​Зиндагӣ бехушунат зебост!

Ҳамасола дар тамоми ҷаҳон аз 25-уми ноябр то 10-уми декабр маъракаи иттилоотии «16 рӯз алайҳи хушунат нисбат ба занон» сурат мегирад, ки он дар иртибот ба «Конвенсия оиди бартараф намудани ҳама гуна маҳдудкуниҳои ҳуқуқи занон» қабул гардидааст. Дар робита ба ин бо ташаббуси Шӯрои занони факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ бо иштироки намояндагони Ассоссиатсияи зиёиёни илмии техникӣ ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар хобгоҳҳои донишҷӯдухтарон семенар тренинг дар мавзуи “Зӯровар кист? Ва Ҷабрдида кист?” баргузор намуд. Зимни мулоқот дар бораи маъракаи иттилоотии “16 Рӯз алайҳи хушунат” ва пешгирии хушунат дар оила ба донишҷӯён маълумот дода шуд.

Дар интиҳои семинар донишҷӯдухтарон ба саволҳои худ аз равоншиносон ва устодони кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ