Мо ҳама ҳуқуқи зиндагӣ кардан дорем

Таҳти ин унвон дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус бо ташаббуси устод Раҳмонов Зикриё ва донишҷўёни ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ. Логопедия дарси кушоди тарбиявӣ баргузор гардид.

Ин ташаббус бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон ба роҳ монда шуд.

Дар доираи дарси кушод намояндаи мактаб – интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд бо истифода аз таҷрибаву мушоҳида ба донишҷўён оид ба санадҳои ҳуқуқиву меъёрӣ, шароити таҳсилу зисту зиндагии кўдакон, ғамхориву дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин қишри ҷомеа маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Дотсенти кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ Юсуфҷонова дар мавзўи “Усулҳои муосири таълим дар раванди таҳсилиоти фарогир” маърўза намуда, донишҷўёнро бо хусусиятҳои хоси кор бо кўдакони имконияташон маҳдуд шинос намуд.

Маврид ба зикр аст, ки Маҷмаъи умумии (Ассамблеяи генералии) Созмони миллали муттаҳид бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти афроди маълул соли 1992 3 –юми декабрро Рӯзи байналмилалии маъюбон эълон намуд. Дар ҷаҳон беш аз як миллиард нафар маъюб ба қайд гирифта шудаанд, ки 15%аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд. Мақсад аз эълони ин сана бештар равона намудани диққати аҳли ҷомеа ба мушкилоти маъюбон, ҳифзи эътибор, ҳуқуқу муваффақиятҳои онҳо ва иштирокашон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ