Изҳорот: Ба суботи Тоҷикистон халал нарасонед

Даъвати Маҳмурод Одинаев, муовини Раиси Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон барои баргузор намудани гирдиҳамоӣ дар шаҳри Душанбе бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳанўзам гурўҳе аз мардум аз таъсири хоҷагони хориҷии хеш оромиву суботи кишварро намехоҳанд. Ҳоло ҳам мехоҳанд, ки даст ба душманӣ зада, мардумро ба майдонҳо кашанду нифоқу ҷудоӣ миёни онҳо андозанд. Таҷрибаи майдонкашиҳои солҳои навадум, ки боиси марги ҳазорон ва харобиҳои зиёде дар Тоҷикистони тозаистиқболи мо шуд, ба онҳо сабақ намешавад.

Ранҷу азияти мардум, ки аз ҳамин майдонкашиву майдонишинӣ дид, ҳаргиз аз хотирҳо фаромўш намешавад. Ба ин хотир, набояд мардум, хоса ҷавонон ба ин андешаҳои бофтаву сохта ва ҳадафмандонаву муғризонаи Маҳмурод Одинаев фирефта шаванд. Ҷавонон, ки сахтиву мушкилоти солҳои навадумро надидаанд, бояд ба ин ҳангоматалабиҳо дода нашаванд. Албатта, ҷомеа бемушкилот намешавад ва ҳамагон шоҳидем, дар бузургтарин кишварҳои олам чи муаммову мушкилот ҷой дорад. Роҳи ҳалли онро тавассути андешаву тадбир ва пешниҳоди дилсўзонаву ватандўстона бояд ёфт, на ин ки ба мардумро ба майдон кашидаву кудурату душманӣ эҷод намуд.

Мардуми кишвар боварии комил дорам, ки барномаву дурнамоҳое, ки имрўз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раҳнамоии Пешвои миллат роҳандозӣ ва татбиқ менамоянд, пеш аз ҳама барои рафъи ҳамин мушкилоти ҷомеа пешбинӣ шудаанд ва мо боварии комил дорем, ки марҳила ба марҳила маҷмўи мушкилоти ҷомеа ҳаллу фасли хешро меёбанд, онгуна ки чунин муаммоҳо ҳамасола аллакай рафъ гардида истодаанд.

Сипеҳри Рустамзод

Устоди Донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ