​Оё медонем?

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон сиёсати созандаву бунёдкорро пеша намуда, ҳадафи асосиаш нигоҳ доштани неъматҳои бузурги истиқлол ва ягонагиву ваҳдати миллист. Имрўз барои решакан ва пешгирӣ намудани хатари экстремизму терроризм Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2023” таҳия ва қабул гардида, ҳамаи мақомоти давлативу ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои таълимии кишвар бо корҳои таблиѓотиву ташвиқотӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ муборизаи беамон бурда истодаанд то ки шаҳрвандон ва ҷавонон аз хатари ин падида огоҳ ва эмин бошанд.

Ҳанўз соли 2003 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид дошта буданд: “Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки ба терроризм ва экстремизм танҳо бо усули низомӣ пирўз шудан имкон дорад. Бо чунин ақида розӣ шудан мумкин нест, зеро ҳалли низомии ин масъала ҳанўз хеле нокифоя мебошад. Он тамоми омилҳоеро, ки чун қоида боиси пайдоиши терроризм ва экстремизм мегарданд, пурра нест карда наметавонад. Вобаста ба ин бори дигар мехоҳам таъкид намоям: то он даме, ки бо мақсади кам кардани қашшоқию бенавоӣ, бекорӣ, сатҳи пасти маълумот тадбирҳои муассир ва ҷиддӣ андешида нашаванд, хавфи терроризм ва экстремизм низ аз байн намеравад”.

Дар ҷойи дигар, Пешвои миллат таъкид намуда буданд, ки “Ман борҳо гуфтаам ва бори дигар таъкид менамоям, ки идеологияи асосии давлати мо ваҳдати миллист”.

Агар пойдории истиқлол ва мустаҳкамии сулҳу ваҳдати комил идеологияи асосии давлат бошад, пас, чун гавҳараки чашм нигоҳ доштани неъматҳои он вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.

Бобоҷони Хайриддин – устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ