ПЕШГИРИИ ХАТАРҲОИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ПАРТАВИ СИЁСАТИ БАШАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ


Дар марҳилаи навини давлатдории миллӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионии давлат ва таҳкими давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Тибқи моддаи 1 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаву иҷтимоӣ мебошад. Аз ин рӯ, рушди ниҳодҳои демократӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати озодии виҷдон, таъмини амнияти миллии кишвар, таъмини суботи ҷомеа ва дар маҷмӯъ ба амал баровардани рушду инкишофи мамлакат ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбанд.

Мутаассифона, дар радифи имкониятҳо ва шароитҳои дар амал татбиқ намудани стратегияҳои мазкур, инчунин як қатор омилҳо ва хавфу хатарҳое арзи ҳастӣ менамоянд, ки ба амнияти миллии кишвар ва дар маҷмӯъ ба сохтори конститутсионии давлат таҳдиди воқеӣ ба шумор мераванд.

Терроризм ва эктремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.

Терроризм ва эктремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва эктремизмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад. Бешак мақсадҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ватеррористӣ иборат мебошанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) дар миқёси ҷаҳон ниҳоят рушд ёфта, хатари калони ҷамъиятӣ доранд ва барои бехатарии давлатҳо ва минтақаҳо воқеан таҳдид менамоянд.

Терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ ҷинояти дорои хусусияти глобалӣ буда, мубориза алайҳи он ҳамкории зич ва мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо менамояд. Таҳдиди терроризм ва экстремизм бо истифодаи яроқи ядроӣ, химиявӣ ва бактериологӣ, инчунин ба объектҳое, ки террористон онҳоро барои анҷом додани кирдори зӯроварӣ интихоб мекунанд, имрӯзҳо на танҳо чун ҷинояти дохилидавлатӣ, ки ба манфиатҳои шахсони алоҳида, ҷомеа ва давлат зарар мерасонад, балки чун ҷинояте баррасӣ мегардад, ки дар маҷмӯъ метавонад ба тамоми ҷаҳон зиён оварад.

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) қисми таркибии таъмини амнияти на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Вазъи буҳронии ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнимазҳабӣ (байни конфессияҳо), номукаммалии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки проблемаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмилалиро танзим менамояд, барои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки вақтҳои охир хусусияти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмӯии умумидавлатии муқовимат анҷом дода шавад.

Имрӯз дар шароити нави таърихӣ низ ҷуғрофиёи терроризм ва экстремизм боз ҳам васеъ гардида, бештаре аз давлатҳои ҷаҳонро фаро мегирад. Ин муаммо ва мушкилоте ба шумор меравад, ки ҳаллу фасл, пешгирӣ ва аз миён бурдани он рисолати тамоми кишварҳои дунё ва роҳбарону сарварони онҳо ба шумор меравад.

Дар ин ҷода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони яке аз чеҳраҳои бузурги арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ва ташаббускори барномаҳои мусоид бар ҳаллу фасли муаммоҳои сайёра, борҳо аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи олам ба ин масъала руҷӯъ намуда, мақоми шахсии хеш ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти мубориза алайҳи ин мушкилоти аср муайян намудаанд.

Муҳиммияти мубориза ба терроризм ва экстремизм ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт ва дорад. Барои пешгирӣ ва аз байн бурдани ин амали номатлуб дар кишвари мо як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки заминаи мукаммали ҳуқуқии мубориза ва муқовимат бо терроризм ва экстремизмро ташкил медиҳанд.

Дар ҳақиқат терроризм ва экстремизм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фароғатӣ ва амсоли он дониста мешавад. Экстремизм бошад хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш ва нанговар доранд.

Ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба авзои ноороми сиёсии сайёра ва хатарҳои терроризм бо ташвиши ҷиддӣ сухан ронда, аз ҷумла таъкид намуданд: «Авзои сиёсии сайёра ҳоло бисёр ноорому бесубот ва боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ борҳо таъкид намудаанд, ки давлати мо Тоҷикистон соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аст. Дар баробари ин аксарияти мардуми Тоҷикистон пайрави дини мубини ислом буда, дорои фарҳанги бой ва урфу одатҳои миллӣ мебошанд. Ҷавонони кишвари мо бояд муқаддасоти ин хоку оби сарзамини биҳиштосоро донанд ва ҳаргиз нагузоранд, ки миллати ҳазорҳо сол ранҷдида аз ин музаффариятҳое, ки имрӯзҳо ба даст овардааст, маҳрум гардад.

Аз ин рӯ, қобили таъкиди хос аст, ки терроризм ягон дину мазҳаби мушаххас, пайдоиши этникӣ, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надорад. Кӯшишҳои бо ҳам пайваст намудан ё тавъам донистани терроризм бо дину мазҳаби мушаххасе дарвоқеъ ба манфиати террористон хизмат мекунад ва биноан, ин кӯшишҳоро қатъиян маҳкум бояд кард. Зарур аст, ки мо ҳар гуна зуҳуроти оштинопазирӣ нисбат ба дине ё мазҳабе монеъ шавем ва барои эҷоди ҳусни тафоҳум ва ҳамкории густурда дар асоси арзишҳои умумии кишварҳои гуногунмазҳаб талош намоем.

Ҳамзамон ҷаҳон бояд садди роҳи бадном сохтани дини мубини ислом аз ҷониби доираҳои ғараздори сиёсӣ гардад. Дар воқеъ дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммулпазирӣ, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ, тарс, ваҳшоният ва кӯшторро маҳкум месозад. Бинобар ин, терроризм ва экстремизмро бо ислом пайванд додан хатои маҳз ба шумор меравад.

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Ҳамаи ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри ХХІ табдил ёфтааст.

Дар тақвияти ин гуфтаҳо зарур аст, ки бори дигар чунин таъкидоти муҳимму раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба хотири имрӯзу ояндаи дурахшони кишвар ва таъмини соҳибистиқлоливу якпорчагии он сармашқи кори ҳамарӯзаи худ қарор диҳем: «Дар назди давлати мо ва тамоми мақомоту сохторҳои он, ... хулоса ҳамаи онҳое, ки худро фарзандони бонангу номуси миллати қадимаи тоҷикон медонанд, обу хоки сарзамини аҷдодиро барои худ муқаддас мешуморанд ва барои ояндаи Ватан эҳсоси садоқат ва масъулият доранд, вазифаҳои бузург ва таърихӣ истодаанд.

Дарвоқеъ бояд гуфт, ки вазифаҳои дарпешистода аз корҳои то имрӯз анҷомдодаамон бузургтар ва душвортар мебошанд. Зеро ... мо дар марҳалае қарор дорем, ки авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақаҳои алоҳидаи сайёра метавонад ҳар лаҳза тағйир ёбад, равандҳои глобализатсия халқҳо ва миллатҳои гуногунро таҳти таъсир қарор диҳанд, яъне ҷомеаи башарӣ ва муҳите, ки инсоният дар он умр ба сар мебарад, ниҳоят осебпазир гаштааст.

Ба иловаи ин, таҳдидҳои наве, ки торафт миқёс ва хислати глобалӣ пайдо карда истодаанд, пеш аз ҳама терроризми байналхалқӣ, экстремизм бо шаклҳои мухталифи он, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ миллионҳо одамонро ба ташвишу тарс андохтаанд.

Дар чунин шароит вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат - аз шаҳрванди оддӣ то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ, аз интихобкунандаи қаторӣ то аъзову вакили Парламент таблиғи бедории миллӣ, зиракиву ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Ин вазифаи муқаддас ва қарзи фарзандии ҳар яки мо дар назди рӯҳи поки бузургони гузаштаамон ва наслҳои ояндаи миллати тоҷдорамон мебошад.

Танҳо бо иҷрои ин вазифаи муқаддас ва адои ин қарзи имонӣ, фақат бо меҳнати ҳалол, софдилона ва фидокорона мо метавонем давлати ҷавону соҳибистиқлоли худро обод созем, тараққӣ диҳем, пояҳои давлатдориамонро мустаҳкам намоем ва мақому обрӯи Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем».


Воњидова Ф.А. – муаллимаи кафедраи назарияи

иқтисодии МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ