​Иди Меҳргон - ҷашни бузурги хусравон

Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабииДонишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба ҷашни Меҳргон чорабинии идона баргузор гашт.

Дар ибтидо маҳсулоти кишоварзӣ, меҳнати деҳқоқон ва дастранҷи ҳунармандон мавриди таваҷҷуҳи устодону донишҷӯён қарор гирифт.

Декани факултет дотсент Муқаддас Шарифиён чорабиниро ифтитоҳ бахшида, доир ба шукуҳ ва шаҳомати ин ҷашни миллӣ ибрози назар намуд. Баъдан, муовини ректор оид ба корҳои тарбия дотсент Маҳмудзода Бахтиёр зикр дошт, ки иқдоми фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯзҳо ҷашни Меҳргон дар баробари дигар ҷашнҳои миллӣ мақоми баланд ва ҷойгоҳи арзандаро ба худ ихтисос дода, асолати пешинаашро барқарор намудааст ва ҳамчун ҷашни инсонмеҳвар ва ҳуввиятсоз ва мавсими ҳосилғундорӣ дар саросари кишварамон бо шодиву сурур ва фараҳмандӣ таҷлил мешавад.

Сипас донишҷӯён ва кӯдакони Кӯдакистони №23-и шаҳри Хуҷандбо қироати шеъру гуфторҳо, рақси кӯдакона, саҳнаи тарбиявӣ ва сароидани суруди умумӣ ба чорабинӣ шукӯҳи тоза зам намуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ таъкид рафт, ки Иди Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмату кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ