​Дастовард: 2 ҷойи намоён ва 3 ҷойи ифтихорӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино даври сеюми олимпиадаи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Хирад моро ба дониш раҳнамун аст...» доир шуд. Олимпиадаи мазкур ба муносибати «Соли маърифати ҳуқуқӣ» миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид.

Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ донишҷӯён аз рӯйи 15 фанни таълимӣ сурат гирифт.

Дар ин олимпиада 2 ҷойи намоён ва 3 ҷойи ифтихорӣ насиби донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гардид.

Аз ҷумла, донишҷӯйи курси сеюми факултети филологияи тоҷик Бобобекзода Фараҳноз аз фанни забон ва адабиёти тоҷик мақоми якум ва донишҷӯи курси панҷуми факултети физикаю техника Ибодзода Сунатулло аз фанни физика мақоми сеюмро соҳиб шуданд.

Ҳамзамон, донишҷӯи курси сеюми факултети математика Фозилов Умед, донишҷӯи курси дуюми факултети иқтисодӣ Разоқов Фарзин аз фанни сиёсатшиносӣ ва донишҷӯи курси сеюми факултети биология ва химия Фатҳуллоев Шуҳратулло бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ