатори вакилони порлумон худи Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ҳам ширкат дошт ва ӯ ин ҳақоратро маҳкум кардан як тараф истад, ҳатто лаб во накард. Дар натиҷа дар толори ҷаласа вакилон ба ҳамдигар дарафтода, кашмакаш карданд. Инҷо шояд сари хонанда суоле пайдо шавад, ки “Чаро Ҷабборов ҳақорат Тошиевро маҳкум накард ё Ташиев аслан чӣ ҳақ дорад вакили порлумонро ҳақорат кунад?” Ҷавоб оддӣ. Чӣ тавр ӯ ҳамсангарашро, ки замоне дар олами ҷиноӣ бо ҳам буданду, баъдан ҳатто рӯзҳои дар ҳабс будан, дар дохили маҳбас “мафиа” доштанду ҳарду саромадони мактаби зӯргӯӣ ва таҳқиру тавҳин ҳастанд, назди намояндаҳои як миллати қирғиз, ки пеши манфиатҳои Тошиеву Ҷабборов онҳо ҳеҷ ҳастанд, сарзаниш ё маҳкум мекунад? Не, ӯ аслан чунин намекунад. Чун барои Ҷабборов пиёдашавии манфиатҳои ӯ ва дӯсташ Тошиев муҳим аст, на сухани намояндаҳои ҷомеаи Қирғизистон, на манофеи қирғизистониён.

Гузашта аз ин, ҳарду аз асрори якдигар бархурдор ҳастанду Ҷабборов ҳаддаш намерасад, ки Тошиевро ҳатто сарзаниш кунад. Чун мафияи Тошиев, ки мутаркиб аз сарбурҳою сархурҳо ҳастанд, амнияти Ҷабборовро таъмин мекунанд. Аз ин лиҳоз Ҷабборов беҳтар мешуморад, ки Тошиев ҳатто “аз худ равад” ҳам бо ӯ муносибаташ бад нашавад.

Аз ҷониби дигар коршиносон мегӯянд, дар умури дохилии Қирғизистон Тошиев аз Ҷабборов ҳам таъсири бештар дорад ва аз ин лиҳоз Президент ба рафтору амалкарди ӯ эрод гирифта наметавонад, ҳатто он хилофи қонун ҳам бошад. Гоҳо ҳатто Ҷабборов аз рӯи сценарияе амал мекунад, ки аз нӯги қалами Тошиев тарҳрезӣ шудааст.

Ин ду нафар бо роҳи тарс додани вакилони порлумон дар байни онҳо муҳитеро фароҳам овардаанд, ки намояндаҳои халқ ҳатто аз ишораи онҳо метарсанд. Далели ин гуфтаҳо дар навори мазкур дида мешавад, ки бояк ишораи Тошиев вазири молияи ин кишвар аз додани маълумот дар бораи базаи ҳарбии кант барои Қирғизистон соле чӣ қадар маблағи иҷора медиҳад, худдорӣ меварзад.

Ин ки Тошиев дар назди тамоми намояндаҳои халқи қирғиз ва роҳбари давлат ба худ иҷоза дод, ки намояндаи халқро ҳақорат ва ё таҳдид кунад, шаҳодатгари он аст, ки зоҳиран ҳеҷ қонун ва мақомоте дар ин кишвар болотар ва зӯртар аз Тошиев нест. Ин дар ҳоле, ки дар Боби 3, Моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Қирғизистон “Дар бораи Мақоми вакили Жокоргу Кенеш” барои таҳқир ё муносибати таҷовузкорона нисбати вакилон ҷавобагрӣ пешнбинӣ шудааст. Ҳа, дарвоқеъ ҳарчанд дар қонун нест, вале Тошиев дар ин ҷода мансабдори исти

Агар ба таърихчаи фаъолияти сиёсии ин ду нафар назар афканем онҳо соли 2012 талоши бо роҳи зӯри ишғол кардани бинои порлумонро карда буданд. Вале он замон тирашон хато хӯрд. Барои ин ва чандин амалҳои дигари ҷиноӣ соли 2018 бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум шуданд.

Ва 6 октябри соли 2020 баъди аз ҷониби тарафдоронашон бо зӯри ишғол шудани бинои Қари сафеди дар Қирғизистони замони авҷи бетартибиҳо, ки тарафдорони онҳо содир намуданд.

Боткан фишанг барои тақвияти мавқеи роҳбарони Қирғизистон ва пиёдасозии манофеи шахсӣ

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки аз замони ба сари қудрат омадани ду ҳамкорон – Содир Ҷаборров ва Қамчибек Тошиев мавзӯи Боткан яке аз мавзӯҳеост, ки атрофи он бисёр мегӯяд ва худро ягона нафарони “ҳалкунандаи муаммо ба манофеи миллӣ” нишон доданӣ мешавад. Аммо дар асл чунин нест. Аз ҳама муноқишаҳои серталафот байни Тоҷикистону Қирғизистон маҳз баъди сари қудрат омадани Ҷабборову Тошиев сар зад. Чаро?

Азбаски масъалаи аломатгузории марз дар минтақаи Боткан ҳассос асту, Қирғизистон то ба наздики бо Ӯзбекистон мушкил дошт ва бо Тоҷикистон то ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст, роҳбарони феълии Қирғизистон манфиатдор ҳастанд, ки ин мушкили ҳал нашавад. Зеро аз сиёсати пешгирифтаи ин ду чеҳраи ноогоҳ аз сиёсат қисми зиёди Қирғизистониён норизо ҳастанд ва ҳар вақте, ки пештозони ҷомеаи шаҳрвандию равшанфикрон дар ҳамҷоягӣ бо опозитсияи ҳукумати феълии Қирғизистон талоши аз сари қудрат гирифтани ин гурӯҳро мекунанд, роҳбарони феълии Қирғизистон ки бо ба таври сунъӣ тезутунд кардани вазъият марзӣ бо Тоҷикистон таваҷҷӯҳи ҷомеаи Қирғизистонро аз масъалаҳои дигари муҳим, ба вазъи марз равона кунанд.

Далели равшани ин гуфтаҳо изҳороти ахири тундлаҳни Тошиев аст. Азбаски баъди як соли муноқишаи охири сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар Душанбе ҷамъ омадану, мулоқоти нисбатан гарми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов ба нармшавии муносибатҳо дарак дод, ҳама умед ба ҳалли дипломатии ин масълаҳои марз карданд. Вале зоҳиран Тошиев, ки дарҳол изҳороти тезудунд кард, аз хубшавии муносибатҳои Душанбеву Бишкек хурсанд нест. Чун тезудунт мондан вазъи марз барои Тошиев ва ҳамсангаронаш беҳтар аст. Бо ин роҳ онҳо талош мекунанд, дар назари қирғизистониён масъалаи марзро муҳимтар намудор карда, таваҷҷӯҳи мардумро аз масоили махсусан муҳиме, ки онҷо аслан камбудии ҷиддӣ вуҷуд дорад, дур мекунанд.

Раҳматзода Ҷаҳонгир - омӯзгори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ