ҶОЙГОҲИ ИЛМУ ДОНИШ ВА ТАРҒИБИ ОН ДАР ОСОРИ РАВШАНГАРОН

Дар ҳама давру замон илму дониш дар адабиёту публитсистикаи тоҷик ба таври васеъ мавриди тарғибу ташвиқ қарор гирифтааст. Дар оғози садаи бист бо талошу ҷадали соҳибназарони замона адибони равшангар пеш аз ҳама илму дониш, фарҳангу ҳунар, публитсистика ва анвои он, шеъру тафаккури тоҷикии ҳавзаи Мовароуннаҳр давраи такомул ва таҳаввули худроаз сар гузаронид. Махсусан тарғибу ташвиқи илму дониш чун унсури асосии ҳаётдар сафҳаҳои матбуоти тоҷикӣ бештар мушоҳида мегардид. Илму дониш дар навиштаҳои зиёди публитсистони тоҷик чун василаи асосии рушди ҷомеа таъкид гардида, талаби илмробарои аҳли ҷомеа муҳим ва зарурӣ шуморидаанд.

Оне, ки туро зи ғам раҳонад илм аст,

В-оне ки туро ба Ҳақ расонад, илм аст.

Кам илм талаб макун ки дар охири кор,

Мулке, ки зи ту касе наситонад илм аст.

Бозгӯи ҷойгоҳи илм дар омӯзаҳои Мирзо Ҷалол бо решаҳои исломии фаҳмиши илму дониш тавъам буда, дар ин роҳ ба андешаҳои қуръонӣ такя шудааст:

«Агар касе аз аввал то ба охир Қуръони шарифро мулоҳиза намояд, возеҳ ва ошкор мебинад, ки таклифе болотар аз илм барои инсон нафармуда аст».

Мирзо Ҷалол, ки дар бисёре аз рӯзномаҳои зодгоҳаш фаъолият намуда буд, дарду алами ҷомеаро дар Бухоро ба зудӣ пай бурда, дар аксари навиштаҳояш мардумро даъват менамуд, то рӯ ба илму дониш оранду дар ҷомеа ислоҳот гузаронанд. Вай дар робита ба вазъи нобасомони ҷомеа ваҳолати риққатовари он рӯз бо таассуф мегӯяд:

«Ҳоло исми мо аз дафтари доноӣ маҳв ва расми мо аз сафҳаи ирфонӣ фонӣ гашта, пас ҳоло чӣ бояд кард?” .

Мирзо Ҷалол ба ҳамзамононаш муроҷиат намуда, авомили зуҳури ин падидаҳои номатлубро ҷӯё мешавадвабо ин ба аҳли ҷомеа ҳушдормедиҳад, ки ҳарчӣ зудтарҷомеаро аз беилмӣраҳоӣ бояд бахшид. Ин аст, ки Мирзо Ҷалол ба яке аз нахустин омӯзаҳои маорифпарварӣ дар роҳисаодати миллатилму дониш муроҷиат мекунад,баназариӯтанҳопас аз талаби илм кас дарк менамояд, ки илм чиствачӣнафъеба инсон дорад.

Мирзо Ҷалол борҳо ба ин масъалаи дардманди ҷомеа дурӣ аз илму дониш рӯй овардааст. Аз ҷумла, бо таассуф ва ҳайрат аз он ёд менамояд,ки “замоне, рушди улум дар Осиё буда, балки вақте ки дар Осиёилм ва маданият дар ҳоли рушд қарор дошт, дар сойири ақтори ҷаҳонхабаре аз инсоният набуд. Пас, имрӯз Осиёро чӣ шуда –мегӯядМирзо Ҷалол”.

Ислоҳи вазъи таълиму тадрис низ ба сифати яке аз омилҳои муҳими пешрафт ва рушди ҷомеа дар рӯзномаи «Бухорои шариф» ҷойгоҳи хосе дорад. Мирзо Ҷалол ислоҳи вазъи таълим ва тадриси фанҳои замонавиро ба толибилмон муҳим ва зарур шуморида, ҳамзамононашро ба ҳалли ин масъала даъват менамояд.

Бо назардошти ҷойгоҳи илму дониш дар рушду пешрафти кишвар Мирзо Ҷалол дар аксари матолиби хеш онро пайваста ташвиқ менамояд. Ҷолибии матолиби ин равшангар дар он аст, ки баҳри тақвияти андешаҳои хеш ба китоби муқаддаси Қуръон муроҷиат намуда, ҳамчун далел аз он истифода намудааст.

Яке аз чеҳраҳои дигари маъруфи наҳзати маорифпарварӣ инМаҳмудхоҷа Беҳбудӣ ба шумор меравад, ки бо навиштаҳои арзишманди хешба вусъат ва густариши афкору ҷаҳонбинии мардум мусоидат намудааст. Беҳбудӣ дар аксари нигоштаҳояш афкору ғояҳои пешрави равшангаронро таблиғ намуда, аз беилмӣ, бемаънавиятӣ ва масоили он фарёд мезанад.Ӯ чун равшангари машҳури давр хуб мушоҳида намуда буд, ки сарчашмаи ҳама пешрафту тараққиёт дар соҳаҳои мухталиф мактаб аст. Ба ин хотир Беҳбудӣ дар бештари навиштаҳояш мактабҳои усули ҷадидро тарғиб намуда, ислоҳи макотиби ҷомеаро ҳарчи зудтар талаб намудааст.

Ба андешаи Беҳбудӣ, ислоҳи ҷомеа, пеш аз ҳама аз мактаб оғоз меёбад, зеро мактаб роҳи фардоро равшанӣ мебахшад. Ӯ ҳаёти миллатро бамактаб вобаста дониста, мегӯяд, ки ислоҳот дар ҷомеа пеш аз ҳама оғоз мегардад «аз мактабу мадраса. Чунки ҳаёти миллат вобаста ба мактабу маориф аст. Мактабу мадрасаи кадом миллат, ки обод аст, он миллат худро мудофиа мекунад. Мактабу мадрасаи кадом миллат, хароб ё [дар] таназзул аст, он миллат маҳкуми таданнӣ ва забун аст. Ривоҷи дини миллат, тараққии илму диёнат, пешрафтифазлу ҳунар,салоҳи ахлоқу одоб, хубии майишат ва зиндагонии ҳар тоифаромактабумаориф аст. [«Мулоҳиза»“Ойина”, №2]

Беҳбудӣ бар зидди он андешаҳои ботилу беасоси муллоён, ки таъсиси мактаби усули ҷадидро бо ҳар гуна далелҳо манъ менамуданд, чандин номаҳои ҷавобии равшангарону хонандагони маҷалларо дар саҳфаҳои он чоп намуда, андешаҳою такфири муллои таассубҷуро танқид намудааст. Чунончӣ, дар яке аз навиштаҳо мехонем:

«Рӯз то рӯз адади мактабу мадрасаҳои тозаи ҷамъи мамлакатҳои исломия дар зиёд шудан аст. Ҳикмат чист? Ҳукумату уламои Бухоро ду-се мактабе, ки ҷавонони боғайрати Бухоро ба хонаи худҳо боз карда буданд, баст. Ва ин баста шудани мактабро виҷдони ҳеҷ яке аз ҳукумат ва уламои исломия киро зомин қабул намуда буд? Хаёле амри воҷибу боиси гиря аст, ки ҳукумат ва уламои исломияи Бухоро бо ин суханони амри мункар иқдом намуданд. Атфолро аз қуръонхонӣ ва дониши заруриёти динӣ, таълимӣ, ҳисоб, таърихиислому анбиё ва донистани аҳволи...ақвом, манъ намудан оё азмусулмонӣ аст?Албатта, аз мусулмонӣ нест.Пас, сабаби манъ чист?» .

Беҳбудӣ чун мубаллиғи мактабҳои усули ҷадид омӯзиши илми таъриху ҷуғрофияро ба насли наврас ва аҳли ҷомеа шарт ва зарур медонад. Бинобар ин асареро ба номи «Китоби мунтахаби ҷуғрофияи умумӣ» таълиф намуд. Бо назардошти зарурати ин фанни замонавӣ Беҳбудӣ навиштае зери унвони «Ҷуғрофиё чист?» таълиф намуда, моҳият ва зарурати ин фанро возеҳу равшан баён менамояд. Аз ҷумла мегӯяд:

«Ҷуғрофиё номи илмест, ки аз аҳволи хориҷа ва дохилаи замин баҳс ва баён мекунад, ин фан хеле қадима аст, чунончӣ аз кутуби ... ҷуғрофия маълум мешавад, қабл аз айёми ҳазрати Мӯсо дар замони- фароъинаи Мисраҳволи хушкӣ ва денгизҳои рӯи заминро баён кард ва дар коғази монанди нақша ва харита кашида шуда буда аст».

Ё худ дар навиштаи дигаре муаллифи он Муфтизода аз фардо нигаронӣ намуда мегӯяд:

«Пас, мо Турониён бо ин навъ таассубу мамониат аз тараққӣ ва маданият чӣ гуна хоҳем зист? Пас, модоме, ки суқути миллат вобастаи мактабу ғафлатанд, на ба доду фарёди мо мутаассир мешаванду на мақолоти ҷонхароши матбуотро гӯш менамоянд. Пас, оқибат чӣ хоҳад шуд ва илоҷ чӣ бошад?» [№52].

Муфтизода дар навиштаи дигари худ «Илм ва ирфон» дар мавриди ҷойгоҳи илм ва ирфон андешаҳои арзишманде баён менамояд. Муаллиф амалҳои бузурги гузаштагонро ёдовар шуда, омили осоишро ба илм вобаста медонад:

«Тараққӣ ва пешрафт намудани ҳар қавм дар дунё ба рафоҳият ва осудагӣ зистани ҳар миллат фақат вобаста ба илм аст. Ба акс адами он мӯҷиби инқирозу зиллати ҳамон қавму миллат аст. Илм ва ирфон чизест, ки Пайғамбари олигуҳари мо таҳсили ӯро ба ҷамъи нуфуси башар амру фарз намудаанд. Замоне, ки бобову аҷдоди мо бо ин фармоиши Пайғамбари мо амал менамуданд, дар роҳи илму ирфон саъйҳои балеғ ва ҷаҳдҳои бузург дошта, мадрасаҳои олӣ сохтаанд, ки ҳоло мо садяки ӯро наметавонем таъсис намоем».

Роҷеъ ба ҷойгоҳи илму дониш нигоштаҳои арзишманди равшангарони тоҷик дар матбуоти даврӣ зиёд нашр гардидаанд, аз ҷумла дар маҷаллаи “Оина” (1913) дар ин маврид андешаҳои ҷолибе баён гардидаанд. Чунончӣ:

«Ҳеҷ миллате тараққӣ нахоҳад кард, магар бо ислоҳи макотибу мадорис. Макотибу мадорис ҳам ислоҳ нахоҳад шуд, магар бо мувофиқи замони ҳозира. Ҳар гоҳ чашм кушода, ба аҳволи ҳозираи худ назар намоем, медонем, ки ба чӣ ҳолат афтодему аз бетарбиятии макотибу беназмии мадорис ба ин дараҷа расидаем. Мо, ки дар замони қадим чунин набудем, ному овоза доштем. Чандин мамолик дар таҳти тасарруфи мо буд. Сабаб чист, ки ба ин ҳолат афтодаем? [4,314]

Қорӣ Одилбекзода дар яке аз навиштаҳои хеш «Авлоди Ватанро тарбият намудан лозим аст» ба мардум руй оварда, ба онҳо хитоб менамояд, ки замоне расида, ки пайи ислоҳи ҳоли хеш талоше намоем:

«Эй бародарони ҳамдин! Ва эй ҳамватанони азиз! Акнун вақти он шудааст, моён ҳам такаббур, ҳасад ва нифоқро аз сари худ дур андохта, даст ба дасти якдигар бирасем ва чорае барои ислоҳи ҳоли фарзандонамон намоем. Дар тарвиҷи улум ва интишори фунун сайъу кӯшиш намоем. Охир мо бо чашми худ мебинем, ки аз баракати илму фунун ҷумла миллатҳо тараққӣ карданд, пеш рафтанд. Мо то кай дар таданнӣ ва ақибравӣ бошем? Ё гумон мекунед, ки барои ислоҳ ва тараққии миллат аз осмон як фавҷи малоика хобидаанд. Пас,чаро ин қадар танбал ва ин дараҷа ғафлат меварзем?” .

Дар маҷмӯъ, метавон чунин хулосагирӣ намуд, ки матбуоти тоҷикии оғози садаи бист чун василаи ҷавлонгоҳи афкор пеш аз ҳама барои тарғиби афкору омӯзаҳои маорифпарварони тоҷик хидмати арзанда анҷом додааст. Равшангарони тоҷик дар матбуоти оғози садаи бист дар маҷмӯъ ба таблиғи илму дониш, тарғиби ислоҳу таҷдиди ҷомеа, таблиғи афкори пешрав ва норозигӣ аз раванди таълиму тарбия дар мактабу мадрасаҳо, рушди тиҷорат дар ҷомеа, ғурур ва худшиносии миллӣ, тарғиби таҷриба ва усулҳои пешқадами мамолики Аврупо дар соҳаҳои мухталиф, эҳтироми инсон ва ҳифзи саломатӣ ва дигар масоил рӯ оварда буданд.



А.Шехов

дотсенти кафедраи иттилоот ва

технологияҳои робитавии МДТ ДДХ

ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ