​Сабаби ифротишавии ҷавонондар чист?

Мувофиқи моддаи 1 ва 100-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд дунявӣ ва ягона мебошад. Шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд”.

Сабаби асосии даст задани ҷавонон ба ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ ва шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва дигар гуруҳҳои ифротӣ аз тарбияи нодурусти фарзандон дар оила, паст будани сатҳи дониши диниву дунявӣ, гумроҳшавӣ, побанди молу мулк, таъсири бекорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, беаҳамиятӣ ва беназоратии падару модар боис ба доми ифротиён афтодани онҳо гардида истодааст. Аз тарбия ёфтани чунин ҷавонон ба давлат ва оила ягон манфиате нест. Зеро онҳо хиёнат ба ватану миллат, падару модар ва оилаи худ мекунанд.

Аз ин лиҳоз, тарбия ва таҳти назорати ҳамарӯза қарор додани фарзанд аз муҳимтарин масъала дар байни ҷомеа маҳсуб меёбад.

Дуюм, назорати истифодаи мақсадноки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ҷавонон омили дигари пешгирӣ аз хатарҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, ки таваҷҷуҳ ба ин ду масоил аз ҷомеаи имрӯз масъулият, дарки дарди ҷомеа ва ҳушёриро талаб менамояд.

Зеро имрӯзҳо аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавонон фарох истифода мебаранд. Дар натиҷа, баъзан иттилои дурустро аз нодуруст фарқ карда наметавонанд ва дониста ё надониста ба шабакаҳои мамнуъи иҷтимоӣ аъзо мешаванд ва ба доми ифротиён мепайвандад, ки дар натиҷа гумроҳ хоҳанд шуд.

Хулоса, бунёди ҷомеаи солим аз ҳар як шаҳрванд вобастагӣ дорад.

Бобоҷони Хайриддин – устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ