​Зан ва ҷомеа

Дар факултети телекоммуникатсия ва технологияои иттилоотӣ бо ташаббуси Шӯрои бонувони факултет нишасти навбатии маҳфили умумидонишгоҳии “Зан ва ҷомеа” доир гардид. Ин навбат маҳфили мазкур ба мавзӯи “Нақши зан дар тарбияи фарзанд” бахшида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар кори маҳфил масъулини бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ ва факултет иштирок намуда, перомуни мавзӯи мавриди матраҳ ибрози назар намуданд.

Таъкид гардид, ки дар назди занону бонувон масъулияти баланд – таълиму тарбияи фарзанд қарор гирифта, анҷоми муваффақонаи ин рисолат аз занони тоҷик маърифати баландро тақозо мекунад.

Дар қисмати фарҳангии маҳфил аз ҷониби донишҷӯён дар васфи Зан-модар шеъру гуфтор қироат шуда, саҳнаҳои тарбиявӣ манзур гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ