​Занон дар меҳвари Паёми Пешвои миллат

Дар мавзуи “Занон дар меҳвари Паёми Пешвои миллат” ин навбат дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус мулоқот доир гардид.

Дар мулоқоти мазкур роҳбари маҳфили “Фарҳанги оиладорӣ” Раҷабова Зулфия ва мудири бахши занон ва духтарони донишгоҳ Султонова Гулбаҳор иштирок намуданд.

Дар доираи маърӯзаҳо зикр гардид, ки Пешвои муаззами миллат ин навбат низ зимни ироаи Паём ба масъалаи марбут ба занон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Сарвари давлат қайд кардаанд, ки “Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем”.

Гуфта шуд, ки ҳамин эътимод ва боварӣ аст, ки имрӯзҳо бонувони тоҷик мавқеи худро дар ҷомеа соҳиб мебошанд ва дар баробари мардон дар сохторҳои қудратӣ ва дигар самтҳои фаъолияти давлатӣ хизмат карда, дар рушду пешрафти кишвар нақши калидӣ мебозанд.

“Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд. Бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоркунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад. Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст” – таъкид рафт дар доираи мулоқот.

Ҳадаф аз ин ташаббус шарҳи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ