​Хониши сиёсӣ: Таҳкими фарҳанги муносибат

Ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила дар факултети филологияи тоҷик хониши сиёсӣ доир шуд. Ин иқдом аз ҷониби кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума роҳандозӣ гардид.

Зулфия Раҷабова, роҳбари маҳфили “Фарҳанги оиладорӣ”-и донишгоҳ доир ба фарҳанги оиладорӣ маърӯза намуда, дар мавриди арзишҳои миллӣ ва суннати оиладории тоҷикон ибрози назар кард.

Декани факултет Замира Ӯлмасзода устодону донишҷӯёнро ба муносибати Рӯзи оила табрик гуфта, дар бораи таҳкими маърифати оиладорӣ таъкид намуд.

Хотиррасон менамоем, ки хониши сиёсӣ дар тамоми факултетҳои донишгоҳ ҳар ҳафта баргузор мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ