​Фарди соҳибдил ва педагоги асил

Аз ӯ ҳамчун як инсони ростин, фарди бедордил, педагоги асил, марди хирад ва роҳнамои асили шогирдон ёд мекунанд. Нурулло Дадобоев. Ин ном барои ҷомеаи меҳнатӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров азизу ошност.

Ҷомеаи башарӣ аз оғози мавҷудияташ ҳамчун ҷузъи комилҳуқуқитабиат аз неъматҳои ҳаётбахши он баҳравар гардида, дар пайвастагӣ бо муҳити атроф худро мешиносад. Ҳамин муҳаббат ва самимият нисбатба табиат буд, ки Нурулло Дадобоевро соли 1961 ба факултаи табиатшиносиву географияи Донишкадаи давлатиии омӯзгории ба номи С. М.Кирови шаҳри Ленинобод овард.

Номбурда пас аз итмомибомуваффақияти донишкада аз соли 1966 дар кафедраи анатомия ва физиологияи ҳамин донишкада ба фаъолияти меҳнатӣ шурӯъ намудааст. Соли 1968 дониши амиқу доираи фарохи назар, майлу рағбати беандозаи Нурулло Дадобоевро ба касби омӯзгорӣ ва тадқиқоти илмӣ ба ҳисоб гирифта, сарварони онвақтаи донишкада мавсуфро ба кафедраи Педагогикаи умумӣ гузарониданд.

Тӯли солҳои зиёд Нурулло Дадобоев чун муаллим, сармуаллим ва дотсенти ҳамин кафедра ба донишҷӯён аз фанҳои муқаддимаи ихтисоси омӯзгорӣ, назарияҳои педагогӣ ва системаҳои технологӣ, таърихи маорифва афкорипедагогӣ, асосҳои маҳорати педагогӣ таълим додааст.

Қаҳрамони матлаби мо соли 1977 ва 1983 дар донишгоҳи такмили ихтисоси устодони кафедраи педагогика ва психологияи Академияи илмҳои педагогии шаҳри Москва таҳсил кардааст. Соли 1991 дар кафедраи педагогика ва психологияиДонишгоҳи омӯзгории шаҳриРовна (Украина) ҳамчун коромӯз кор карда, ихтисоси худро такмил додааст. Баробари фаъолияти омӯзгорӣ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣва методӣ шуғл варзида,доир мавзуъҳои«Инкишофи ҷисмонӣ ва қобилияти кории мактаббачагон»,«Ташаккули ҷаҳонбинии илмии мактаббачагон», «Тарбияи экологии хонандагон», «Афкорӣ педагогӣ ва анъанаҳои халқҳои Осиёи Марказӣ ва мақоми онҳо дар ташаккулиҷавонони муосир» таҳқиқот бурдааст. Муаллифи беш аз 100 мақолаҳоиилмӣ, 4 дастури таълимӣ - барои донишҷӯёни соли якуми таҳсил: «Муқаддимаи ихтисоси омӯзгорӣ», барои донишҷӯёни курси дуюм«Назарияҳои педагогӣ ва системаҳои технологӣ», барои донишҷӯёни курси сеюм китоби «Таърихи маориф ва афкорипедагогӣ» мебошад.

Нурулло Дадобоев иштирокчии даҳҳо симпозиумҳо ва конфронсҳои илмии байналхалқӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошад. Соли 1974 дар шаҳри Петрозаводски Руссия, дар симпозиуми байналхалқӣ оид ба муаммои «Инкишофиҷисмонии мактаббачагон», соли 1976 дар шаҳри Тошкент, соли 1977дар шаҳри Душанбе оид ба масъалаи «Инкишофи ҷисмонӣ ва қобилияти кории хонандагон», соли 1983 дар шаҳри Душанбе оид ба масъалаи ба коритарбиявӣ омода намудани донишҷӯён», соли 1990дар шаҳри Ровно оидба масъалаи тарбияи хонандагон дар руҳияи сулҳпарварӣ, соли 1996 дар шаҳри Хуҷанд «ПедагогикаихалқҳоиОсиёи Марказӣва Душанбе», «Муаммоҳои тарбияи ҷавонон» ва «Масъалаҳои тарбия дар педагогика халқӣ», соли 1997 дар шаҳри Хуҷанд, дар конфронсиҷумҳуриявӣ бахшида ба 65-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик БҒафуров оид ба масъалаи «Табиатдӯстӣ аз назари Аҳмади Дониш» маърӯзаҳои ҷолибу судманд ироа кардааст.

Зери роҳбарии академик С.А.Демянчук ва профессор Т.Собиров ба тадқиқи масъалаҳои ташаккули ҷаҳонбинии илмии хонандагон машғул шуда, соли 1991 рисолаи «Мақоми фаъолияти берун аз мактабӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии илмии мактаббачагон»-ро таълиф намудааст.

Бино ба маълумоти наздиконаш, Нурулло Дадобоев аз шогирдониР.А.Носирова, М.Ализода, А Асроров, А Отаев, С.Н. Лучинский, А.П. Войченко, А. Азизов, С.И. Архипова будан ва аз мактаби бузурги ҳаётии онҳо бархӯрдор гаштан ифтихори баланд дошт.

Дигар аз шохаҳои фаъолияти устод Дадобоев фаъолияти мавсуф ҳамчун узви комиссиони Ҳукумати шаҳри Хуҷандоид ба корҳои ноболиғон буд, ки тамоми маҳорату малакаи худро барои ҳалли муаммоҳои бепарасторон, ноболиғон ва кӯмак ба онҳо равона кардааст.

Нурулло Дадобоевбарои меҳнати ҳалол ва хизматҳои шоёнаш дар наздихалқумиллат ва ҷомеа сазовори унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1983), Ифтихорномаи кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи коркунони маориф ва илм (2001) ва даҳҳо унвону ҷоизаҳои дигар гаштааст.

Мутаассифона, риштаи умри ин устоди барӯманди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки намоди наҷиби марди фозилу доно, некбину нексиришт, донишманди мумтоз буд, дар синни ҳафтоду ҳафтсолагиаш канда шуд.

Аммо чи тавре ки мегӯянд:

Мард намирад ба марг, марг аз ӯ номҷӯст,

Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост?

Имрӯз номи устодро фарзандони фарзонаву фарҳехтаашон, аз ҷумла мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дотсент Дадобоева Нодирахон зинда дошта, кору аъмоли наҷибу неки устод Нурулло Дадобоевро идома медиҳанд.

Руҳи устод шод ва манзили охираташон обод бод!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ