​Марди хирад

Ба ифтихори 80 солагии номзади илмҳои фалсафа, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шодравон Ҳайдархӯҷа Турсунов


Раҳрав он нест гоҳе тунд, гоҳе хаста равад,

Роҳрав он аст, ки оҳиставу пайваста равад.

Пайроҳаи зиндагии Ҳайдархӯҷа Турсуновро ба таври мухтасар метавон бо байти мазкур ташреҳ намуд. Зиндагие, ки на танҳо намунаи ибрат, балки намоди пайравӣ барои ҷавонон низ ҳаст.

Дӯстону шогирдон ва пайвандону наздикон аз ӯ ҳамчун инсони хушсифат, марди некрой, устоди асилу серталаб ва роҳнамои хирадмандном мегиранд.

Мавсуф хатмкардаи мактаби Энгелс ва факултети педагогика ва методикаи таълими ибтидоии Донишкадаи давлатии педагогикаи ба номи С.М. Киров (имрӯза Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) мебошад.

Фаъолияти меҳнатии номбурда соли 1965 дар ҳамин боргоҳи илму маърифат оғоз шудааст. Ӯ зинаҳои гуногуни фаъолиятро тай намуда: шуруъ аз мудири кабинету ассистент то дотсент...

Нуфузу эътибори Ҳайдархӯҷа Турсунов байни ҳамкорону шогирдон баланд буда, ӯро ҳамчун устоди нексиришту донишманд эҳтиром доранд.

Дарин маврид Носирҷон Салимов, ректори вақтии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” чунин нигошта буданд:

  • Номи номзади илмҳои фалсафа, дотсент Ҳайдархӯҷа Турсунов солиёни зиёдест, ки дар байни аҳли устодон ва шогирдони донишгоҳ маълум мебошад ва шоистаи таҳсину эҳтироми ҳамагон гардидааст. Ин марди нексиришту хирадманд беш аз 43 сол чун устоди илми фалсафаю сиёсатшиносӣ бо фаъолияти илмию омӯзгорӣ машғул буда, шогирдони зиёдеро тарбия намуда ба камол расонидааст.

Номбурда соли 1972 дар Донишгоҳи Маскав ба номи В.И.Ленин бо сарварии Владимир Спиридонович Готт рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Инкишофи маданияти халқи тоҷик дар шароити сотсиализм” ҳимоя намудааст.

Ҳайдархӯҷа Турсунов дар рисолаи номзадӣ тақвияти ҷиддии масъалаҳои таҳқиқ, рӯйдодҳои раванди иҷтимоию сиёсӣ ва дигар масъалаҳоро бо возеҳияти ба худашон хос дар ҷодаи илм кашф намудаанд.

Ба қалами ин марди хирад беш аз 30 адад мақолаҳои илмӣ мутаалиқ аст. Ин ҷо метавон аз унвони чанд мақолаҳои арзишманди устод Турсунов хотиррасон шуд: “Баъзе масъалаҳои инкишофи маданияти халқҳои Осиёси Миёна”, “Масъалаҳои шахсият дар фалсафаи советию сотсиалистӣ”, “Оиди ҳамҷиҳатии маданияти миллӣ ва интернатсионалӣ”, “Инкишофи унсурҳои миллӣ дар маданияти сотсиалистӣ”ва ғайра.

Нексириштӣ, фаросатмандӣ, ҷасорату азму ғайратро ба устод Ҳайдархӯҷа Турсунов хос медонанд. Ба андешаи дӯстону пайвандон дар рушди шахсияти Турсунов саҳми инсонҳои бузург, бузургони илму адабу таърих, ба монанди Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимӣ, Зариф Раҷабов, Солеҳ Раҷабов ва дигарон муассир аст.

Инсондӯстию ғамхорӣ зоҳир намудан ба атрофиён ва умуман ба инсон аз хисоли умдаи ин марди фарҳехта буд. Ба иборае: “Тани ӯ шариф аст ба ҷони одамият”.

Мегӯянд, беҳтарин инсонҳо аз аъмолашон маълум аст, вагарна суханони нек рӯйи деворҳо низ навишта мешаванд. Дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти Ҳайдархӯҷа Турсунов низ бо ҳамин андеша иктифо мекунем. Зеро хидматҳои арзанда ва саҳми шоистаи устоди нексиришту нерой Ҳайдархӯҷа Турсуновро аъмолашон далел аст.

Имрӯз ному ёди устод Ҳайдархӯҷа Турсуновро аъмооли наҷибашон зинда медорад, зеро:

Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ