​Мизи мудаввар: “Нақши асарҳои Пешвои миллат дар баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва хештаншиносӣ”

Дар факултети филологияи тоҷик дар мавзуи “Нақши асарҳои Пешвои миллат дар баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва хештаншиносӣ” мизи мудаввар доир гардид. Ташаббуси мазкур бо иштироки донишҷӯёни гуруҳи 102 сурат гирифт.

Омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Ҳоҷиева Мунира дар мавриди аҳамияти асарҳои Пешвои муаззами миллат ибрози назар намуда, ба донишҷӯён муҳтаво ва мундариҷаи силсилаи асарҳоро шарҳ дод.

Донишҷӯён ба гуруҳҳо тақсим шуда, асарҳои Роҳбари олии давлатро муаррифӣ намуданд.

Ҳадаф аз ташкили мизи мудаввар таҳкими ҳуввияти миллӣ ва хештаншиносии донишҷӯён унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ