​Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои ифротӣ

Бо ташаббуси кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим дар мавзуи «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои террористӣ –экстиримистӣ ва ҳизбу харакатҳои динӣ ифротӣ» мулоқот доир гардид.

Мулоқоти мазкур бо иштироки сардори шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташакил Рауфзода Хуршед Ғафур, декани факултет Ҷӯраева Хайриҷон, садорати факултет, омӯзгорон ва донишҷӯёни гурӯҳҳои академии факултет сурат гирифт.

Дар доираи ин иқдом аз ҷониби устодони факултет як қатор маърӯзаҳо шунида шуданд. Аз ҷумла, дотсенти кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим Олов Саидмаҳмад, муалимаи кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим Акилова Муқаддас дар мавриди таҳкими маърифати ҳуқуқӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон ибрози назар намуданд.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд» - зикр шуд зимни ироаи маърӯзаҳо.

Сардори шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташакил Рауфзода Хуршед Ғафур зикр намуд, ки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон вазифаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад.

“Бетарафӣ нисбати ин падидаи номатлуб барои рушди минбаъдаи кишвар халали ҷиддӣ ворид намуда, ба ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва бехатарии кишвар таҳдид менамояд. Имрӯзҳо гурӯҳу созмонҳои гуногуни сиёсӣ иҷтимоӣ барои паҳн намудани иттилооти бардурӯғ ва иғвоангези худ аз шабакаҳои истифода мебаранд, ки ха бештар ба ҷавонон хатар дорад”- афзуд Рауфзода Хуршед Ғафур.

Аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамчун як фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа ба афкори ғалати чеҳраҳои сиёсии ноаён фирефта нашаванд, дар ҷустуҷӯи омӯзиш ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ