​Озмун: Расми беҳтарин

Дар факултети санъати тасвирӣ ва технологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон дар ҷодаи рассомӣ ва боло бурдани тафаккури эҷодии наврасону ҷавонон байни толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд озмуни “Расми беҳтарин” таҳти унвони “Тоҷикистон ватани сулҳ” ва “Аҷаб дилороӣ Тоҷикистон” бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи илми тоҷик баргузор гардид.

Сарвари Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ба кори чорабинӣ оғоз бахшида, ҳадафи озмунро баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт ва ба ин васила дар замири наврасону ҷавонон тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ, ҳисси эҳтиром ба ҳуқуқу манфиатҳои наврасон ва мавқеи шаҳрвандии онҳо, ташаккули ҷаҳонбинӣ, зебоипарастӣ ва таҳкими нерӯи эҷодии хонандагони муассисаҳоитаҳсилоти миёнаи умумӣ маънидод намуд.

Мавсуф қайд намуд, ки баргузории озмуни мазкур яке аз тадбирҳои асили гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ маҳсуб меёбад. Гуфта шуд, ки Пешвои миллат ҳамеша таваҷҷуҳи роҳбаронро ба тарбияи кадрҳои баландихтисос ва олимони ҷавон ҷалб намудаанд ва иқдоми мазкур низ табиқи амалии сиёсати маънавибунёди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Зикр шуд, ки дар зарфи соҳибистиқлолӣ даҳҳо барномаю лоиҳаҳои гуногун қабулу амалӣ гардиданд, ки барои рушду нумӯи истеъдодҳо ва худшиносии ҷавонон заминаи воқеӣ фароҳам овардаанд.

Дар Озмун 51-нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки синни 15-18 сола дошта иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки озмуни мазкур дар се марҳила гузаронида шуда, марҳилаи аввал дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, марҳилаи дуюмн дар шаҳру ноҳияҳо ва марҳилаи сеюм дар маркази вилоят, факултетти санъати тасвирӣ ва технология баргузор гардид.

Ғолибони Озмун аз тарафи Комиссияи экспертии озмуни баҳогузорӣ карда шуда, дар ҷамъбасти Рӯзи илми тоҷик қадршиносӣ карда мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ